Дар ҷаҳони муосир коррупсия, ҷинояткорӣ ва савдои одамон аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноке мебошанд, ки ба амнияти миллӣ ва байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон таҳдид мекунанд. Ин падидаҳои номатлуб на танҳо ба фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ халал мерасонанд, балки эътимоди шаҳрвандонро ба низоми ҳуқуқӣ коҳиш дода, барои густариши ҷинояткории муташаккил ва дигар кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ замина фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия, ҷинояткорӣ ва савдои одамон яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Коррупсия ҳамчун сӯиистифода аз мақоми хизматӣ ва ваколатҳои мансабӣ ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ яке аз омилҳои асосии заиф гардидани низоми идоракунии давлатӣ ва паст шудани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Порахӯрӣ, истифодаи ғайриқонунии ваколатҳо ва дигар шаклҳои рафтори коррупсионӣ метавонанд ба пинҳон мондани ҷиноятҳо, саркашӣ аз ҷавобгарӣ ва халалдор гардидани раванди адолати судӣ мусоидат намоянд. Дар чунин шароит гурӯҳҳои ҷиноятпеша имконият пайдо мекунанд, ки аз нуқсонҳои идоракунӣ ва заъфи назорати ҳуқуқӣ истифода бурда, фаъолияти ғайриқонунии худро густариш диҳанд. Дар натиҷа, на танҳо манфиатҳои давлат ва ҷомеа зарар мебинанд, балки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон низ поймол мегарданд.

Ҷинояткорӣ, бахусус ҷинояткории муташаккил ва фаромиллӣ, бо коррупсия робитаи зич дошта, дар бисёр ҳолатҳо тавассути шабакаҳои ғайриқонунӣ ва муносибатҳои фасодзада рушд мекунад. Қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, қаллобӣ, шустушӯи маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва дигар кирдорҳои зиддиқонунӣ метавонанд ба манбаи даромади гурӯҳҳои ҷиноятпеша табдил ёбанд. Агар чунин гурӯҳҳо имкони таъсиррасонӣ ба фаъолияти шахсони мансабдор ё саркашӣ аз назорати қонуниро пайдо намоянд, мубориза бо онҳо боз ҳам мушкилтар мегардад. Аз ин рӯ, пешгирии ҷинояткорӣ танҳо бо андешидани чораҳои ҷазодиҳӣ маҳдуд намешавад, балки такмили низоми идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таъмини шаффофият ва тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаро низ тақозо менамояд.

Дар байни шаклҳои ҷинояткории муташаккил савдои одамон мавқеи махсус дорад, зеро ин зуҳурот бевосита ба шаъну шараф, озодӣ, амният ва ҳуқуқҳои бунёдии инсон таҳдид мекунад. Савдои одамонро яке аз шаклҳои вазнини истисмори инсон ва зуҳуроти қулдории муосир арзёбӣ менамоянд. Ҷинояткорон бо истифода аз вазъи душвори иҷтимоию иқтисодии одамон, бекорӣ, камбизоатӣ, нокифоя будани маълумоти ҳуқуқӣ ва эътимоди аз ҳад зиёд ба ваъдаҳои дигарон метавонанд шахсонро ба доми фиреб кашанд. Ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, пинҳон кардан ё гирифтани одам бо истифодаи зӯроварӣ, таҳдид, фиреб, маҷбуркунӣ ва сӯиистифода аз ҳолати осебпазирии ӯ метавонад ба мақсади истисмори меҳнатӣ, шаҳвонӣ ё дигар шаклҳои истисмор анҷом дода шавад.

Қурбониёни савдои одамон аксар вақт ба вазъияти вазнини равонӣ ва иҷтимоӣ гирифтор шуда, аз имконияти озодона қарор қабул кардан ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ маҳрум мегарданд. Занон, кӯдакон, муҳоҷирон ва шахсони дар ҳолати осебпазири иҷтимоӣ қарордошта метавонанд бештар ба чунин хатар дучор шаванд. Бо вуҷуди ин, қурбонии савдои одамон метавонад ҳар шахс бошад. Аз ин рӯ, пешгирии ин ҷиноят огоҳонии тамоми қишрҳои ҷомеа, дастрасӣ ба маълумоти боэътимод дар бораи имкониятҳои таҳсилу кор, санҷиши пешниҳоди ҷойҳои корӣ ва эҳтиёткорӣ ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳои шахсиро талаб мекунад.

Бояд таъкид намуд, ки одамрабоӣ ва савдои одамон мафҳумҳои ба ҳам алоқаманд, вале аз ҷиҳати ҳуқуқӣ яксон нестанд. Одамрабоӣ бо ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс ё ба таври маҷбурӣ бурдани ӯ алоқаманд буда, савдои одамон, вобаста ба ҳолатҳои мушаххас, маҷмӯи амалҳоеро дар бар мегирад, ки бо мақсади истисмори инсон анҷом дода мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо ин ҷиноятҳо метавонанд бо ҳам алоқаманд бошанд, аммо ҳар кадоми онҳо хусусият ва таркиби ҳуқуқии худро дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми пешгирӣ, ошкорсозӣ ва тафтиши чунин кирдорҳо риояи дақиқи меъёрҳои қонунгузорӣ ва дуруст муайян намудани ҳолатҳои воқеии ҷиноят аҳаммияти муҳим дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба савдои одамон яке аз самтҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини амнияти шаҳрвандон мебошад. Қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон барои пешгирии ин ҷиноят, ошкор намудани ҳолатҳои он, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор ва расонидани кумак ба қурбониён заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Дар ин самт фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон аҳаммияти махсус дорад. Муқовимати муассир танҳо дар сурати ҳамоҳангии фаъолияти ҳамаи ин субъектҳо, тақсимоти дурусти масъулият ва иҷрои пайгиронаи талаботи қонун натиҷаи назаррас дода метавонад.

Нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон муҳим мебошад. Таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ, тасдиқи нақшаҳои миллӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирии қурбониён аз ҷумлаи чораҳое мебошанд, ки ба таҳкими низоми муқовимат ба ин зуҳурот равона шудаанд. Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи касбият ва ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, такмили усулҳои ошкорсозӣ ва тафтиши ҷиноятҳо, муайян намудани сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда ва таъмини ногузирии ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои гунаҳкорон аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.

Дар баробари чораҳои ҳуқуқӣ, пешгирии савдои одамон бояд хусусияти иҷтимоӣ ва маърифатӣ дошта бошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷойҳои корӣ ва байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ метавонад имконияти ба доми фиреб афтодани одамонро коҳиш диҳад. Шаҳрвандон бояд аз роҳҳои қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ, шартҳои бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқҳои худ дар кишвари қабулкунанда ва роҳҳои муроҷиат ба мақомоти дахлдор огоҳ бошанд. Ҳамчунин, дастрасии қурбониёни эҳтимолӣ ба ёрии ҳуқуқӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ бояд таъмин карда шавад, зеро ҳимояи инсон танҳо бо озод намудани ӯ аз вазъияти истисмор маҳдуд намегардад, балки барқарорсозии ҳуқуқҳо ва фароҳам овардани шароити бозгашт ба ҳаёти муқаррариро низ дар бар мегирад.

Дар ин замина, ҳамкории байналмилалӣ омили муҳими муқовимат ба ҷинояткории фаромиллӣ ба ҳисоб меравад. Азбаски шабакаҳои савдои одамон метавонанд дар қаламрави якчанд давлат фаъолият кунанд, мубодилаи иттилоот, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, муайян намудани шахсияти қурбониён ва ташкили бозгашти бехатару ихтиёрии онҳо аҳаммияти калон дорад. Ҳамкории муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ бо мақомоти дахлдори кишварҳои хориҷӣ низ барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳим мебошад.

Дар робита ба ин, давраҳои омӯзишии соҳавӣ барои баланд бардоштани омодагии касбии кормандони масъул ва такмили механизмҳои вокуниш ба ҳолатҳои савдои одамон нақши муҳим мебозанд. Аз ҷумла, 2–3 декабри соли 2025 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (UNODC) барои кормандони Вазорат, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, давраи омӯзишии дурӯза дар мавзуи «Пурзӯр намудани механизми вокуниш ба савдои одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ» баргузор намуд. Ҳадафи чунин чорабинӣ мусоидат ба самаранокии фаъолияти муқовимат ба савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва шиносоӣ бо нақш ва тартиби фаъолияти механизми бозравонии қурбониён мебошад. Гузаронидани чунин омӯзишҳо барои беҳтар намудани ҳамкории байниидоравӣ, тақвияти малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани омодагии кормандон ба вокуниш ба ҳолатҳои эҳтимолии савдои одамон замина фароҳам меорад.

Мубориза бо коррупсия, ҷинояткорӣ ва савдои одамон дар баробари такмили қонунгузорӣ ва тақвияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, мустақилияти судҳо, шаффофияти идоракунии давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақозо менамояд. Муайян намудани роҳҳои муосири пешгирии коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, такмили мунтазами қонунгузории зиддикоррупсионӣ, муайян кардани самтҳои афзалиятноки муқовимат, таҳияи чорабиниҳои мушаххас ва назорати иҷрои онҳо бояд ҳамчун

 

Бунафша АХМЕДОВА,

омӯзгори ДДМИТ