Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳояшон қайд намудаанд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қарорҳою чорабиниҳо дар кишвар бо назардошти таҷрибаи муваффақи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои стратегии ба мубориза бо терроризм ва экстремизм равонашударо таҳия ва пайваста амалӣ менамояд. Аз ҳама калидии онҳо «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» мебошад, ки соли гузашта ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда шуд. Тадбирҳои нав ин қабули таҳрирҳои нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» (2021) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (2020) мебошанд. Ин санадҳои қонунгузорӣ асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муқовимат ба ин таҳдидҳоро муайян, масъулияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои иштирок дар фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ муқаррар ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро танзим мекунанд.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Бояд гуфт, ки мо устодон ва донишҷӯён меросбари фарҳанги гузаштагон ҳастем, дар чунин шароит вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро аз ҷумла дар давлатҳои ноороми Покистону Афғонистон, Эрону Фаластин амалҳои террористӣ содир карда мешаванд, ба аҳли башар расонем.

Терроризм зӯроварӣ, таҳдиди истифодаи он нисбати инсон, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсон, ҳамчунин, нобуд сохтани амвол ё дигар объектҳои моддӣ, боиси хавфи ҳалокати одамон, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ мебошад.

Таассуфи мо ин ҷо бештар аз он аст, ки барои чӣ бархе аз ҷавонон ба ин гурӯҳ шомил шуда, худро шефтаи онон мекунанду барои ба онҳо ҳамкорӣ кардан аз баҳри зиндагии ором, осудагии волидон, бародару хоҳар ва зану фарзанд мебароянд. Аз бесаводӣ ва ё камсаводӣ бошад, ҳамеша сабаби пайвастани мардум, махсусан, ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мебошад. Ба фикри мо надоштани дониши кофӣ, махсусан дар заминаи илмҳои исломӣ яке аз сабабҳои муҳими ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳи ифротгаро шудааст. Ҷавононе, ки бештар тарафдори ин гурӯҳ ва ё он давлатҳо рафтаанд, гумроҳ ва фирефтаи хоҷагони хориҷӣ, душманони миллат гаштаанд. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд, ки чун дар боло ишора рафт, дар амалҳои зишт ва террору куштори худ ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардаанд. Нахустин бор истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи як гурӯҳи муайяни одамон ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст.

Эҳтимол аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии “таррор” гирифта бошанд. Ҳамин тариқ бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи “терроризм” аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънояш “тарс ва ваҳм” аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд. Маънои аслии экстремизм бошад, аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.

Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд. Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки далатҳои абарқудрат ба воситаи он манфиатҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”. Ифротгароӣ ва терроризм - яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мегардад. Идомаи ин зуҳуроти ваҳшатзо аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, гаронии зиёдеро ба буҷети кишвар ворид месозад.

Экстремизм гуногун аст ва ангезаҳои тавлидкунандаи он низ гуногунанд. Сабабҳои асосии сарзадани он моддӣ, идеологӣ, хоҳиши тағйирот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, қудрат бар мардум, таваҷҷӯҳ ба навъи нави фаъолият ва амсоли инҳо мебошад.

Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон татбиқи тадбирҳои мукаммали ташаккули фарҳанги ҳуқуқиро дар муҳити ҷавонон дар бар мегирад, ки ба тавсеаи назарраси ҷузъи ҳуқуқии тарбия ва таълим мусоидат мекунад.

Огоҳӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба насли ҷавон кумак мекунад, то эҳсоси эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодии дигарон, аз ҷумла, зиндагӣ, саломатӣ ва иззати онҳоро эҷод кунад. Зарур аст, ки дар мавкурраи ҷавонон доимо ҷаҳонбинии таҳаммулпазир, муносибати таҳаммулпазирона нисбат ба ҳама одамон, сарфи назар аз миллат, дин, мазҳаб, вазъи иҷтимоӣ, моликият ва ҳолатҳои дигар ҷой дода шавад.

Мубориза бо экстремизм бояд дар самтҳои зерин ба роҳ монда шаванд, то ки онҳо натиҷаи дилхоҳ биёранд. Пеш аз ҳама, қабули чорабиниҳои профилактикӣ, ки ба огоҳнамоии экстремизм, аз он ҷумла, ошкорнамоӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароит, ки ба амалигардии он мусоидат менамоянд, равона карда шавад. Ҳамчунин, ошкор ва бартараф намудани экстремизм тавассути ҳамкориҳои байналхалқӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Аз ин рӯ, ба тамоми афроди ҷомеаи имрӯза зарур аст, ки насли минбаъдаи худро дар заминаи талаботи зерини мусбат тарбия намоянд:

- омӯзонидани арзишҳои ахлоқу одоб аз нахустин рӯзҳои таваллуд ва минбаъд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кардан ба камолоти фарзанд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;

- ҷалби кӯдакон ба машғулиятҳои варзишӣ, мактабҳои рассомию мусиқӣ ва амсоли он.

Ба мақомоти давлатӣ зарур аст, ки барои оилаҳои камбизоат ва дорои шароитҳои номусоиди иҷтимоӣ, ба таври ройгон мактабҳои варзишӣ таъсис дода, машғулиятҳои барои ҳамагон дастраси варзиширо фароҳам оваранд. Ҷавононро бояд дар рӯҳияи инсондӯстӣ дар муносибат ба атрофиён, новобаста ба тамоюли иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ ва ҷинсии онҳо тарбия намуда, бо кор таъмин бояд кард ва дар байни онҳо корҳои тарбиявӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, муқовимат бо экстремизм ва ғ. бурдан зарур аст.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Барои мубориза бурдан бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанду бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

Бобомурод БОБОМУРОДОВ,

н.и.и., дотсент,

мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ