ЗАНОН ВА ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, нисбати занону бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, 16-уми декабри соли 2025 дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ низ маҳз аз нақши бонувону занони боғайрату соҳибмаърифат сухан гуфтанд: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқаманд таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ин аст, ки саҳм ва фаъолияти занон дар рушди кишварамон муассир арзёбӣ мешавад.
Пешвои миллат абармарде мебошанд, ки дар заминаи ҷонфидоиҳояшон, ба шарофати садоқату ҷасораташон, бар мабнои самимияту одамияташон кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта аз лиҳози назариявӣ, илмӣ ва амалӣ ба маънои томаш давлат ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.
Имрӯзҳо дар кишварамон барои занон тамоми имконот ва шароити зиндагии шоиста муҳайё карда шудааст ва вазифаи аввалиндараҷаи онҳо, пеш аз ҳама, тарбияи дурусти фарзандон, таҳкими ҷанбаҳои ахлоқии ҷомеа ва мусоидат ба рушди миллату давлат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму оинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостони тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пушидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Воқеан, имрӯз занони тоҷик барои ташаккулу пешрафти худ тамоми шароитро доро мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин фармонҳои худро барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар кишвар бахшида, масъалаҳои афзалиятноки рафъи хушунат нисбати занону кӯдаконро эътироф намуданд. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки занону модарони мо дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми шоистаро ишғол мекунанд. Занон дар кору фаъолияти касбии худ ташаббускор буда, тамоми вазифаи дар наздашон гузошташударо бомуваффақият иҷро мекунанд.
Бори дигар мо - занони саодатманди Тоҷикистони азиз аз нуктаҳои дар Паёми мазкур дарҷгардида рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо азми устувор, иродаи қавӣ ва неруи тоҷикона дар баробари мардон баҳри рушду инкишофи тамоми соҳаҳои кишвар камари ҳиммат мебандем.
Шарифзода Гулрухсор Мирзоҳаким,
муовини декан оид ба илм ва робитаҳои факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ
Тоҷ
Рус
Eng