Наврӯз яке аз қадимтарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ба шумор меравад. Ин ҷашн оғози соли нави офтобиро нишон медиҳад ва маънои калимаи он “рӯзи нав” мебошад. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, тозагӣ ва барқарории равобит дар оила ва ҷомеа мебошад. Дар ин рӯз мардум хона ва маҳалли зисти худро тоза мекунанд, бо ҳамдигар тӯҳфаҳо мубодила мекунанд, оила ва ҳамсоягонро эҳтиром мекунанд. Ин ҷашн на танҳо рамзи анъана ва фарҳанг аст, балки василаи тарбияи ахлоқ ва эҳтироми инсонӣ ,инчунин василаи барқарории дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо низ мебошад.

Иди Наврӯз бо мақсади таъкид кардани ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳ ва ҳамкории байни халқҳо ҷашн гирифта мешавад. Иди Наврӯз ба ҷомеаҳои гуногун ёдрас мекунад, ки ҳифз ва эҳтироми фарҳанг ва анъанаҳои гуногун барои таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ муҳим аст.

Дар ҷаҳони муосир, ки низоъ ва фарқиятҳо зиёданд, эҳёи арзишҳои Наврӯз метавонад роҳеро барои музокира ва ҳамкории созанда нишон диҳад. Дар баробари таҷлили анъанаҳои миллӣ, Наврӯз метавонад ҳамчун омил барои тарбияи муҳаббат, ҳамкории байнимилалӣ ва сулҳ хизмат кунад. Дар ин ришта, Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки ҷашни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 2010 ҳангоми муаррифии расмӣ Маҷмааи умумии СММ ба нақши Наврӯз дар ҳамгироии иҷтимоӣ, эҳтироми фарҳанг ва муттаҳидии ҷомеаҳо ишора намуд ва 21-уми мартро рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, аз ҷумла таъсиси марказҳои фарҳангӣ ва таҷлилҳои бузурги байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат карданд.

Соли 2025 Сарвари давлат ташаббуси таъсиси Маркази байналмиллалии Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш гузоштанд. Тоҷикистон ҳамчун маркази ҷаҳонии Наврӯз муаррифӣ гардид. Бо шарофати ин саъйу талошҳо Наврӯз имрӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки мероси умумии башарият ва рамзи сулҳу ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ин ҷашн ҷомеаи ҷаҳониро хотиррасон менамояд, ки эҳтироми фарҳанг ва мероси таърихӣ на танҳо вазифаи ҳар як миллат, балки масъулияти умумибашарӣ аст.

Омӯзиши таҷрибаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Наврӯз нишон медиҳад, ки иди Навруз ҳамчун омил барои муттаҳид кардани ҷомеа, тарбияи ҷавонон ва ҳифзи мероси таърихӣ хизмат мекунад.Ҷашни Наврӯз муносибати ҳурмат ва ҳамдигарфаҳмиро дар байни шаҳрвандон тақвият мебахшад ва барои рушди ҳамкории байнимилалӣ замина фароҳам меорад. Ҳамзамон, таҷрибаҳои анъанавии Наврӯз, аз ҷумла оро додани дастурхонҳои идона, бозӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ, нишон медиҳанд, ки фарҳанг ва арзишҳои иҷтимоӣ метавонанд воситаи омӯзиши сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ бошанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳои байналмилалӣ, метавон гуфт, ки Наврӯзи байналмиллалии ҷаҳон ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагии фарҳангҳоро тақвият медиҳанд. Ин ҷашнҳо нишон медиҳад, ки эҳтироми мероси таърихӣ, тарбияи ахлоқ ва ҳамкории байни халқҳо вазифаи умумии инсоният аст. Омӯзиши чунин таҷрибаҳо метавонад ҳамчун роҳнамо барои муколама ва ҳамкории созандаи байни миллатҳо хизмат кунад.

Наврӯзи байналмиллалии ҷаҳон на танҳо рамзҳои фарҳанг ва анъанаи миллӣ мебошанд, балки воситаҳои омӯзиши таҷрибаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ ба шумор мераванд,ки ин ба ҷомеа нишон  медиҳад, ки фарҳанг, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ арзишҳои умумии инсониятанд ва ҳифз ва таҷлил карданашон вазифаи ҳар як шахс ва давлат мебошад.

Моҳрӯ Ормонова –

омӯзгори кафедраи андозбандӣ ва суғурта