НАВӮЗ - ОМИЛИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН
Ба шарофати ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик тағйиротҳои бузурги таърихӣ ба вуҷуд омад. Пеш аз ҳама бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашну анъанаҳои мардумӣ эҳё гардиданд, ки ин омили баҳамоии мардуми тоҷик ва муаррифӣ намудани кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар, фурсати мусоид барои ҷалби сайёҳону меҳмонон аз хориҷи кишвар маҳсуб меёбад, ки ба буҷаи давлат даромади иловагӣ зам мегардад. Яке аз чунин ҷашнҳо ин “Наврӯз” ба шумор меравад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки гузаштагонамон ориёиҳо аз худ мероси гаронбаҳои фарҳангӣ боқӣ гузоштаанд. Аз зумраи он мероси аҷдодӣ одату ҷашнҳои суннатӣ - Сада, Наврўз, Меҳргон ва Тиргон маҳсуб ёфта, дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳмгузоранд. Яке аз вижагиҳои муҳими ҷашнҳои ориёӣ ин аст, ки бар хилофи бисёре аз миллатҳои гуногун, баргирифта аз дастурҳои динӣ ва мазҳабӣ набуда, бештар аз падидаҳои иқлимӣ, иҷтимоӣ ва кайҳонӣ мебошад. Ин унсури ҷашнҳои ниёгонамон боис мегардад, ки сайёҳон бар хилофи дину мазҳаб аз анъанаҳои хуби ин ҷашнҳо баҳраваршаванд.
Наврӯз ҳар сол ба сарзамини тоҷикон орзуҳои нав меорад. Ин ҷашни қадими миллӣ бо мазмунҳои тоза ба тоза имрӯз боз ҳам ғанитар гардидааст. Ҷашни Наврӯз кайҳост, ки аз ҳудуди миллӣ берун рафта ва дар фарҳанги миллии халқҳои дигар пазируфта шудааст. Тадқиқот ва мушоҳидаҳо собит намудаанд, ки бисёр рамзҳо ва оинҳои наврӯзӣ дар фарҳанги халқҳои ҳиндуаврупоӣ (бештар славянӣ) таъсири муайяне гузоштааст, ки ин аз умумияти ягонаи пайдоиши халқҳои мазкур ва умуман инсоният шаҳодат медиҳад.
Маросими наврӯзӣ аз рамзҳои рангоранг ва пурҳикмат бой аст. Як қатор рамзҳои ҷашнӣ дар дастархонҳои идонаи «ҳафтшин» ва «ҳафтсин» гирд омадаанд. Ба ғайр аз он суннати асоси наврӯз суманак некӯтарин рамзи наврӯзист танҳо ном гирифтан ва ба ёдовардани он шодию сурур мебахшад. Тавассути оинҳои наврӯзӣ эҳёи тасаввурот ва ҷаҳоншиносии ниёгонамон, ҳикмати зиндагонии онҳоро метавон қиёс кард.
Яке аз рамзҳои наврўз, ки «ҳафтшин» ва «ҳафтсин» мебошад, барои сайёҳони бурунмарзӣ хело ҷолиб аст. Зеро дар сари як дастурхон ҷамъ овардани таомҳову хӯришҳои гуногун, ки бо ҳарфи “Ш” ва “С” сар мешаванд, диққати ҳар сайёҳро ба худ ҷалб менамоянд.
Дар оинҳои наврӯзӣ ширкати дорбозон, гурзбардорон, ширинкорон, паҳлавонон, шоирон, машшоқону ҳофизон, хулласи калом, ҳамаи касбу кори ҷомеа ҳатмӣ буд ва ин анъана то кунун идома дорад. Ин оинҳо имокиният медиҳанд, ки сайёҳон ба санъату фарҳангӣ мардуми тоҷик хубтар ошноӣ пайдо намоянд, ҳамзамон, боиси муаррифии онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд. Суннату оинҳои наврӯзӣ дар тӯли таърихи дурудароз ба нигоҳ доштани анъанаҳои нек дар рӯзгори одамон ва ҳатто сохти давлатдорӣ мусоидат кардааст.
Бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Созмони Милали Муттаҳид аз 23 феврали соли 2010 ҷашни Наврўз шомил ба ҷашни байналхалқӣ гардид, ки бо тамоми шукўҳу шаҳоматаш, бо ҳамаи шаклу моҳияти миллиаш дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, ин тадбир ҳам барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳам боиси ҷалби саёҳони ҳориҷӣ ба кишвар гаштааст.
Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сайёҳӣ ҳамасола дар арафаи Наврӯз ба ширкатҳои сайёҳии кишвар ҷиҳати ҷалби сайёҳон дар як қатор имтиёзҳо дода мешаванд, ки ин имконияти хуби ташвиқу тарғиб ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистони азизи мо мебошад.
Ҷашни Наврўз баробарии шабу рўз, эҳё гардидани табиати хуфта, оғози мавсими кишту кори баҳорӣ ва зироати деҳқонӣ буда, нисбат ба дигар ҷашнҳо дар байни мардум эътибори бештаре дошт. Бинобар ин, Наврўз дар байни мардум маҳбубияти бештаре пайдо карда, то ҳол қариб бо тамоми маросиму анъаноташ ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашни дорои нуру покӣ барои мардумони зебоипарасти кишвари мо ҳамчун рамзи пирўзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, ва некӣ бар бадӣ пазируфта шудааст. Наврўз ҷашни омадани баҳори нозанин, талош барои ҳаёт, зиндашавии дигарбораи табиат, тобиши наву ҷилои тоза пайдо кардани он ва ҷашни офариниши оламу одам мебошад.
Наврўз пайванди мову гузаштагони сарбаланди мост, ки онҳоро аз қаъри асрҳо берун мекашад ва онҳоеро, ки моро ва миллати моро сохтаанду онро шукӯҳу шаҳомат бахшидаанд, сари дастархони наврўзӣ ба ҳам меорад.
Ҳоло зиёда аз 28 кишвари дунё аз ҷумла, мардуми Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон, Туркия, Курдистон, бародарони ўзбек, қазоқ, қирғиз, озарбойҷон, тотор, халқҳои Кавказ ҳам мисли мо тоҷикон 21-22 март Наврўзро бо тантана ҷашн мегиранд. Рўзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот сайру гаштҳои дастаҷамъона, базмҳои шеъру суруд барпо мегардад, ки ин анъанаи наврўзӣ сайёҳонро ба ваҷд меорад.
Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззам дар Паёмашон, ки саннаи 16 - уми декабри соли 2025 ироа гардид, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар шаҳри Душанбе “Маркази байналмилалии Наврӯз” сохта шавад. Ин иқдом боз ҳам суннатҳои аҷдодии Наврўзро эҳё менамояд ва ҳам макони ҷалби саёҳони хориҷӣ мегардад.
Хуласи калом, таҷлили наврўзи оламафрўз дар баҳори истиқлолияти миллию давлатиамон омили сулҳу субот, ваҳдату якдилии миллати хирадпешаю тамаддунофари тоҷик бо мардумони кулли сайёра гардида, азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистонро дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос намуда, омили ҷалби сайёҳон аз кунҷу канори кишварҳои олам маҳсуб меёбад, ки ин ифтихори мардуми шарифи кишвари азизамон мебошад.
Манучеҳр ЗАРИФОВ -
н.и.т., устоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng