ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДДМИТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ҲИФЗИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ
Наврӯз ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо мебошад, ки мардумро ба зиндагии осоишта ва созанда раҳнамоӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашни бостонии Наврӯз яке аз суннатҳои куҳантарини мардуми ориёитабор буда, рамзи эҳёи табиат, оғози баҳор ва нав шудани зиндагӣ мебошад. Ин ҷашн бо шаҳомати хоса дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад.
Устодон ва донишҷӯёни фарҳангдӯст ҳар сол бо фаро расидани Наврӯз дастархонҳои наврӯзӣ ороста, суннатҳои ниёгонро эҳё мекунанд. Дар ин рӯзҳо барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва баромадҳои донишҷӯён аз ҷониби факултетҳо ташкил карда мешаванд, ки фазои идонаро ҷолиб ва хотирмон месозад.
Яке аз унсурҳои муҳими ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ намоиши ҳунарҳои қадимаи мардумӣ мебошад. Ҳунарҳое чун гулдӯзӣ, кулолгарӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастӣ ба меҳмонон ва ҳайати ҳакамон пешкаш карда мешаванд. Ин амал барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти калон дорад, зеро насли ҷавон тавассути чунин чорабиниҳо бо анъанаҳои гузаштагон ошно мегардад.
Ҳамчунин, омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, ҳалво ва ош аз суннатҳои ҷудонашавандаи Наврӯз ба ҳисоб меравад. Занону модарон бо меҳру муҳаббат дастархонҳои наврӯзиро ороста, ба меҳмонон шодӣ мебахшанд. Пухтани суманак, ки шабона гирди дег бо сурудхонӣ ва шодмонӣ сурат мегирад, рамзи фаровонӣ, баракат ва орзуҳои неки мардум дар соли нав мебошад.
Дар чорабиниҳои идона бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштингирӣ низ баргузор шуда, рӯҳияи донишҷӯёнро боз ҳам қавитар месозанд.
Таъкид бояд кард, ки таҷлили Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон на танҳо ҷашни баҳор, балки рамзи ваҳдату ҳамдилӣ, дӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ пайдо карда, имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст.
Дар маҷмуъ, таҷлили ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ барои ҳифзи анъанаҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба фарҳанг ва тамаддуни ниёгон нақши бузург дорад. Ин ҷашн моро ба дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамун месозад.
Фозилзода Орифҷон Махсум,
муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng