НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР МАҲВИ КОРРУПСИЯ
Дар ҷомеаи муосир коррупсия на танҳо як мушкили ҳуқуқӣ, балки монеаи асосӣ барои рушди иқтисодӣ гардидааст. Сарфи назар аз пурзӯр шудани ҷазоҳо, омили инсонӣ ҳамоно заиф боқӣ мемонад. Аммо дар асри технологияҳои муосир, мо имконият дорем, ки муборизаро ба сатҳи комилан нав - сатҳи алгоритмҳо ва шаффофияти рақамӣ гузаронем.
Ҳар ҷое, ки инсон қарор қабул мекунад, эҳтимоли суиистифода мавҷуд аст. Ҳалли рақамии он гузариши пурра ба хизматрасониҳои давлатии онлайнӣ мебошад.
Вақте ки иҷозатнома ё ҳуҷҷат тавассути алгоритм ва бе дахолати одам дода мешавад, мафҳуми «пора» маънои худро гум мекунад. Система ба ҳама якхела ва танҳо дар асоси талаботи қонун ҷавоб медиҳад.
Бояд таъкид намуд, ки блокчейн як намуди дафтари ҳисоботе, ки бе иҷозат пок карда намешавад. Коррупсия дар соҳаи молияи давлатӣ аксар вақт бо пинҳон кардани изи амалиётҳо алоқаманд аст. Технологияи блокчейн (Blockchain) ин мушкилиро ба куллӣ ҳал мекунад. Шаффофияти ин барнома дар он аст, ки ҳар як транзаксияи давлатӣ дар занҷираи блокҳо сабт мешавад, ки онро на тағйир дода ва на нест карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як сомонӣ аз буҷет то нуқтаи ниҳоӣ таҳти назорати қатъӣ қарор мегирад.
Таҳлили «Big Data» ва ошкорсозии автоматии ҷиноят. Истифодаи пойгоҳи додаҳо (SQL) ва забонҳои барномарезӣ (Python) имкон медиҳад, ки нақшаҳои коррупсионӣ пеш аз сар заданашон ошкор карда шаванд. Алгоритмҳо метавонанд ҳазорон тендерро таҳлил карда, амалиётҳои шубҳанокро, ки бо ҳам алоқаманданд ё нархҳои сунъӣ мегузоранд, дар як сония пайдо кунанд. Ин «ревизори рақамӣ» аст ва он ҳеҷ гоҳ хаста намешавад.
Иқтисоди бидуни пули нақд. Пули нақд – дӯсти наздиктарини коррупсия буда, изи худро намегузорад. Гузариш ба пардохтҳои рақамӣ ва ҳамёнҳои электронӣ муомилоти ғайриқонуниро душвор месозад. Дар иқтисодиёте, ки ҳар як интиқоли пул таърихи худро дорад, амалиётҳои коррупсионӣ намоён ва хатарнок мешаванд.
Хулоса, мубориза бо коррупсия танҳо бо роҳи ҷазо додан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Дар ҷамият бояд муҳите сохта шавад, ки дар он коррупсия аз ҷиҳати техникӣ номумкин бошад. Ин танҳо тавассути ҳамгироии илми технологияҳои рақамӣ бо иқтисод ва идоракунӣ имконпазир аст. Ояндаи дурахшон аз коррупсия на дар дасти ваъдаҳои холӣ, балки дар чорчубаи қонуниятҳои технологияҳои рақамӣ шаффофиятро ба осонӣ ба даст меорад.
Фазлиддин АБДУХАЛИЛОВ,
донишҷӯи курси дуюми ихтисоси технологияи иттилоотии низомҳои молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng