МОДАР БЕБАҲОТАРИН ГАНҶИ ДУНЁСТ
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Модар фариштаи илоҳӣ ва қиматтарин неъмати рӯи замин ва сарчашмаи муҳаббат аст. Модар мисли хуршеде ҳаст, ки ба тамоми фарзандон гарми мебахшад. Модар бари ҳар як шахс арзишмандтарин ва азизтарин неъмати рӯи дунёст бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум яъне Ватанро бо Модар дар як радиф қарор додаанд. Модар чароғи нурбахш дар ҳар як хонадон ва ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳист барои фарзандонаш. Бояд қайд кард, ки зан модарро сутун ва зиннати хона, устод ва муаллими наслҳо мегӯянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки модар бо як дасташ гаҳвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медиҳад. Дар васфи зан-модар шоирон аз гузашта то ба ин рӯз шеърҳои зиёде эҷод намудаанд, ки яке аз онҳо ӯстод Лоиқ Шералӣ китобе бо номи Дасти дуои модар таълиф намудаанд.
Сад ҷону дил фидои як мудаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Модар чи калимаи гувороест, ки ҳангоми ба забон овардан як лабханди зебое ба руйи чеҳраи фарзанд намудор мегардад он аз муҳаббати наздики фарзанд ба модараш гувоҳӣ медиҳад. Модар панҷ ҳарф асту пур аз маънӣ;
М- меҳру муҳаббати нисбат ба фарзанд;
О - оғӯши гарму нарми модар, ки ҳар як тифл ба он ниёз дорад;
Д - дарду азоби модар, ки тӯли нӯҳ моҳи дар батн доштани фарзанд мекашад;
А - ашки хурсандии модар, ки ҳангоми ба дунё омадани фарзанд ҷорӣ мешавад;
Р - ранҷу машаққат ва кӯшиши модар барои хуб ба воя расидан, сиҳатманд будан ва соҳиби маърифат шудани фарзанд.
Бале модар азизтарин ва бебаҳотарин ганҷи дунё аст. Муҳаббату, меҳрубонӣ ва фидокории ӯ бебаҳоянд. Ӯ меҳрубонтарин инсонест, ки бидуни интизори подош фарзандашро дӯст медорад, онро тарбия мекунад ва дар ҳар лаҳзаи зиндагонӣ пуштибон ҳаст ва чуноне ки дар урфият мегуянд “Агар хоҳи ки оилаи босавод дошта боши мардро хонон ва агар хоҳи ҷомеаи босавод дошта боши пас занро хонон” чун фарзанд ҳама чиро аз модараш ёд мегирад ва муаллими аввалини фарзанд ин модари ӯ мебошад. Мутассифона мо на ҳамавақт ба қадру манзалати ин фариштаи илоҳӣ мерасем. Гоҳо дар дарёи пурҷуши ҷавонӣ, ишқу ҳавас заврақ меронуму ин фариштаи илоҳиро фаромӯш месозем. Аммо бо гузашти замон ӯро ба хотир меорем ки алакай дер гаштааст.
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавоидигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки Модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри “видоъ эй писар” надошт.
Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан - модар таҷассум ёфтааст, Зан- модар чароғи мунаввари хонадон ҳидоятгарои ахлоқ ҳамида ва наҷотбахши ҳамешагии мост.Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда қайд намудаанд. Бешак дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводубомаърифат меафзояд,пешравӣ бо суръат хоҳад буд ва даршумораи ҳарчи бештари фарзандони хубу бо маърифат хоҳанд ёфт.
Модарро бесабаб фаришта наноменоманд, чунки дуову ниятҳое, ки барои фарзандон мекунад ҳамеша мустаҷобанд.
Бо дуоят модаро, сарсабзӣ дунё мешавам,
Дар набардӣ зиндагонӣ дастболо мешавам.
Бо дуои сабзи ту, эй модари дарёзамир,
Чашмае бошам агар, шӯрида дарё мешавам.
Дар ҳақиқат, зан мавҷудест, ки ниҳоди покаш саршор аз муҳаббат, меҳр, қаноат, шарофат ва латофат буда, барои ҳастии сайёра чун сутуни устувор бори зиндагиро таҳаммул мекунад. Ин фариштаи руйи олам дорои сифатҳоест, ки ҳар лаҳза имкониятро ба суйи такомули зиндагӣ раҳнамоӣ менамояд. Ӯро метавон фариштае номид, ки боли пурмеҳру нозашро барои башарият боз менамояд. Зан –модар шахси муқаддас ва муназзам мебошад. Вақте, ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан мегардонад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисли чашмаҳои мусафоест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин калима ин номи азизи модар мебошад.
Ҳама мавҷудоти олам зебост, аммо модар аз ҳама зеботару, волотар аст. Хушбахтона, имрӯз дар тамоми соҳаҳо занҳо барои пешрафти мамлакат дар баробари мардҳо истода кору фаъолият мекунанд. Хулоса, модар азизтарин вуҷуди руйи олам аст ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавозии ӯ оғоз мегардад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромуш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳу зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост .
Муҳиба Ҳоҷиева –
донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010201, иқтисодиёти таҳлилӣ
Тоҷ
Рус
Eng