Истиқлолияти давлатӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва бузургтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Он рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва иродаи мустақилонаи халқ буда, барои бунёди давлати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа заминаи устувор фароҳам овардааст. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон истиқлолият на танҳо дастоварди муҳими сиёсӣ, балки сарчашмаи ифтихори миллӣ, ваҳдат ва умед ба ояндаи дурахшони кишвар мебошад.

9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардидааст. Дар ин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳалаи нави таърихии рушду таҳаввул ворид шуд. Аз ҳамон давра мардуми тоҷик имконият пайдо карданд, ки бо такя ба иродаи худ роҳи рушди давлатро муайян намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзанда гузоранд.

Даврони истиқлолият дар ташаккул ва таҳкими низоми давлатдории миллӣ аҳаммияти бузург дорад. Дар ин марҳала заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатдории мустақили Тоҷикистон ташаккул ёфта, мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан таҳким пайдо кард.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ниҳодҳои давлатӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва муайян гардидани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Ин равандҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори кишвар замина гузоштанд.

Дар баробари ин, соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ бо давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои гуногунҷанбаро ба роҳ монад. Имрӯз Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, таъмини амният, рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист, саҳми худро мегузорад ва барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ талош менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ барои эҳё ва густариши арзишҳои миллӣ, омӯзиши амиқи таърихи ниёгон, эҳёи анъанаҳои мардумӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму адаб имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Ин равандҳо ба таҳкими ҳувияти миллӣ, боло бурдани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Дар шароити муосир муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим доранд. Донишгоҳҳо на танҳо марказҳои таълиму омӯзиш ва таҳқиқоти илмӣ, балки ниҳодҳои муҳими ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маънавӣ ва шаҳрвандии ҷомеа низ мебошанд.

Вазифаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз он иборат аст, ки дар баробари омода намудани мутахассисони соҳибкасб, ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Зеро ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи шаҳрвандии насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.

Дар ин раванд ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа масъулияти бузург бар дӯш доранд. Онҳо бояд бо омӯзиши пайваста, азхудкунии донишҳои муосир, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд. Зеро ҷавонони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯст метавонанд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушди минбаъдаи кишвар нақши муассир дошта бошанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо, пояи устувори давлатдорӣ ва сарчашмаи ифтихори миллӣ мебошад. Он барои эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти шаҳрвандӣ, рушди илму маориф ва муайян намудани роҳи мустақилонаи пешрафти кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаро тақозо менамояд. Махсусан, аҳли илму маориф ва ҷавонони донишҷӯ бояд бо дониш, маърифат, ташаббускорӣ ва меҳнати софдилона дар ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Зеро истиқлолият на танҳо дастоварди таърихии гузашта, балки масъулияти имрӯза ва кафолати ояндаи дурахшони наслҳои минбаъда мебошад. Танҳо тавассути ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди илму маориф ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст метавонем пояҳои давлатдории миллиро боз ҳам устувор гардонида, Тоҷикистони азизро ба сӯи пешрафту шукуфоӣ раҳнамун созем.

 

Шаҳноза МИРЗОЕВА,

оператор-ҳуҷҷатнигори факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ