МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ!
Дар ин рӯзи баҳории пур аз шукуфоию зебоӣ, ки Рӯзи Модарро таҷлил менамоем, дил мехоҳад суханҳои самимӣ ва аз сидқи дилро ба модарони азиз тақдиму нисор намояд, чунки Шумо на танҳо модарони мо, балки нури чашмон, гармии дил, пояи оила ва ҳастии миллатамон ҳастед!
Вожаи МОДАР ҳамчун як муъҷизаи илоҳӣ садо медиҳад. Модар аст, ки ба мо ҳаёт бахшид, бо шири покаш парварид, бо дуои гармаш ҳифз намуд ва бо меҳри беандозааш ба роҳи рост ҳидоят кард.
Дар фарҳанги забони тоҷикӣ модар ҳамеша ҳамчун олиҳаи зебоӣ, рамзи вафо ва идомабахши насл шинохта шудааст. Аз замони ориёиҳо то имрӯз зан-модар дар оила чун чароғи равшан, дар ҷомеа чун тарбиятгари насли ояндасоз ва дар ватан чун нигаҳбони арзишҳои миллӣ эҳтиром мешавад.
Дар ҳар сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модар ҳамчун сарчашмаи меҳру шафқат ва тарбиятгари нахустин ном бурда мешавад: «Модар аввалин шахсест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар оғӯши гарму пурмеҳр фарзандро мепарварад ва аввалин суханҳо ва қадамҳои ӯро ҳидоят менамояд».
Ин суханҳо аз сидқ баҳри қадрдонӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ дар арҷгузорӣ ба заҳмати модарон аст.
Модарони азиз!
Шумо умре бо пурсабриву пуртоқатӣ, бо фидокорӣ ва бо меҳри беандоза фарзандонатонро ба воя мерасонед. Бо шабҳои бедорӣ, ашкҳои пинҳонӣ, дуоҳои субҳгоҳӣ хушбахтии фарзандонатон - ҳама аз шумост. Шумо ҳастед, он дарахти пуршоху бар, ки сояатон моро аз гармии офтоб ҳифз мекунад ва меваҳои шаҳдборатон ҳаёти моро шодоб месозад.
Дар ин рӯзи пурфайзу бонакҳат мехоҳам ба ҳамаи модарон аз самими дил гуфта шавад:
-Шумо беҳтарин неъмати Худо барои мо ҳастед!
Бигзор, ҳар як рӯзи шумо пур аз хушбахтӣ, саломатӣ, эҳтироми фарзандон ва оромии дил бошад.
Бигзор, ҳеҷ гоҳ ашкатон нарезад ва ба дилатон ғам раҳ наёбад!
Бигзор, ҳамеша мисли баҳори Тоҷикистон шукуфон бошед!
Мукаррама Саидзода -
донишҷӯи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng