Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардумони ориёинажод мебошад ва рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва паёми покии дил ба шумор меравад. Ин ҷашн бо фарорасии баҳор, сабзиши гиёҳҳо ва гарм шудани ҳаво пайванди зич дорад. Аз ҳамин лиҳоз, Наврӯз ҳамчун «рӯзи нав» ва марҳилаи тозаи зиндагӣ мақоми хоса пайдо кардааст.

Таърихи Наврӯз хеле қадим аст. Ниёгони мо ҳаракати офтоб, ивазшавии фаслҳо ва бедории заминро бодиққат мушоҳида мекарданд. Абурайҳони Берунӣ дар асари маъруфи худ «Осор-ул-боқия» Наврӯзро ҷашни таҷдиди табиат ва оғози гардиши нави замон медонад. Ӯ таъкид мекунад, ки мардум дар ин рӯз бо орзуҳои нек ва нияти созанда соли навро истиқбол менамуданд. Ин нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни табиат, балки ҷашни инсонҳо низ мебошад.

Дар адабиёти классикии форсу тоҷик Наврӯз мақоми воло дорад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» пайдоиши онро ба замони подшоҳ Ҷамшед марбут медонад. Бино ба ривоят, Ҷамшед бо хирад ва адолат мардумро раҳбарӣ мекард ва дар давраи ҳукмронии ӯ оромиву шукуфоӣ ҳукмфармо буд. Мардум ин рӯзро «рӯзи нав» эълон намуда, онро ба ҷашни бузург табдил доданд. Аз оғози худ Наврӯз бо арзишҳои некӣ, адолат ва ободкорӣ пайванд доштааст.

Наврӯз дар баробари маънои таърихӣ, аҳамияти ахлоқӣ низ дорад. Ин ҷашн инсонро ба покизагӣ, худшиносӣ ва рафтори нек ҳидоят мекунад. Дар арафаи Наврӯз мардум хонаҳои худро рӯбучин карда, муҳити зиндагии худро озода месозанд ва дилҳоро аз кинаву адоват пок менамоянд. Ин амал рамзи он аст, ки инсон бояд ҳам муҳити зоҳирӣ ва ҳам қалбу андешаи худро аз нопокӣ пок созанд.

Абуалӣ ибни Сино таъкид мекунад, ки камолоти инсон, пеш аз ҳама, дар тарбияи ахлоқии ӯ зоҳир мегардад. Наврӯз низ ҳамин паёмро дорад: инсон бояд зиндагии худро бар асоси адолат, инсоф ва некиву саховат созад ва ҳамеша ба рафтори некию покӣ ҳидоят шавад.

Наврӯз рамзи инсонпарварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ низ мебошад. Дар рӯзҳои ҷашн мардум ба аёдати хешу табор мераванд, ба ниёзмандон кумак мерасонанд ва ҳамдигарро самимона табрик мегӯянд. Ин амалҳо шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз мардумро ба меҳру муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар даъват мекунанд.

Мутафаккири бузург Ҷалолиддини Балхӣ муҳаббатро пояи ҳастии инсон медонад. Аз ин рӯ, Наврӯз низ ҳамин паёмро дорад: инсон бояд бо муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Наврӯз бо шаҳомати хоса эҳё гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои созанда ҷашни Наврӯзро на танҳо рамзи фарҳанги миллӣ, балки падидаи фаромиллӣ ва арзиши умумибашарӣ гардониданд. Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон, Наврӯз ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф шуда, имрӯз дар беш аз 100 кишвари дунё таҷлил мегардад. Ин иқдом шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги миллии Тоҷикистон метавонад нақши бузург дар ҳамгироии башарӣ ва таҳкими дӯстӣ байни миллатҳо бозад.

Наврӯз на танҳо оғози соли нав ва фарорасии баҳор аст, балки мактаби ахлоқ, инсонпарварӣ ва эҳёи маънавӣ низ мебошад. Он мардумро ба зиндагии созанда, покӣ, дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ҳидоят мекунад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки инсоният ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ ниёз дорад, аҳамияти Наврӯз боз ҳам бештар мешавад.

Ҳифз ва гиромӣ доштани суннатҳои Наврӯз барои рушди фарҳанги миллӣ, тарбияи маънавии ҷомеа ва тақвияти худшиносии миллӣ аҳамияти бебаҳо дорад. Наврӯз моро ба зиндагӣ бо нияти нек, дили пок, рӯҳи дӯстӣ ва умеди фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Эраҷи МАҲМАД,

эдвайзер оид ба таълими факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ