Модар чӣ қадар калимаи зебост! Вақте ки мо ин номро ба забон меронем, пеши назар шахсе намудор мегардад, ки чеҳраи зебояш биҳишти ҷовидонро таҷалло медиҳад ва он муҳаббати нотакрору бекаронааш баҳри пуртуғёнро мемонад, ки моро дар оғӯшаш мусаффо месозад. Модар бо як даст гаҳвора бо дасти дигар сайёраро таккон медиҳад.

Ҳоло мехоҳам, ки фикру андешаамро нисбат ба модар баён созам. Барои мо аз модар дида мунису ғамхор, мушфиқу дилсӯз ва азизу муътабар касе набуду нест. Модар моро дар батни худ чун ҷоне аз пораи ҷонаш нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз парвариш дода, чашмамонро ба олами ҳастӣ рӯшноӣ бахшид ва дар хурдиямон, то ки мо наафтода, хуб роҳ равем, асои дасти мо буд. Акнун мо бояд асои дасти модар бошем, то қомати шамшодиаш ҳам нагардад. Модар ганҷинаи бебаҳо ва олиҳаи такрорнашавандаи умри инсонист.

Албатта, суханҳо оҷизанд дар баробари васфи модар. Модар мисли гулест, ки аз бӯи хуши ӯ ҷаҳон муаттар аст. Модар фариштаи рӯи замин, биҳишти анбарсиришт ва ганҷинаи дунёи мо - фарзандон аст, дар рӯӣи замин. Модар қимматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ва ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар будан аввалин ҳаёти инсонист, мисли оғуши модар биҳиштосо макони дигаре вуҷуд надорад. Модар мисли замин танҳо ва яктост.

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,

Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Аз маҳзани панди ӯ бигир арзонӣ,

Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қиммат бошад.

Оре, давлати фарзандон модар аст. Зиндагӣ ин худ шеърест, ки онро аллаи модар рангубор дода, ҳусни иловагӣ зам намудааст ва бо номи он хотима меёбад. Махз дуои модар аст, ки фарзандро шуҳратёру хушбахти рӯйи дунё месозад.

Зиндаву ҷовид бод, номи модар бо ин бузургиву ҷасорат, қудрату матонат ва меҳру садоқати бекарона, ки бузургони олам бо ин ҳама бузургиҳо пеши ту сари таъзим фуруд меоранд. Бузургии зан- модар дар он аст, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насли башарият, тарбиятгари оламу одам, камолрасонандаи фарзанд, побарҷодорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Зан-модар ҳамеша дар пайи тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, эшонро шахсони ободкунандаи ҷомеаи ҳастӣ мегардонад, зеро фарзанди бохирад ба қадру манзалати падару модар ва ватану таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ содиқонаву башардӯстона ва соҳибдилона хидмати асил мекунад.

Агар сулҳу суботи ҷомеаро оромии оила ташкил диҳад, пас ободии ҳар як хона аз сатҳи маърифатнокии модар вобастагӣ дорад.

Оре, модар бо чунин бузургиву матонат шабҳо барои бароҳату ором хобидани мо ва аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ наафтидани мо то субҳ хобро барои худаш нораво дида сари гаҳвораи мо бедор менишинад. Ин модар аст, ки зимистону тобистон тари фарзандро хушк месозад дар ҳар лаҳза.

Яке аз бузургиҳои модар дар он аст, ки забони моро ба гуфтор меорад, албатта, ки бо лутфу карами Илоҳӣ.

Модар миёни фарзандон фарқият намегузорад ва ҳамаи фарзандонашро бо як меҳри беандозаву муҳаббати бузург дар оғӯши хеш самимона ба камол мерасонад. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзандонаш бемислу беҳамтост. Модарон ғамгусоранд, ҳатто то ба он андозае, ки фарзанд ҳанӯз вақти дар батнаш аст ӯро дӯст медораду эҳтиёт мекунад ва тамоми фикру зикраш барои сиҳативу саломатии тифлаш мешавад.

Модар худаш намехӯрад фарзандашро мехӯронад, қалби софу беолоиш дорад. Ҳатто барои фарзандаш тайёр аст, ки худро қурбон созад. Мо фарзандон низ бояд қадрашро бидонему посаш бидорем нагузорем, ки касе ё чизе боиси ранҷу озор ва нороҳатияш бошад, зеро ки дунё беҳастии модар ҳеҷ аст.Мо фарзандон низ бояд қадри модаронро бидонем, эшонро дӯст дорем ва нисбаташон меҳрубону ғамхор бошем. Бо туфайли модар дунё орому осуда ва зебову рангин аст. Модар чунон калимаи ҷаззобу дилангезест, ки кулли дунё бо ин ном меболанду мефахранд. Модар ягона сутунест, ки мо такя бар он мекунем ва ягона дарахти соябонест, ки моро аз гармиҳои тафсон зери сояи худ роҳат мебахшад, агарчӣ офтоб дунёро бо муҳаббати хеш рӯшноӣ ва гармӣ бахшад модар бо муҳаббати бузургаш қалбҳои моро нуру сафо мебахшад.

Модар барои мо фарзандон бахту иқбол ва ёвару роҳбар ва чашмаи ҳаёт аст. Модар, ҳамаи ин зебогиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Модар аз зебогии гул нозуктар аст, вакте ки мо ин калимаро ба забон меорем ба дунёи меҳру шавқат ва самимияти беандоза ворид мешавем. Дар дунё гармтар аз меҳри модар чизе ва ширинтар аз лаҳни модар лаҳневу нармтар аз қалби модар чизи дигаре вуҷуд надорад.

Хулоса,  модар дар ҳаёти мо фарзандон тамоми сарвату давлатамон ҳаст. Тасалло дар ҳолатҳои ғаму ғусса, қуввату тавоноӣ дар заъфу парешонӣ, нур дар дили сиёҳии зулумот аст. Модар чашмаи ҷӯшандаи раҳму шафқат, саховат ва муқаддимаи ҳаловату осоиш аст.

Марям АМРОХОНЗОДА –

сармутахассиси шуъбаи

 банақшагирии ДДМИТ