Имрӯз ҷаҳонро мавҷҳои пурталотуми сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва хатарҳои нав фаро гирифтаанд. Дар ҳамин асно, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва оромии кишвар ба масъалаи ҳаёту мамоти ҳар як инсони ватандӯст табдил ёфтааст. Дар ин давраи ҳассос, ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ ҳамчун таҳдиди рақами яки инсоният шинохта шуда, суботи давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи миллионҳо сокини сайёраро зери хатар мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин зуҳуроти манфурро «вабои аср» номида, таъкид кардаанд, ки харобкории он аз силоҳи ядроӣ камтар нест. Шахсоне, ки ба ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мепайванданд, аз арзишҳои инсонӣ комилан бегона буда, мақсади ягонаашон эҷоди тарсу ваҳм, парокандагии ҷомеа ва хароб кардани кишварҳои обод мебошад.

Таассуфовар аст, ки ин ҷараёнҳои харобкор барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ аз сатҳи пасти маърифати баъзе ҷавонон суиистифода карда, дини мубини Исломро ҳамчун ниқоб ба кор мебаранд. Оқибатҳои хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо дар Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар гӯшаҳои сайёра сабақи бузурги таърихист, ки нишон медиҳад даъватҳои зиддидавлатии ташкилотҳои террористӣ чӣ гуна якпорчагии кишварҳоро маҳв ва миллионҳо нафарро саргардону хонавайрон кардаанд. Ин фоҷиаҳои муосир собит месозанд, ки дар муқобили ин ҷаҳолати глобалӣ танҳо бо муттаҳидии қатъӣ, якдилии миллӣ ва ҳушёрии баланди сиёсӣ метавон истодагарӣ кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши ин муборизаи умумиҷаҳонӣ қарор дошта, бо сиёсати устувор ва сулҳҷӯёнаи худ дар таъмини амнияти минтақа саҳми барҷаста мегузорад. Заминаҳои ҳуқуқии ин муқовимат ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва «Дар бораи мубориза бо экстремизм» гузошта шуда буданд, ки имрӯз асоси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил медиҳанд. Давлати мо ҳамеша таъкид мекунад, ки барои решакан кардани ин вабо, бояд ба омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризм дар ҷаҳон хотима бахшида шавад ва муносибатҳои духӯра аз байн раванд.

Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди баномус, махсусан ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳушёрии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба неъмати бебаҳои Ваҳдати миллӣ мебошад. Амнияти имрӯзаи мо маҳсули заҳматҳо ва қурбониҳои бузург аст ва пос доштани он қарзи шарафу номуси ватандории ҳар як инсони худогоҳ аст.

 

Марворид СИТАМОВА,

ассистенти кафедраи забони русии ДДМИТ