Рӯзи байналмилалии занон яке аз рӯзҳои муҳими тақвимӣ мебошад, ки ҳар сол 8 март дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба эҳтиром ва қадршиносии нақши занон дар ҷомеа бахшида шуда, ҳамзамон рамзи мубориза барои ҳуқуқу баробарии онҳо ба ҳисоб меравад. Пайдоиши 8 март ба оғози асри XX рост меояд, ки он дар замони истиқлолият дар Тоҷикистон ба Рӯзи Модар табдил ёфт.

Модар - рамзи меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва неруи  зиндагист.  Дар ҷомеаи имрӯза модарон дар тамоми соҳаҳо фаъолона иштирок доранд: маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, иқтисод ва сиёсат. Онҳо ҳамчун омӯзгор, табиб, муҳандис, олим ва роҳбар дар ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта саҳми назаррас мегузоранд.

Бе иштироки фаъолонаи бонувон рушди устувори ҷомеа ғайриимкон аст. Занон на танҳо тарбиятгари насли ояндаанд, балки муҳаррик ва нерӯи пешбарандаи ҳаёти ҷомеа низ мебошанд. Арзиш ва мақоми зан дар ҳар давру замон омили муҳими субот ва рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон 8 март ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз барномаҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои тантанавӣ баргузор мегарданд. Донишгоҳҳо низ бо баргузории маҳфилҳо ва конфронсҳои илмӣ саҳми занонро дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ мекунанд.

Барои донишҷӯён ин рӯз имконияти хубест, то дар бораи мавқеи зан дар ҷомеа андеша намуда, ба модарон, устодон ва ҳамсабақон эҳтироми худро баён намоянд.

Аз ин бармеояд, ки 8 март танҳо як рӯзи идона нест, балки рӯзи эҳтиром ба арзишҳои инсондӯстӣ, баробарӣ ва адолат мебошад. Қадршиносии модарон бояд ҳамешагӣ бошад, зеро онҳо пояи устувори оила ва ҷомеаанд.

Рӯзи Модар моро водор месозад, ки ба нақши бузурги зан дар ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ бо нигоҳи амиқтар назар андозем ва барои таҳкими мақоми онҳо саҳмгузор бошем.

Бигзор, ин рӯз барои ҳамаи мо маҳаки андеша, эҳтиром ва миннатдорӣ бошад. Бигзор, модарон, хоҳарон ва бонувони гиромии мо ҳамеша дар фазои меҳру муҳаббат, қадршиносӣ ва дастгирӣ зиндагӣ намоянд.
Идатон муборак!

 

Беҳрӯз Зарифов –

донишҷӯи соли аввали

факултети иқтисоди рақамӣ

ва технологияи инноватсионӣ