МОДАР САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ
“Дар фарҳангу тамаддуни мо - тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28.12.2024 с.
Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахс дар саросари олам аст. Модар бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фурду меоранд. Шоир низ бо назардошти ҳамин фазилатҳои модарон фармудааст:
Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.
Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст. Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гавҳора ва айёми тифли оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад. Яъне, бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад. Зан-модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад. Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Модар! Зери ин мафҳум симои шахсе намудор мегардад, ки барои тасвир намудани бузургию шаҳомати ӯ қалам моту забон лол мегардад. Вақте ки кӯдак ба дунё меояд, Худованд меҳри модарро дар қалбу рӯҳу ҷони ӯ бо тариқае ҷой мекунад, ки то лаҳзаи марг наметавонад онро аз ёд барорад. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедохобӣ ва таҳаммулу бардошти ӯ танҳо ба худаш хос аст. Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.
Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хидмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.
Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва неруи зиндагӣ ато мекунад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки ин бузургии модар аст. Мо дар симои модарону духтарону бонувони азиз олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем. Шумо бо меҳру вафоятон шуълаи ишқу умедро абадӣ гардонда, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед.
Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки ин сарвати бебаҳои ҳаёти худро ҳифз карда, меҳру муҳаббатро дар қалби хеш беолоиш ва фурӯзон нигоҳ доред, оиларо асоси зиндагии худ қарор диҳед ва сабуру қаноатпеша бошед. Итминони комил дорам, ки Шумо ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома диҳед.
Сари таъзим назди модарон дорем,
Тани равшанзамире мо аз он дорем.
Салому эҳтироми бекарон дорем,
Сафои рӯзгори покамон - модар...
Муҳаммад ҲАЙМАҲМАДОВ,
донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-260102 (идораи давлат ва ҳуқуқ)-и факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng