МАТЕМАТИКА МАКТАБИ ТАФАККУРИ МАНТИҚИСТ
Дониш бе заҳмат самар намедиҳад. Донишҷӯи курси сеюми факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Тӯраев Ҷамолиддин бо дастовардҳояш дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ собит месозад, ки роҳи муваффақият аз омӯзиши пайваста ва талоши ҳадафмандона мегузарад.
Математика на танҳо илми ҳисобу формулаҳо, балки мактаби андешаи мантиқӣ, таҳлил ва дарёфти роҳи дурусти ҳалли масъалаҳост. Маҳз ҳамин хусусияти он ба ташаккули тафаккури мустақил ва омода намудани мутахассисони варзида мусоидат мекунад. Тӯраев Ҷамолиддин, донишҷӯи курси сеюми факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ, бо соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишон медиҳад, ки истеъдод танҳо дар пайванди дониш, меҳнат ва ирода ба натиҷаҳои назаррас мерасад. Ӯ дар суҳбат бо сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ Муҳаммадалӣ Очилдиев аз шавқу рағбат ба математика, дастовардҳо ва нақшаҳои минбаъдаи худ нақл кард.
- Ҷамолиддин, нахуст мехостем донем, ки чӣ шуморо ба омӯзиши математика ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд кард?
- Аз хурдӣ ба фанҳои дақиқ, махсусан математика, шавқу рағбат доштам. Математика барои ман танҳо маҷмуи формулаҳо ва ҳисобу китоб нест, балки воситаи рушди тафаккур, пайдо кардани роҳҳои ҳалли масъалаҳо ва дуруст андешидан мебошад. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои математикӣ инсон таҳлил кардан, муқоиса намудан ва аз байни роҳҳои гуногун интихоби дурустро меомӯзад. Маҳз ҳамин шавқу рағбат маро водор сохт, ки дониши худро пайваста такмил диҳам ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намоям. Чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки сатҳи дониш ва қобилиятҳои худро санҷида, таҷрибаи нав андӯзам.
- Чанд сол боз дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунед. Кадоме аз дастовардҳои то имрӯз бадастовардаатонро муҳимтар меҳисобед?
- Яке аз дастовардҳои муҳими ман соҳиб шудан ба ҷойи сеюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявии «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» мебошад, ки 8 майи соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин олимпиада аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм шудам. Ин натиҷа барои ман ҳам мояи ифтихор ва ҳам ангезаи нав барои омӯзиши бештар гардид. Зеро ҳар як дастовард на танҳо натиҷаи заҳмати пешина, балки масъулияти бештар барои қадамҳои минбаъда низ ҳаст. Иштирок дар чунин озмунҳо таҷрибаи арзишманд буда, барои такмили дониш ва муайян намудани ҳадафҳои нав мусоидат мекунад.
- Ҳамчунин, огоҳӣ дорем, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” низ иштирок карда, дар даври дуюм ҷойи аввалро соҳиб шудед. Ин муваффақиятро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Соҳиб шудан ба ҷойи аввал дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” яке аз натиҷаҳои назарраси фаъолияти омӯзишии ман мебошад. Ин озмун барои ҷавонон имконияти хубест, ки дониш ва маҳорати худро нишон дода, ба омӯзиши амиқтари илм рӯ оваранд.
Ба назари ман, чунин озмунҳо дар баланд бардоштани завқи донишомӯзӣ, тақвияти қобилияти мустақилона андешидан ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон саҳми муҳим мегузоранд. Ин дастовард маро водор месозад, ки ба натиҷаҳои бадастомада қонеъ нашуда, барои расидан ба ҳадафҳои баландтар боз ҳам бештар талош варзам.
- Бешакк, омодагӣ ба олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ заҳмати зиёд талаб мекунанд. Барои такмили дониш ва маҳорати худ чӣ гуна кор мебаред?
- Пеш аз ҳама, кӯшиш мекунам, ки донишҳои назариявии худро мустаҳкам намуда, масъалаҳои гуногуни математикиро мустақилона ҳал кунам. Ба андешаи ман, танҳо азёд кардани формулаҳо барои муваффақ шудан кофӣ нест. Муҳим он аст, ки моҳияти ҳар як қоида ва тарзи истифодаи онро дарк намоем.
Ман дар маҳфили математика фаъолона иштирок мекунам. Ин маҳфил барои такмили дониш, мубодилаи андешаҳо, баррасии масъалаҳои мураккаб ва омодагӣ ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳангоми машғулиятҳо мекӯшем, ки масъалаҳоро аз роҳҳои гуногун ҳал карда, усулҳои самаранокро пайдо намоем. Бовар дорам, ки муваффақият дар илм бе машқу тамрини пайваста ва омӯзиши мустақилона ба даст намеояд.
- Шумо, ки дар факултети ҳисобдорӣ ва омор таҳсил мекунед, ба назаратон математика дар омода намудани мутахассисони соҳаи иқтисод чӣ аҳамият дорад?
- Математика бо иқтисод, ҳисобдорӣ ва омор робитаи ногусастанӣ дорад. Мутахассисони ин соҳаҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо ҳисобу таҳлил, коркарди маълумот, муайян намудани нишондиҳандаҳо ва арзёбии натиҷаҳои иқтисодӣ сарукор доранд. Дониши хуби математикӣ ба мутахассис имкон медиҳад, ки равандҳоро дақиқтар таҳлил намуда, хулосаҳои асоснок барорад ва қарорҳои дуруст қабул кунад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки донишҳои математикии худро на танҳо барои иштирок дар озмунҳо, балки барои фаъолияти касбии ояндаам низ самаранок истифода барам. Ба андешаи ман, мутахассиси муосири соҳаи иқтисод бояд ҳам донишҳои назариявии мустаҳкам дошта бошад ва ҳам аз уҳдаи таҳлили рақамҳо, арзёбии вазъият ва ҳалли масъалаҳои амалии иқтисодӣ баромада тавонад.
- Дар шароити рушди босуръати илму технология ҷавонон бояд чӣ кор кунанд, то дар оянда мутахассисони рақобатпазир гарданд?
- Ҷавонон бояд пеш аз ҳама донишманд, ташаббускор ва дорои тафаккури мустақил бошанд. Имрӯз танҳо бо дониши назариявӣ маҳдуд шудан кофӣ нест. Зарур аст, ки технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва донишҳои замонавиро низ аз худ намоем. Ҳамзамон, ҳар як донишҷӯ бояд вақти худро самаранок истифода бурда, барои худ ҳадафҳои мушаххас гузорад. Муваффақият якбора ба даст намеояд, балки натиҷаи заҳмати пайваста, интизом ва боварӣ ба қобилиятҳои худ мебошад.
Ман чунин фикр дорам, ки бояд донишҷӯ аз ҳар имконияти фароҳамомада барои омӯзиш истифода барад, ба таҷрибаи устодон такя кунад ва ҳамеша барои такмили донишҳои худ кӯшиш намояд. Зеро дар ҷаҳони имрӯза маҳз дониш, маҳорат ва қобилияти омӯзиши пайваста заминаи рақобатпазирии мутахассис мебошанд.
- Дар соли таҳсили равон чӣ ҳадафу нақшаҳо доред?
- Ҳадафи асосии ман ин аст, ки соли 2027 низ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» иштирок намуда, барои соҳиб шудан ба ҷойи аввал талош варзам. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд аз ҳоло омодагии ҷиддӣ дида, донишамро такмил диҳам ва таҷрибаи бештар андӯзам.
Мехоҳам бо натиҷаҳои хуб на танҳо қобилиятҳои шахсии худро нишон диҳам, балки барои дигар донишҷӯён низ намунаи ибрат бошам. Ҳамчунин, ният дорам, ки дар озмунҳои минбаъда фаъолона иштирок намуда, донишу маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳам. Бовар дорам, ки бо омӯзиши пайваста, истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда ва дастгирии устодон метавон ба ҳадафҳои баланд расид.
- Дар анҷоми суҳбат ба ҳамсолони худ чӣ гуфтание доред?
- Ба ҳамаи ҳамсолонам тавсия медиҳам, ки ба омӯзиш бо масъулият муносибат кунанд, вақти худро беҳуда нагузаронанд ва аз иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ҳарос надошта бошанд. Ҳатто агар дар озмуни аввал натиҷаи дилхоҳ ба даст наояд, набояд рӯҳафтода шуд. Ҳар як таҷриба метавонад барои қадамҳои минбаъда замина гузорад.
Муҳим он аст, ки инсон ба худ бовар дошта бошад, пайваста омӯзад ва барои расидан ба мақсадҳои худ аз талош даст накашад. Зеро дониш сармояест, ки на танҳо арзиши худро гум намекунад, балки бо истифодаи дуруст ва пайваста афзун мегардад.
- Ҷамолиддин, барои суҳбати самимӣ ташаккур! Дар роҳи омӯзиш, расидан ба ҳадафҳои минбаъда ва ҳимояи шарафи донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бароятон комёбиҳои нав орзумандем!
- Ташаккури зиёд, устоди гиромӣ! Умедворам, ки бо заҳмати пайваста ва истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда ба мақсадҳои худ мерасам ва дар оянда низ донишгоҳамонро дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сарбаландона намояндагӣ мекунам.
P/S:
Дастовардҳои Ҷамолиддин Тӯраев бори дигар собит месозанд, ки муваффақият маҳсули заҳмати пайваста, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба дониш аст. Ҷавоне, ки имрӯз бо шавқу рағбат қонунмандиҳои математикаро меомӯзад, фардо метавонад дар ҳалли масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ низ саҳми арзанда гузорад. Чунки математика танҳо илми рақамҳо нест, балки он мактаби андешаи дақиқ, мантиқи солим ва қабули қарорҳои дуруст аст. Ва ҳар дастоварди донишҷӯ дар арсаи илм бегуфтугӯ, на танҳо муваффақияти шахсии худи ӯ, балки мояи ифтихори донишгоҳ ва умед ба ояндаи миллат соҳибмаърифат ва рушдёфта мебошад.
Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng