Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гашта, он самтҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзиширо дар бар мегирад. Паёми Президент яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсиву стратегӣ ба ҳисоб рафта, онро агар як барномаи мукаммали таҳлилшуда бигӯем, хато намекунем. Зеро он пур аз таҳлилҳои иқтисодиву иҷтимоӣ буда, роҳнамо барои фардои соҳаҳои мухталифи кишвар мебошад.

Дар ин росто, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии рушди кишварро барои давраи миёнамуддат ва дарозмуддат муайян намуда, натиҷаҳои фаъолияти давлатро дар як сол ҷамъбаст мекунад. Ҳамзамон, ҳамчун барномаи мукаммалгардида барои Ҳукумат, мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеи шаҳрвандӣ, инчунин, аҳли илм хизмат менамояд.

Дар Паёми навбатӣ, ки 16-уми декабри соли ҷорӣ ироа гашт, масъалаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан, рушди иқтисоди рақамӣ, сармояи инсонӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия мавқеи хос дошт.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳаввулоти босуръати технологӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бе гузариш ба иқтисоди рақамӣ дида наметавонем, зеро маҳз иқтисоди рақамӣ метавонад рушди иқтисоди миллиро ба миён орад. Аз ин лиҳоз, баррасии самтҳои асосии Паёми имсола маҳз гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ буд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ва чораҷӯӣ намудан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дастуру супориш доданд.

Масъалаи рушди иқтисоди рақамӣ ва татбқи технологияҳои инноватсионӣ дар Паёми навбатӣ мақоми хос доштанд. Дар шароити гузариш ба иқтисоди донишбунёд ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ-инноватсионӣ зарурати объективӣ дошта, он метавонад самаранокии идоракунии фаъолият, шаффофият, сифати хизматрасониҳо ва рақобатпазирии солимро баланд бардорад.

Дониш ва илм яке аз омилҳои муҳимтарини рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ буда, ба пешрафти иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва идоракунии фаъолият мусоидат мекунад. Зеҳни сунъӣ, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар Паём арзёбӣ гашт, аз дониши такмилёфта ва илм асос ёфта, истифодаи он дар соҳаҳои иқтисод, молия, маориф, тандурустӣ барои қабули қарорҳои асоснок мусоидат менамояд.

Сармояи инсонӣ низ дар меҳвари Паём нақши калидӣ дошт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармояи инсониро яке аз масъалаҳои муҳими Паём хонд, ки бе кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони дорои тафаккури навоварона ба рушди устувор ноил шудан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, барои омода кардани кадрҳои баландихтисос сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат вазифаи аввалиндараҷаи соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки Сарвари давлат ин масъаларо дар Паёми худ таъкид намуданд.

Бояд гуфт, ки асоси иқтисоди донишбунёд ин омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат буда, дар ин самт бояд ҳамгироии илм ва истеҳсолотро тақвият бахшид. Зеро ҳамгироии илм ва истеҳсолот ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисодӣ арзёбӣ мешавад. Рушди таҳсилоти рақамӣ, такмили малакаҳои рақамии ҷавонон ва дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар Паём ҳамчун омилҳои асосии ташаккули иқтисоди донишбунёд муайян шудаанд. Маҳз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва муассисаҳои илмӣ метавонанд дар рушди иқтисоди донишбунёд нақши калидӣ бозанд. Дар дохили муассисаҳои илмӣ-таълимӣ бояд марказҳои нави инноватсионӣ ва озмоишгоҳҳои муосир барои татбиқи илм бо истеҳсолот ба истифода дода шавад, ки дар амал саҳми фаъол гузоранд.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди соҳибкорӣ, шаффофияти равандҳои иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасониҳо ба аҳолӣ мебошад. Рақамикунонии соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла молия, андоз, гумрук, бонкдорӣ, маориф ва тандурустӣ, имкон медиҳад, ки захираҳо оқилона истифода шуда, хароҷот коҳиш ёбад.

Дар Паём, ҳамчунин, ба нақши зеҳни сунъӣ дар иқтисоди муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Зикр шуд, ки истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳлили маълумоти зарурӣ, қабули қарорҳои идоракунӣ, пешгӯии равандҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат саҳми назаррас гузорад. Аз ин лиҳоз, зарур шуморида шуд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, кадрӣ ва инфрасохтории татбиқи зеҳни сунъӣ дар кишвар тадриҷан ташаккул дода шаванд.

Рушди инноватсия ҳамчун асоси рақобатпазирии иқтисоди миллӣ низ яке аз паҳлуҳои муҳими Паём ба шумор меравад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дастгирии ташаббусҳои илмӣ, стартапҳо, технологияҳои нав ва ҳамкории илм бо истеҳсолот бояд тақвият ёбад. Дар ин замина, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷавонони соҳибистеъдод махсус қайд гардид.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки давлат рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва густариши инноватсияро ҳамчун самти стратегии сиёсати иқтисодӣ муайян намуда, онҳоро омили асосии таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ мешуморад.

Ҳусейн НОСИРЗОДА,

н.и.и., омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ