ДДМИТ: НАВГОНИҲО ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ РАВАНДИ МУОСИРИ ФАЪОЛИЯТ
Дар раванди рушди босуръати ҷомеа, иқтисод ва технология масъалаи идоракунӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Ҷаҳони муосир бо тағйироти доимӣ, рақобати баланд, рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷаҳонишавӣ фарқ мекунад. Дар чунин раванд муассисаҳо бояд низоми самараноки идоракуниро истифода баранд, то ки фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ба ҳадафҳои гузошташуда ноил гарданд.
Низоми идоракунӣ дар раванди муосир маҷмӯи усулҳо, принсипҳо ва механизмҳоест, ки барои танзим, роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандон дар муассиса истифода мешавад. Яъне ин маҷмӯи унсурҳо, сохторҳо ва равандҳо мебошад, ки тавассути онҳо фаъолияти муассиса ба роҳ монда мешавад. Он муносибати байни роҳбар ва кормандро муайян намуда, барои иҷрои самаранокии вазифаҳо шароит фароҳам меорад. Дар раванди муосир идоракунӣ танҳо бо фармондиҳӣ маҳдуд намешавад, балки бештар ба ҳамкорӣ, банақшагирии стратегӣ ва истифодаи технологияҳои муосир такя мекунад.
Унсурҳои асосии низоми идоракунӣ ин: ҳадаф, вазифаҳо, сохтори муассиса, усулҳои идоракунӣ ва воситаҳои назорат ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи ин унсурҳо бо ҳамдигар алоқаманд буда, фаъолияти муназзами муассисаро таъмин мекунанд.
Вобаста ба ин қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз хусусиятҳои муҳимтарини идоракунии муосир дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Имрӯз дар донишгоҳ аз системаҳои компютерӣ, барномаҳои идоракунӣ ва базаҳои маълумот пурра истифода мебарад, ки қарорҳо зудтар ва дақиқтар қабул карда мешаванд.
Хусусияти дигари идоракунии раванди муосир дар донишгоҳ ин банақшагирии стратегӣ мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ барои рушди дарозмуддати донишгоҳ дар асоси таҳлили вазъияти молиявии донишгоҳ, имкониятҳо ва хатарҳои эҳтимолӣ нақша тартиб дода шудааст. Захираҳои молиявӣ, инсонӣ ва техникӣ ба таври оқилона истифода бурда шуда, баҳри баланд шудани самаранокии фаъолияти донишгоҳ мусоидат карда истодааст.
Ҳамчунин, дар идоракунии раванди муосир ба кормандону омӯзгорон диққати махсус дода мешавад. Омӯзгорон ҳамчун сармояи асосии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, шароити хуби корӣ, имкониятҳои рушд, ҳавасмандкунӣ, вазъи ҳуқуқӣ, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор дар маркази диққати роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати сари вақт баратарф намудани камбудиҳо дар раванди фаъолият функсияи идоракунии назоратро истифода мебарад. Назорат дар асоси гузаронидани ҷаласаҳои ғайринавбатии роҳбари донишгоҳ сурат мегирад. Функсияи мазкур имкон медиҳад, ки раванди иҷрои вазифаҳо санҷида шуда, камбудиҳо сари вақт ислоҳ карда шаванд. Чунин функсияи идоракунӣ хислати стратегӣ дошта барои ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас бомаврид, оддӣ ва камхарҷ дар донишгоҳ равона карда шудааст.
Хусусияти хоси дигари низоми идоракунӣ дар донишгоҳ ин аст, ки қарорҳо аксар вақт тавассути гурӯҳҳои корӣ ва ҳамкорӣ қабул карда шуда, фаъолияти роҳбарият барои кормандону омузгорон кушоду равшан ба роҳ монда шуда, принсипи идоракунии аз поён ба боло дар донишгоҳ ҷорӣ карда шудааст.
Яке аз нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти донишгоҳ ин сатҳи маълумотнокии донишҷуён ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо роҳбарияти донишгоҳ баҳри баланд бардоштани савияи азхудкунии дониши донишҷӯён ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст. Дигаргуниҳое, ки имрӯз дар ин самт ба назар мерасанд, ин ташкил ва баргузории озмунҳои дохилидонишгоҳӣ ва озмунҳои байни МТОК, маҳфили илмӣ, Шурои илмии инноватсионӣ, кушода ба истифода додани толори махсус барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ барои магистрантон ба ҳисоб меравад.
Чунин иқдоми беназири роҳбарияти донишгоҳ ин ҷиҳати тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, рушди захираи инсонӣ, дарёфти навқаламони ҷавон, чеҳраҳои сухандон дар байни донишҷӯёну магистрантон ба шумор меравад.
Инчунин, ҷиҳати пайваст намудани донишҳои назариявӣ бо донишҳои амалии донишҷӯён дар донишгоҳ синфхонаҳои методӣ, аз қабили бонки таълимӣ, иқтисоди рақамӣ, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ кушода, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дигаргунии мазкур ба донишҷӯёну магистрантон имкон медиҳад, ки донишҳои андӯхтааашонро дар истеҳсолот истифода бурда тавонанд.
Толорҳои барҳаво ҷиҳати азбар намудани донишҳои назариявӣ бо истифода аз техникаву технологияи муосир, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои китобхонаи илмии замонавӣ, ҷалби омӯзгорони дорои унвони илмидошта ба таълим, назорати доимӣ ҷиҳати шавқовар ва дар сатҳи баланди илмиву эҷодӣ гузаронидани дарс аз ҷониби омӯзгорон аз зумраи навгониҳое мебошанд, ки ба самти таълим тааллуқ доранд.
Илова бар ин, ба таври ройгон ташкил ва баргузор намудани дарсҳои хориҷию русӣ, бо ҷалби мутахассисони соҳа аз хориҷи кишвар барои донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар самти бозомӯзии забонҳои хориҷию русӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, низоми идоракунӣ дар раванди муосир дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон на танҳо баҳри танзими фаъолияти донишгоҳ, балки ба рушди устувор ва рақобатпазирии он мусоидат намуда истодааст.
Истифодаи технологияҳои муосир, банақшагирии стратегӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва назорати самаранок аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки баҳри баланд бардоштани самаранокии донишгоҳ, мутобиқшавӣ ба рақобати ҷаҳонӣ, беҳтар шудани сифати қарорҳо ва рушди устувори донишгоҳ мусоидат намуда истодааст.
Хулоса, ҳадафи асосии ҷорӣ намудани дигаргуниҳои мазкур дар равнади фаъолият дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёну магистрантон, ташаккули малакаҳои касбӣ ва омода намудани онҳо барои рақобат дар бозори меҳнат ба шумор меравад.
Такроран қайд менамоем, ки дигаргуниҳои мазкур метавонанд баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос шароити мусоид фароҳам оварда, хатмкунандагон дар бозори меҳнат рақобатпазир ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Азизулло ИСМАТУЛЛОЗОДА,
директори китобхонаи илмии донишгоҳ
Тоҷ
Рус
Eng