БА МОДАР ҲАДЯ БАРЕМ Ё ВАЪДА?
Дар тақвим рӯзе ҳаст, ки онро “Рӯзи Модар” мегӯем. Аммо агар амиқтар назар кунем, Модар на танҳо як шахс дар зиндагии мо, балки худи зиндагӣ аст. Модарон қаҳрамонони хомӯшанд. Онҳое, ки бе садо ҷангҳои бузурги рӯзгорро мебаранд, то мо дар осоиштагӣ ба воя расем.
Бузургии модар на дар он аст, ки ӯ моро ба дунё овард. Бузургии ӯ дар “фидокории қатънашуда” аст.
Сабри беинтиҳо дорад Модар!
Вақте тамоми дунё аз мо рӯй мегардонад, танҳо як дар боз мемонад. Дуои ноаёни Модарон бо дуоҳои худ барои мо сипаре месозанд, ки ҳатто худамон онро ҳис намекунем. Меҳри беназири модарон - ягона ишқе, ки дар он “манфиат” вуҷуд надорад, ин меҳри модар аст.
Модар - аввалин муаллими зиндагист, аввалин касест, ки ба мо алифбои инсониятро меомӯзад. Ӯ ба мо нишон медиҳад, ки чӣ гуна баъд аз афтидан дубора бархезем. Меҳрубонии ӯ ба мо ёд медиҳад, ки ҷаҳонро на бо чашм, балки бо дил бубинем.
“Дасти модар, ки гаҳвораро меҷунбонад, дар асл сарнавишти башариятро рақам мезанад.”
Эҳтиром - қарзи абадии мост!
Мо ҳеҷ гоҳ наметавонем қарзи якшаба бехобии модарро пардохт кунем. Аммо мо метавонем як корро анҷом диҳем: Ӯро дарк кунем. Модарон ба тӯҳфаҳои гаронбаҳо ниёз надоранд. Барои онҳо бузургтарин тӯҳфа - эҳтиром, як калимаи гарм ва вақти ҷудокардаи мост.
Хуллас, биёед, имрӯз на танҳо бо ҳадяи гул, балки бо ваъдаи “фарзанди солеҳ будан” назди модаронамон биравем.
Модар ганҷест, ки такрор намешавад.
Агар ӯ ҳаст, шумо сарватмандтарин инсони дунёед.
Муҳаммадҷони Рустамхон –
донишҷӯи курси 3,
факултети ҳисобдорӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng