Наврӯз иди одӣ нест, балки он рамзи зиндагист, рамзи умед, рамзи дӯстӣ ва ваҳдат, рамзи пайванди одамон бо табиат ва бо якдигар аст.

Наврӯз аз қадимтарин идҳои башарият аст, ки таърихи зиёда аз 3000 сол дорад. Он ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил шуда, ҳамакнун дар саросари ҷаҳон онро ҷашн мегиранд ва гиромӣ медоранд.

Дар осори классикони тоҷику форс - дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дар «Наврӯзнома»-и Умари  Хайём ва дар ашъори Ҳофизу Саъдӣ Наврӯз ҳамчун рамзи озодӣ, тозагӣ ва навсозӣ тасвир шудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши Наврӯзро ба подшоҳи афсонавӣ - Ҷамшед нисбат медиҳад, ки ба мардум тамаддун ва зинагии нав овард.

Аз оғози паҳншавии ислом то замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби мутаассибон, иртиҷоиён бисёр кӯшишҳо барои аз байн бурдани Наврӯз сурат гирифтаанд, вале Наврӯз ҳар бор зинда монд, зеро ин ид дар дили мардум реша дошт.

Дар суфраи Наврӯзии тоҷикон ҳамеша Суманак ҷой дорад. Тайёр кардани суманак расми ниҳоят қадимист: занон ва духтарон дар назди як дег ҷамъ мешаванд, суруд мехонанд, қиссаву саргузашт мегӯянд ва дар ин ҷамъомад рӯҳи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ эҳсос мешавад.

Расму ойинҳои Наврӯзии тоҷикон хеле ғанӣ ва гуногунанд: бозиҳои мардумии гӯштингирӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ, байтбарак, сурудхонӣ ва мушоира дар боғу майдонҳо анъанаҳое ҳастанд, ки аз насл ба насл интиқол ёфта то замони мо расидаанд.

Яке аз хусусиятҳои бунёдии Наврӯз - ин фалсафаи ваҳдати инсон бо табиат аст. Ин аст, ки дар ҷаҳонбинии ниёгони мо инсон аз табиат ҷудо нест: ӯ ҷузъи табиат аст ва бо табиат паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ мекунад. Маҳз дар Наврӯз, вақте ки замин бедор мешавад, гиёҳҳои тоза мерӯянд ва парандагони мавсимӣ бармегарданд, ин пайванд б а таври хос эҳсос мешавад.

Имрӯз, дар замони тағйири иқлим ва бӯҳрони муҳити зист, фалсафаи Наврӯзии ниёгонамон, ки мегуфтанд: «Табиатро ҳифз кун, то табиат туро ҳифз кунад», боз ҳам тозатар ва заруритар ба назар мерасад. Парасторӣ аз табиат ва муҳити зист бояд арзиши Наврӯзии насли муосир бошад.

Ба тақлид аз тоҷикон Наврӯзро қавму халқҳои бисёре дар минтақа ва саросари сайёра таҷлил мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки Наврӯз ба сифати рамзи ваҳдати фарҳангии халқҳои Шарқ пулест, байни миллатҳо, забонҳо ва динҳои гуногун.

Дар замони муосир, Наврӯз ба маросими дипломатии байналмилалӣ низ табдил ёфтааст. Раҳбарони кишварҳо бо якдигар ин идро табрик мегӯянд, чорабиниҳои Наврӯзӣ баргузор мешаванд ва тоҷикони дар хориҷаи кишвар буда тавассути ин ид ба фарҳанги миллӣ пайванд мемонанд.

Хулласи калом, Наврӯз идест, ки реша дар гузашта дорад ва умед ба оянда мепарварад. Он аз тафовутҳои миллӣ, динӣ ва сиёсӣ боло истода, ба инсонҳо мегӯяд: «Баҳор меояд. Зимистон тамом мешавад. Умед зинда аст. Наврӯз мубаракт бод!»

 

Маҳтоб Ҳамидова -

муаллимаи калони кафедраи менеҷмент