Модар ту биҳишти ҷовидонӣ, модар,

Хуршеди баланди осмонӣ, модар.

Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорӣ,

Сарчашмаи меҳри беканорӣ, модар. 

                                                                 (Лоиқ Шералӣ)

Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Зан-Модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ руҳи тоза мебахшад. Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром қадршиносӣ ва дустдорӣ мебошад. Зеро у меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, бузургворона, дилсузона, бо бахшоишиву  дастгирӣ ва пуштибонӣ барои оила, фарзанд ва ҷомеаи худ шабу руз заҳмат мекашад. Ҳар як Зан- Модар тараҳумгари зебоӣ нигоҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар тарбияи фарзандон ва ба дили онҳо меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.

Модар – сарчашмаи ҳаёт ва меҳр. Аз лаҳзаҳои нахустини ҳаёт инсон худро дар оғӯши гарму пурмеҳри модар эҳсос мекунад. Маҳз навозишу аллаи модар аввалин суруди зиндагии мост. Ӯ бо шабзиндадориҳо, бо ғамхорӣ ва бо муҳаббати беандоза фарзандонро ба камол мерасонад. Меҳри модар беминнат, беғараз ва ҷовидонсит.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию  иҷтимоӣ  ва иқтисодии кишвар кушиш ва амалҳои самарабахш ба сомон мерасонанд. Борҳо таъкид доштанд, ки занон роҳбари раҳмдилтар баинсофтар, дурандештар ва масъулиятшиностар мешаванд.

Зан-модари тоҷик на танҳо пайи тарбияи фарзандон мебошад, балки бо донишу маърифат ва тафаккури созанда дар тамоми соҳаҳои мамлакати соҳибистиклоламон cаҳм мегузорад. Зани тоҷик имруз омузгор, табиб, ҳунарманд, олим, заминсоз, варзишгар, муҳандис, ронанда, сиёсатшинос, сохтмончӣ аст. Агар ба тамоми соҳаҳои дар кишварамон амалкунанда назар андозем, он ҷо занони фаъолро пайдо намудан имконпазир аст, ки саҳми назарраси худро дар рушди бемайлони соҳа мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ мақому манзалати занону модаронро пайваста таъкид намуда, иброз доштаанд: «Дуст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан - модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, тавъам омадани Рузи модар бо оғози фасли баҳор ва ҷашни Навруз рамзи неку саодатмандист».

Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,

Сафои бомдоди ман ту будӣ.

Аё модар, ба он сон бесаводӣ,

Нахустин устоди ман ту будӣ.      

                                                             (Лоиқ Шералӣ)

Хулоса, модар воқеан муқаддастарин неъмати руи замин аст. У сарчашмаи ҳаёт, мактаби ахлоқ, рамзи сабр ва намунаи фидокорист. Ҷомеае, ки модарро эҳтиром мекунад, ҷомеаи солим ва пешрафта хоҳад буд. Эҳтироми модар бояд на танҳо дар сухан балки дар амал зоҳир гардад: дар ғамхорӣ, дар қадршиносӣ ва дар фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоиста. Арҷгузорӣ ба модар арҷгузорӣ ба ҳаёт аст. Ва то вақте ки дар қалби инсон эҳсоси муҳаббат ба модар зинда аст, инсоният арзиши ахлоқии худро ҳифз хоҳад кард.

Моҳинур Баҳодурзода -

ассисенти кафедраи

аудит ва ревизия