ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ
Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва барномавӣ нақши калидӣ бозида, самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян месозанд. Аз лиҳози мазмуну муҳтаво Паёмеро, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, метавон таҷассумгари таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи ҷомеа ва давлат ва дар доираи таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи арзишҳои давлати соҳибистиқлол ва демократию ҳуқуқбунёд арзёбӣ намуд.
Дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мушаххас гардида, ҳамзамон, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баҳои воқеӣ дода шуд. Дар натиҷа, афзалиятҳо ва дурнамои рушди минбаъдаи мамлакат бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳонӣ муайян гардид.
Яке аз нуктаҳои меҳварии Паём масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳсоси масъулият, шукргузорӣ аз неъматҳои сулҳу субот ва зарурати ҳушёрию зиракӣ дар ҷаҳони муосир мебошад, ки ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки маҳз сулҳу суботи пойдор, амнияту осоиш ва волоияти қонун замина фароҳам оварданд, то Тоҷикистон ба рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ ноил гардад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста беҳтар шавад. Дарвоқеъ, бе мавҷудияти ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи қонун, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи нақшаҳои давлатӣ ғайриимкон аст.
Дар Паёми худ Роҳбари давлат ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар шароити ноором ва буҳронии ҷаҳони имрӯз аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар Паём мафҳуми зиракии сиёсӣ ҳамчун унсури муҳими ҳифзи давлатдорӣ шарҳ дода шуд. Зиракии сиёсӣ қобилияти дарк, таҳлил ва арзёбии равандҳои сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пешгирии хатарҳои эҳтимолиро дар бар мегирад. Ин мафҳум, махсусан, барои Тоҷикистон, ҷузъи ҷудонашавандаи таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.
Ба андешаи коршиносон, зиракии сиёсӣ дорои чанд хусусияти асосӣ мебошад:
- ҳушёрии сиёсӣ ва шинохти таҳдидҳои дохилию хориҷӣ;
- таҳлили дурусти равандҳо ва ҳадафҳои неруҳои гуногуни сиёсӣ;
- ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити тағйирёбии босуръати ҷаҳонӣ;
- дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар рушди давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ.
Дар маҷмуъ, зиракии сиёсӣ барои ҳар як шаҳрванди огоҳ, бахусус ҷавонон, дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти бузург дорад.
Тавре Пешвои миллат дар Паёми солонаашон таъкид намуданд, дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмати содиқона барои пешрафти давлат ва ободии Ватан вазифаи муқаддасу ҳамарӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо иттиҳод, ҳадафмандӣ, рӯҳияи баланди миллӣ, эҳсоси шукргузорӣ ва ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, инчунин, бо такя ба фарҳанг ва тамаддуни бостонии халқи тоҷик барои ободиву шукуфоии бештари Тоҷикистон ва боло бурдани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузорем. Бо доштани чунин мероси ғании таърихию фарҳангӣ, мо бояд аз таассуб, ифротгароӣ ва тақлид ба арзишҳое, ки ба ҳувияти миллии мо бегонаанд, ҷиддан худдорӣ намоем.
Иброҳими Ҳасани Ҳакимзода,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ
ва фаъолияти биржавӣ
Тоҷ
Рус
Eng