МОДАР НЕРУБАХШИ РӮҲУ ҶОН ВА НУРИ ХОНАДОН
Модар! Ин калима ҳанӯз аз овони кӯдакӣ то вопасин лаҳзаҳои умр дилро ба ваҷд меорад. Зеро модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки нерубахши руҳу ҷон ва нури ҳар як хонадон аст. Дар фарҳанги тоҷик модар ҳамчун тимсоли муқаддас, пайвандгари наслҳо ва сарчашмаи меҳру муҳаббати беинтиҳо шинохта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон аст. Ин суханон на танҳо сухани расмӣ, балки ҳақиқати зиндагии ҳар фарди тоҷик аст. Зеро ҳар вақте дил танг мешавад,рӯҳ хаста мегардад,ҳамон як нигоҳи модар,як дуои ӯ, як оғӯши гармаш ҳама чизро шифо мебахшад. Модар ба мо дарси ҳаёт меомӯзад, мо аввалин каломи бадеъро аз аллаи модар мешунавем ва он дар тамоми гардишҳои ҳаётамон ба кор меояд. Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест Оре, маҳз туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам!
Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.
Модар нури хонадон аст-чароғе,ки ҳатто дар шабҳои торик ҳам равшанӣ, гармию осоиштагӣ мебахшад. Модар шахси муқаддас мебошад.
Вақте ки симои ӯ пеши назарамон меояд аз чашмонатон, аз тамоми ҳастии ӯ нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Модар офарандаи ҳаёту мамот буда аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмондана нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад.
Чуноне,ки шоир гуфтааст:
Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест
Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.
Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил
Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест
Агар модар намебуд, пас мо ҳам оламро намедидем, мисли он ки боғ бе боғбон сабз намешавад. Ман як бор нагуфтаам, ман хубам шодам модарам, ҳамеша аз дард гуфтаму аз ранҷ. Акнун ман мехоҳам , ки ба тамоми олам фарёд занам: “ Модарҷон , ман шуморо дӯст медорам! Ту нерубахши руҳу ҷони мо ҳастӣ! Ту нури хонадон ҳастӣ!
Биёед, модаронамро дӯст дорем, ҳурмат кунем то даме ки ҳамдаму ҳамнафаси мо ҳастанд.
Модарҷон, то охири умр ба меҳру вафову сафоят содиқ мемонем, дуоятро мегирем ва меҳнататро ҳамчун ганҷинаи бебаҳо қадр мекунем.
Модаронро эҳтиром кунед, зеро онҳо нури ҳаётанд!
Идатон муборак, модарони азиз!
Моҳрӯ Ормонова -
омӯзгори кафедраи андозбандӣ ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng