Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши босуръати фазои иттилоотӣ масъалаи шинохти неку бад ва муқовимат ба иғвоангезӣ на танҳо масъалаи ахлоқӣ, балки масъалаи амнияти иҷтимоӣ ва устувории миллӣ низ эътироф мешавад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҷомеаҳое, ки сатҳи шуури ҷамъиятӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо баланд аст, ба осонӣ зери таъсири фитнаву таблиғоти ғаразнок қарор намегиранд. Дар чунин муҳит арзишҳои маънавӣ, худшиносии миллӣ ва фарҳанги сиёсӣ ҳамчун сипари устувор хизмат мекунанд.

Бояд қайд кард, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ дар баробари имкониятҳои нав хатарҳои ҷиддиро низ ба миён овардааст. Паҳншавии иттилооти носаҳеҳ, таҳриф ва иғво метавонад заминаи беэътимодӣ ва ихтилофро фароҳам созад. Аз ин рӯ, саводи иттилоотӣ ва тафаккури интиқодӣ ба унвони омили муҳимми пешгирӣ аз таъсири манфии чунин равандҳо баромад мекунад. Шахсе, ки дорои фарҳанги таҳлилӣ аст, ҳар иттилоотро бидуни санҷиш қабул намекунад ва ба эҳсосот таслим намешавад.

Масъалаи хиёнат дар ин замина, ҳамчун амали иҷтимоӣ ва ахлоқӣ баррасӣ мегардад. Хиёнат ин вайрон сохтани эътимод, поймол намудани манфиати умум ва беэҳтиромӣ ба арзишҳои муштарак мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки хиёнат на танҳо ба шахс, балки ба ҷомеа ва миллат низ зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ҳамин ҷост, ки бузургон ҳамеша аз паёмадҳои сангини он ҳушдор додаанд. Масалан, доир ба ин кирдор Маҳатма Ганди гуфтааст: «Хиёнат наметавонад асоси озодӣ бошад, зеро озодӣ танҳо бар пояи ростӣ устувор мемонад». Ин андеша бар он ишора мекунад, ки ҳар гуна амалҳои пинҳонӣ ва ғаразнок дар ниҳоят ба суқути ахлоқӣ меоваранд. Ҳамчунин, Вилям Шекспир таъкид намудааст: «Хиёнат аз душман интизор аст, аммо аз дӯст он фоҷиа аст». Ин сухан моҳияти равонӣ ва иҷтимоии хиёнатро равшан месозад ва он бештар дар муҳити эътимод осеби ҷиддӣ мерасонад. Конфутсий файласуфи бузурги чинӣ мефармояд: «Шахсе, ки ба худ содиқ нест, ба дигарон низ содиқ нахоҳад буд». Дар ин гуфта робитаи мустақими худогоҳӣ ва садоқат бо устувории ҷомеа инъикос ёфтааст.

Бо такя ба чунин андешаҳо метавон гуфт, ки муқовимат ба хиёнат ва иғво, пеш аз ҳама, аз даруни инсон оғоз меёбад аз садоқат ба арзишҳо, аз масъулияти шаҳрвандӣ ва аз шуури бедор. Ҷомеае, ки неку бадро бо меъёрҳои ахлоқӣ ва мантиқӣ арзёбӣ мекунад, ба осонӣ ба гирдоби фитна гирифтор намешавад.

Ҳамин тавр, таҳкими хиради ҷамъиятӣ, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсӣ ва саводи иттилоотӣ шарти асосии ҳифзи субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Зеро танҳо ҷомеаи дорои шуури баланд метавонад хиёнатро рад намуда, роҳи рушди устувор ва амнияти маънавиро интихоб кунад. Дар ин замина, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ аҳамияти хос дорад. Ватандӯстӣ на танҳо муҳаббат ба сарзамин, балки омодагӣ ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва Истиқлоли давлатиро ифода менамояд.

Ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, масъулияти иҷтимоӣ ва ахлоқиро тақозо мекунад. Садоқат ба Ватан ва худдорӣ аз ҳар гуна амале, ки метавонад ба субот ва амнияти давлат халал расонад, пояи устувории ҷомеа ба ҳисоб меравад. Хиёнат накардан ба Ватан, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти устувори кишварро фароҳам месозад. Танҳо дар шароити ҳамбастагӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавон манфиатҳои миллиро ҳифз намуда, ояндаи боэътимоди ҷомеаро таъмин кард.

Ҳакимзода Матлабшоҳ Абдумалик,

муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ