Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланди таълим дар кишварамон машҳур аст. Дар ин донишгоҳ омӯзгорони соҳибтаҷриба ва олимони соҳаи иқтисод фаъолият мекунанд, ки донишҷӯёнро бо донишҳои муосир ва таҷрибаи амалӣ таъмин менамоянд. Ин барои ҳар донишҷӯ имконият медиҳад, ки на танҳо назария, балки таҷрибаи заруриро низ аз худ намояд.

Донишгоҳи мазкур яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олии Тоҷикистон дар самти молия, иқтисод ва соҳаҳои марбут ба он аст. Айни ҳол дар ДДМИТ аз рӯйи 60 ихтисоси ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ мутахассис омода мекунад.

ДДМИТ барои донишҷӯён шароити хуби таҳсил ва рушди илмӣ фароҳам меорад. Дар донишгоҳ китобхонаҳо, марказҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ баргузор мегарданд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат мекунанд.

Ҳоло ман мехоҳам аз давраҳои муҳимтарини ҳаёти ҷавонии худ – овони донишҷӯӣ суҳбат намоям: Чаро ман маҳз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро интихоб кардам?

Сабаби ин донишгоҳро интихоб кардани ман он аст, ки муассисаи таълимии мазкур пешсафи соҳаҳои молия, иқтисод, бонкдорӣ ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон буда, беш аз 30 сол дар ин самт таҷриба дорад ва ҳоло дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир ихтисосҳои ба талабот мувофиқро ба роҳ мондааст.

Инчунин, хатмкунандагони ин даргоҳ дар бонкҳо, вазоратҳо, ширкатҳои бузург ва соҳибкорӣ фавран ҷойи кор пайдо мекунанд, зеро бозори меҳнат ба онҳо ниёз дорад.!

Ман аллакай  ба ин оилаи бузурги иқтисодӣ ҳамроҳ шудаам ва ояндаи касбиамро дар ҳамин ҷо месозам. Агар шумо ҳам ба молия, иқтисод, бонк ё соҳибкории рақамӣ таваҷҷӯҳ доред – ДДМИТ беҳтарин интихоб аст!

Ниҳоят, таҳсил дар ин донишгоҳ ба ман имконият медиҳад, ки дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи иқтисод ва молия гардида, барои пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми худро гузорам.

Ман ДДМИТ-ро интихоб кардам, зеро ин донишгоҳ барои гирифтани донишҳои муосир, рушди касбӣ ва расидан ба орзуҳои ман имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Аз ин рӯ, ба довталабоне, ки ҳоло дар чорроҳаи интихоб қарор доранд, тавсия медиҳам, ки ҳатман Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро интихоб намоянд ва тақдири минбаъдаи худро бо он бипайванданд: иштибоҳе нахоҳанд кард!

Мукаррама САИДЗОДА,

донишҷӯи соли сеюми

факултети молия ва қарз