Китоб воситаи нерумандест, ки инсонро ба зебоӣ, ахлоқ, донишу хирад ҳидоят мекунад. Агар имрӯз муҳаббат ба китоб дар дилҳои ҷавонон бедор гардад, фардо ҷомеаи мо ба сатҳи нави худшиносӣ, фарҳанг, илм ва тараққӣ хоҳад расид. Китоб дӯстест, ки ҳамеша роҳнамо, ҳамфикр ва ҳамсафари инсон боқӣ мемонад.

Аз қадимулайём китоб ҳамчун ганҷи маънавӣ шинохта мешуд. Имрӯз низ аҳамияти он коста нашудааст. Ҷомеае, ки ба китоб рӯ меорад, дорои тафаккури солим, ахлоқи баланд ва ҷаҳонбинии васеъ мегардад. Бо вуҷуди пешрафтҳои технологӣ, китоб то ҳол яке аз воситаҳои муассири таъсир ба зеҳну нерӯи фикрӣ ба шумор меравад.

Фарҳанги китобхонӣ ҳамчун яке аз пояҳои асосии рушди маънавию зеҳнии ҷомеа дар ҳама давру замон аҳамияти хос дошту дорад. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии завқи хонандагон масъалаи эҳёи фарҳанги китобхонӣ ба яке аз мавзуъҳои муҳим табдил ёфтааст.

Солҳои охир падидаҳои «китоббезорӣ» миёни қисми муайяни ҷавонон ба чашм мерасад. Ин раванд якбора пайдо нашудааст, он натиҷаи маҳдуд будани тадқиқот, дур мондани китобхонаҳо аз технологияи муосир, камрангии кори таблиғотӣ ва нокифоя будани фаъолияти оила дар ҷалб ба китоб мебошад.

Бо вуҷуди мушкилот, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеа ба китоб рӯ ба афзоиш аст. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, намоишгоҳҳо, рӯзҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои таблиғӣ дар густариши фарҳанги мутолиа саҳми назаррас мегузоранд.

Ташкили китобхонаҳои муосир, нашри асарҳои бадеӣ, баргузории озмунҳои хониш ва ташвиқи таҷрибаҳои нав дар муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ аз муҳимтарин иқдомҳои ин раванд ба ҳисоб мераванд.

Барои он ки ҷавонон ба китоб рӯ оваранд, танҳо таълим басанда нест. Маҳз оила бояд мактаби аввалини дӯст доштани китоб гардад. Ҳар қадар муҳити хона китобдӯстона бошад, ҳамон қадар завқи мутолиа беҳтар ташаккул меёбад.

Китобхонаи илмии ДДМИТ чун махзани илму дониш ва маънавиёт бо технологияи иттилоотии муосир таъмин карда шуда, дар он дастрасӣ ба китобҳои электронӣ дуруст ба роҳ монда шудааст.

Намоишҳо ва ҳамоишҳоии доимии китоб ва тақдими адабиёти тозанашр ба таври густурда амалӣ гардида истодааст, ки метавонад дар ташаккули фарҳанги мутолиаи донишҷӯён саҳм гузорад.

Китобхона ҳамчун маркази маърифатӣ ва илмӣ дар раванди таълиму тарбияи донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён ва омӯзгорон мақоми хоса дошта, ба баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаи таҳқиқотии онҳо мусоидат менамояд. Бо назардошти ин мақсад, дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташаббусҳои гуногуни фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ҳадафи асосиашон пуштибонӣ ва инкишофи иқтидори зеҳнии насли ҷавон мебошад.

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ва омӯзгорон ба раванди илмии муосир ва ташвиқ ба иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, олимпиадаҳои дохилӣ, ҳамчунин конфронсу семинарҳои сатҳи гуногун, дар назди китобхона се маҳфили фаъол созмон дода шудааст. Ин маҳфилҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки малакаи суханварӣ, қобилияти таҳлил, маҳорати навиштани корҳои илмӣ ва захираи луғавии худро такмил диҳанд.

Илова бар ин, дар китобхонаи илмии донишгоҳ толори махсуси илмӣ-таҳқиқотӣ ба истифода дода шудааст, ки барои омӯзгорон, унвонҷӯён ва магистрантон шароити мусоиди корӣ фароҳам меорад. Дар ин толор муҳити орому омӯзанда барои таҳияи рисолаҳои илмӣ, иҷрои лоиҳаҳо ва таҳқиқоти академӣ муҳайё карда шудааст.

Китобхона на танҳо маркази илмӣ, балки фазои тарбиявию фарҳангӣ низ мебошад. Бо нияти таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши таърих ва адабиёти классикии тоҷик, ҳаммоиши ҳармоҳаи адабӣ бо унвони “Ҳар он кас, ки Шоҳномахонӣ кунад...” баргузор мегардад.

Ин иқдом ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ба ҷаҳони пурасрори адабиёти ниёгон ворид шуда, аз “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сабақ гиранд, саҳфаи нави худшиносӣ ва эҳсоси ифтихор аз гузаштагони худро боз кунанд.

Китобхонаи илмии ДДМИТ имрӯз на танҳо ҷои нигоҳдории китоб аст, балки маҳз рӯҳияи эҷодкорӣ, худогоҳӣ, таҳқиқот ва фарҳанги китобхониро дар донишгоҳ эҳё мекунад. Озмунҳо, маҳфилҳо, семинарҳо ва барномаҳои гуногун имкон фароҳам меоранд, ки насли ҷавон бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи баланди маърифат ба ҷомеа ворид шавад.

Аҳамияти чунин фаъолиятҳо дар он аст, ки донишгоҳро дар рӯйхати муассисаҳои пешқадам муаррифӣ намуда, нерӯи фикрӣ ва фарҳангии ҷавононро тақвият мебахшанд. Мо кӯшиш менамоем, ки аксар дарсҳои кушод ва чорабиниҳо дар китобхонаи илмии донишгоҳ доир карда шавад, то муҳити шавқовар барои мутолиа муҳайё созем.

Хуллас, эҳёи фарҳанги китобхонӣ танҳо вазифаи донишгоҳ ё китобхона нест, ин масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Мо ворисони шахсиятҳои бузург ва осори гаронмоя ҳастем ва вазифадорем, ки ин ганҷи маънавиро ба насли имрӯз ва фардо бирасонем.

Шарифа РАВШАНОВА,

китобдори калони Китобхонаи илмии ДДМИТ

Ганҷина МУРОДОВА,

сармутахассиси китобхонаи электронии Китобхонаи илмии ДДМИТ