КОРРУПСИЯ ВА МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ
Коррупсия боиси коста гардидани боварии инсонҳо ба адолат ва худтакмилдиҳӣ мегардад, орзуву ниятҳои созандаи насли ҷавонро заиф месозад ва рӯҳияи масъулиятшиносии шаҳрвандонро коҳиш медиҳад.
Ҳамзамон, коррупсия ҳамчун амали иҷтимоӣ бо соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ иқтисодиёт, сиёсат, ҳуқуқ, қонунмандӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, низоми ҳокимият ва идора, ниҳодҳои демократӣ, фарҳанги ҳуқуқиву ахлоқӣ ва ҳатто бо суннатҳои миллии ҷомеа робитаи зич ва печида дорад.
Мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудаанд, ки самараи он дар таҳкими қонунгузорӣ ва ташкили ниҳодҳои дахлдор мушоҳида мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсияро дар меҳвари сиёсати худ қарор дод. Аз ин лиҳоз, соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» мавриди амал қарор гирифт, ки он заминаи аввалини ҳуқуқи зиддикоррупсиониро ба вуҷуд овард. Айни ҳол қонунгузории зиддикоррупсионӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, такмили меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти зиддикоррупсионӣ идома ёфта истодаанд.
Тоҷикистон бо ин ҳадаф як қатор санадҳои байналмилалӣ, қонунҳо, стратегияҳо ва лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирии коррупсия ҳамчун як амали иҷтимоӣ таҳия намуда, барои давраҳои нисбатан дарозмуддат қабул намудааст.
Яке аз ин санадҳои муҳимми байналмилалӣ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аз 31 октябри соли 2003 оид ба муқовимат бо коррупсия ба шумор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2008 онро маъқул шуморида, ба он ҳамроҳ гаштааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар оид ба масъалаи пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ се маротиба қонун дар ин самт қабул шуд, ки ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия аз 25 июли соли 2005 ва баъдан Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 таҳти №1714 мебошанд, ки ин иқдомҳо барои ташаккули минбаъдаи чораҳои пешгирии муқовимат бо коррупсия дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ ба бор оварданд.
Тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 7 августи соли 2020 дар ҷумҳурӣ як қатор чораҳои пешгирии кирдорҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар гардидаанд, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти нанговар ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Бо назардошти хусусиятҳои кирдорҳои коррупсионӣ ва мушкилоти муқовимат ба ин зуҳуроти нанговар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 таҳти №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Бо мақсади пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияро қабул кардааст, ки дар онҳо чораҳои зарурии хусусияти ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангидошта роҷеъ ба муқовимат бо коррупсия пешбинӣ гардидаанд. Айни ҳол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, таҳти №222 бори сеюм Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуда, дар амал татбиқ шуда истодааст.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо, барои таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва муборизаи муассир бо амалҳои коррупсионӣ дар кишвар заминаи устувор фароҳам меорад.
Қобили қайд аст, ки ҷараёни решакан кардани коррупсия ва сабабу омилҳои ба он алоқаманд, пеш аз ҳама, ба ташаккули давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, ташкили ҷомеаи пурқуввати шаҳрвандӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои шаҳрвандон ва фаъолияти озоди иқтисодию соҳибкорӣ, инчунин, масъулиятнокӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста аст. Аз ин лиҳоз, бояд ишора кард, ки аз рӯи таҳлилҳои сотсиологӣ метавон якчанд чораҳои нисбатан самараноки иқтисодӣ ва иҷтимоию равонии мубориза бо коррупсияро дар шароити кунунии кишвар номбар кардан мумкин аст, ки то андозае ба коҳиш ёфтани хавфи коррупсия мусоидат менамоянд. Ба ин чораҳо дохил мешаванд: 1. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ; 2. Бедор кардани ҳисси нафрат оид ба коррупсия дар вуҷуди насли наврас; 3. Тарбия ва интихоби дурусти кадрҳои оянда ва омода будани онҳо дар муқовимат бо коррупсия; 4. Муҳайё сохтани ҷойҳои кории нав ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони қобили меҳнат; 5. Ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар мубориза бо коррупсия; 6. Тарбияи таҳаммулпазирӣ нисбат ба коррупсия; 7. Бештар кардани иттилоотрасонии воситаҳои ахбори омма оид ба хавфи коррупсия дар байни аҳолӣ.
Хулоса, мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти мустақими ҳар як шаҳрванд мебошад. Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо қабули қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ қадамҳои устувор ба самти решакан намудани ин амали номатлуб гузоштааст. Аммо муборизаи самаранок танҳо дар сурате муяссар мешавад, ки фарҳанги (маърифати) ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва зиддикоррупсионии ҷомеа баланд бардошта шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд аз оқибатҳои харобиовари коррупсия огоҳ бошад ва ба риояи қонун, адолат ва поквиҷдонӣ ҳамчун арзиши миллӣ муносибат намояд.
Субҳоналӣ МИРЗОЕВ,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти ДДМИТ
Наҷибуллои САЙВАЛӢ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng