16 ноябр рӯзест, ки Тоҷикистон аз хокистар дубора бархост. Дар ин рӯз миллат сарнавишти худро ба дасти худ гирифт. Ин рӯз оғози сулҳ буд, на оғози ҷанг.

Ҳар миллат дар таърихи худ рӯзҳои душвор дорад. Барои мо чунин рӯзҳо соли 1992 буданд. Вале маҳз дар душвориҳо мардонагӣ ва хиради миллат маълум мешавад. Миллати мо дар он рӯзҳои сахт на шикаст, балки боз ҳам мустаҳкамтар шуд.

Вақте мо имрӯз ба гузашта менигарем, мефаҳмем, ки 16 ноябр танҳо як сана нест. Ин рӯз нуқтаи гардиши таърихи мост. Ин рӯз рӯзи наҷоти миллат аст. Ин рӯз рӯзи эҳёи давлатдории миллӣ аст.

Соли 1992 Тоҷикистон дар вазъияти хеле вазнин қарор дошт. Давлат қариб аз байн рафта буд. Оилаҳо аз ҳам ҷудо шуданд, деҳаҳо холӣ шуданд, одамон умеди худро гум карданд. Модар фарзандашро гум кард, фарзанд падарашро гум кард. Хонаҳо хароб шуданд, дилҳо шикастанд. Ҳама фикр мекарданд, ки дигар Тоҷикистон обод намешавад.

Давлатдорӣ чист? Давлатдорӣ танҳо бино ва муҳр нест. Давлатдорӣ эътимоди халқ аст. Вақте эътимод мешиканад, давлат низ мешиканад. Дар соли 1992 эътимод шикаста буд. Вазифаи асосӣ барқарор кардани ҳамин эътимод буд.

Вақте ки ҳама умедро гум карда буданд, аз Қасри Арбоб садои сулҳ баланд шуд. Ин садо на садои туфанг буд ва на садои ҷанг. Ин садои сулҳ буд, садои ақл буд, садои ваҳдат буд. Тамоми халқ ба ин садо гӯш дод, зеро ҳама аз ҷанг хаста шуда буданд.

Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба халқ ваъда надод, ки ҳама чиз осон мешавад, балки ваъда дод, ки сулҳ барқарор хоҳад шуд. Ва ӯ барои иҷрои ин ваъда талош кард. Ин сухани одӣ ба дили ҳар як тоҷик роҳ ёфт, зеро халқ аз ҷанг хаста шуда буд. Халқ пул намехост, хонаи калон намехост, танҳо сулҳ мехост. Танҳо мехост, ки фарзандаш шабона ором хоб кунад, модар ҳангоми аз дар баромадан аз бозгашт накардани фарзандаш натарсад.

Сулҳ бо туфанг намеояд, сулҳ бо гуфтугӯ меояд. Маҳз ҳамин ғоя Тоҷикистонро наҷот дод. Одамон силоҳро ба замин гузоштанд ва ба сари мизи гуфтушунид нишастанд. Бародарон бо ҳам сулҳ карданд. Онҳое, ки дирӯз ба ҳамдигар тир мепарронданд, имрӯз бо ҳам даст доданд. Ин кор осон набуд. Ин кор ҷигар, сабр ва дили бузург мехост.

Эҳёи давлатдорӣ аз ҳамин ҷо оғоз шуд. Аввал сулҳ омад, баъд эътимод барқарор шуд ва сипас давлат устувор гардид. Давлате, ки ба халқ такя мекунад, ҳеҷ гоҳ шикаста намешавад. Давлате, ки халқро дӯст медорад, халқ низ онро дӯст медорад.

Ваҳдат бузургтарин сарвати мост, ки аз тилло ҳам қиматтар аст. Агар мо як бошем, ҳеҷ душман моро шикаста наметавонад. Агар мо ҷудо шавем, ҳатто хонаи худамонро ҳам аз даст медиҳем. Таърих ба мо нишон дод, ки вақте мо муттаҳид будем, ҳама душвориҳоро паси сар кардем. Вақте ҷудо шудем, ҳама чизро аз даст додем.

Имрӯз мо натиҷаи он сулҳро мебинем. Кишваре, ки роҳ дорад, оянда дорад. Кишваре, ки сулҳ дорад, ҳама чиз дорад. Тоҷикистонро на танҳо бо сухан, балки бо амал обод карданд. Роҳҳо сохта шуданд, мактабҳо кушода шуданд, оилаҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. Деҳаҳое, ки дирӯз холӣ буданд, имрӯз пур аз кӯдаконанд. Кӯдаконе, ки имрӯз дар мактабҳои обод таҳсил мекунанд, ҷангро надидаанд, онҳо танҳо сулҳро дидаанд. Ин бузургтарин пирӯзии мост.

Президент дар ин роҳ танҳо набуд. Дар паҳлӯи ӯ халқ буд. Халқе, ки сулҳ мехост, халқе, ки Ватанро дӯст медошт. Ва ҳамин иттиҳод Тоҷикистонро имрӯз ба кишвари обод табдил дод. Вақте роҳбар ва халқ як бошанд, ҳеҷ кӯҳ баланд нест, ҳеҷ дарё чуқур нест. Ҳама роҳҳоро кушодан мумкин аст.

Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳпарвар шинохта шудааст. Ҳама медонанд, ки мо ҷангро интихоб накардем, балки сулҳро интихоб кардем. Ин обрӯи мост. Ин ифтихори мост. Ин аст маънои эҳёи давлатдории миллӣ.

Президент на танҳо шахс аст, балки рамзи ваҳдат низ мебошад. То даме ки мо муттаҳид ҳастем, ҳеҷ қуввае Тоҷикистонро шикаста наметавонад.

Имрӯз мо сулҳ дорем. Ин бузургтарин неъмат аст ва мо бояд онро ҳифз кунем. Сулҳро ҳифз кардан аз ба даст овардани он ҳам душвортар аст. Сулҳ мисли оина аст: агар эҳтиёт накунем, мешиканад. Мо бояд ин оинаро бо ду даст ҳифз кунем.

Ҳифзи давлат ҳифзи оила, ҳифзи забон ва ҳифзи ояндаи фарзандон аст. Биёед, ин рӯзро на танҳо бо сухан, балки бо амали нек бо кори ҳалол, тарбияи фарзанд ва эҳтиром ба қонун таҷлил намоем. Тоҷикистони обод хонаи ҳар яки мост ва кафили ин хона ваҳдати миллӣ ва сиёсати созанда мебошад.

 

Садриддин РАҶАБОВ,

ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ