Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Наврӯз ҷашни ҳаёт, баҳор ва умеди нав мебошад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва навшавии зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Бо фарорасии Наврӯз замин аз хоб бедор шуда, гулу гиёҳ мерӯяд, табиат ранги тоза мегирад ва дар дили мардум ҳисси шодиву фараҳ пайдо мешавад.

Мардуми тоҷик Наврӯзро бо расму ойинҳои қадима ва анъанаҳои миллӣ таҷлил менамоянд. Дар ин рӯз хонаҳоро тоза мекунанд, дастархони идона меороянд, таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак омода намуда, бо хешу табор ва дӯстону наздикон ҷашн мегиранд.

Наврӯз инчунин рамзи сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Ин ҷашни бостонӣ мардумро ба ваҳдат, меҳру муҳаббат ва некбинӣ ба оянда даъват мекунад. Имрӯз Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва муҳимтарини мардуми форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн рамзи фарорасии баҳор, эҳёи табиат ва оғози соли нав мебошад. Наврӯз ҳамасола дар рӯзи 21-уми март таҷлил гардида, бо расму ойинҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ истиқбол гирифта мешавад.

Наврӯз дар Тоҷикистон на танҳо як ид, балки рамзи эҳёи табиат, покӣ, ҳамдилӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки моҳият ва расму ойинҳо умумимиллӣ ҳастанд, тарзи таҷлил дар маҳалҳои гуногун рангу бӯйи хоси худро дорад.

Дар Бадахшон Наврӯз бо хусусиятҳои хоси фарҳанги бумӣ таҷлил мешавад. Бархе аз сокинон онро бо номи «Хидирайём» ёд мекунанд. Яке аз ойинҳои муҳим - ин афрӯхтани оташ дар баландӣ мебошад, ки рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармии ҳаётбахш аст.

Дар ин минтақа, ҳисобу китоби дақиқи астрономӣ низ мавқеи муҳим дорад: бархе деҳаҳо Наврӯзро мутобиқи тулӯи дақиқи офтоб таҷлил мекунанд. Таомҳои суннатӣ, мисли «бат» ва «кашк», сурудҳои мардумӣ ва рақсу бозии анъанавӣ фазои идонаро рангоранг месозанд. Наврӯзи Бадахшон бештар хусусияти хонаводагӣ ва маънавӣ дошта, ба покии ботин ва ҳамдигарфаҳмӣ таъкид мекунад.

Гарчанде расму ойинҳо дар минтақаҳои кишварамон гуногунанд, ҳадафи асосии Наврӯз дар тамоми Тоҷикистон як аст: таҳкими ваҳдат, эҳёи суннатҳо ва истиқболи баҳор бо дили пур аз умед.

Ҳамин тавр, Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳангии халқҳои форсизабон то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ дошта, мардумро ба сулҳ, дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтироми табиат даъват менамояд.

Мардум ҳама шоданд имрӯз,
Ҷашн мегиранд иди Наврӯз.
Бигзор, ҳамеша дар рӯи замин
Бошад сулҳу муҳаббат амин.

 

Нилуфар Ақдодова -

номзади илмҳои иқтисодӣ,

омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон