ҲАЁТ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД
Модар калимаи ширину гуворо ва дилагез аст. Вакте модар мегӯем, тамоми рӯҳу ҷисмамонро эҳсосе фаро мегирад, ки аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳҳабати ӯ барои мо - фарзандон беканор ва ҷовидонист.
Модар ягона шахсияти муътабарест, ки Худованд баҳри инсоният ато кардааст. Ӯ фариштаву чароғи равшанибахши ҳар як хонадон ва офтобест, ки ба тамоми сайёра нур пошида, бо гармии худ зиндагиро маъно мебахшад.
Дар олам муқаддастар аз Модар мавҷудот ва азизтар аз ӯ касе нест.
Тамоми ҳастиву вуҷуди мо аз Модар аст, маҳз ба туфайли Модар мо ба дунё омада, бо дуои Модар месабзем.
Сарчашмаи ҳамаи муҳаббатҳо, роҳкушову роҳнамои ҳар як инсон маҳз модар аст. ки ба дунёи орзуҳо раҳнамун месозад.
Модар баъд аз Худованд ҳаёт меофарад ва фарзанди худро дар оғӯши гарм ба воя расонда, тамоми асрори зиндагиро ба ӯ меомӯзонад. Модар фариштаест, ки бо тамоми ҳастии худ баҳри хушҳолу хушнуд гардидани фарзанд ба тамоми балову офатҳо тоб меоварад, синаи пурмеҳри худро барои фарзандаш сипар мекунад. Модар хуршеди тобонест, ки бо нуру зиёи хеш рӯзгори мо - фарзандонро равшану зебо мегардонад, нуру зиё, таровату саховат мебахшад.
Дасти дуои модар ва суханони самимии ӯ роҳи пурпечутоби фарзандро ҳамвор мегардонад ва орзуву таманниёташ оғози хубиву пешравиҳост. Модар мисли дарахти пурсамар аст, ки фарзандони парваридааш чун меваҳои ширин ва хушмазза ба камол мерасанд. Офтобест дар фазои дили фарзанд, ки ҷонбахши нурофариниаш зиндагиро гармиву саодат ва қуввати зистан мебахшад. Меҳри модар беинтиҳост. Дуои модар ҳамеша моро муҳофизат мекунад ва ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят месозад.
Эҳтиром кардан ва арҷ гузоштан, ба қадри ранҷу заҳматҳо ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Модар офарандаи ҳаёт, ганҷинаи бебаҳо пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷони ҳар як шахс мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи Модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошанд.
Модар, дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдориҳо мебошад, зеро ӯ сарчашмаи ҳаёт, равшангари бахту саодат, мунису ғамхор, меҳрубону боиззат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандусту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад. Бо меҳрубониҳояш ба зиндагӣ таровату ҳусни нотакрор мебахшад.
Хулоса Модар мисли офтобест, ки ба зиндагии мо нур мебахшад.Ӯ сабр дорад, таҳаммул дорад ва ҳамеша барои фарзандаш беҳтаринҳоро мехоҳад. Ҳеҷ кас ҷойи модарро гирифта наметавонад, зеро меҳру муҳаббати ӯ самимӣ ва пок аст. Чун ки Модар ҳақиқатан ҳам фариштаи инсонӣ, ки мисли моҳтоб дар дилу дидаи ҳамагон дурахшида истодааст.
Мо бояд модарро эҳтиром кунем, дӯст дорем ва ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии ӯ бирасем. Зеро биҳишт зери қадамҳо модарон аст.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон рӯй оварда, иброз менамоем, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.
Шукуфа Умаршоева,
Самариддини Шоҳназар-
ассистентони кафедраи андоз ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng