Забони тоҷикӣ, ки инчунин бо номи забони форсӣ машҳур аст, дар адабиёти таърихии замони шӯравӣ ҳамчун забоне муаррифӣ шудааст, ки пайдоиши он ба асрҳои IX-X мелодӣ рост меояд. Аммо агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар кунем, мебинем, ки таърихи ташаккули ин забон хеле қадимтар буда, заминаҳои пайдоиши он ҳанӯз дар давраҳои пеш аз мелод гузошта шудаанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани хонадони Саффориён (860) дар Сиистон, пеш аз ҳама, бояд қайд кунем, ки дар ибтидо оилаи бародарон Яъқуб, Амр ва Алӣ ибни Лайсҳо ба сафолгарӣ, яъне мисгарӣ, машғул буданд. Ин бародарон бо ҳамроҳии падарашон ба дастаи ғозиён, яъне муборизони роҳи дин, ҳамроҳ шуда, сарҳадҳои хилофати Аббосиро аз кӯчманчиён муҳофизат мекарданд.

Аммо дертар роҳбари ин даста худи Яъқуб ибни Лайс шуд. Ӯ бо дастаи худ дар соли 860 мелодӣ сипаҳсолори Тоҳириёнро шикаст дода, шаҳри Сиистонро тасарруф кард ва ҳокимияти худро, яъне давлати Саффориёнро, ташкил намуд. Дар соли 873 мелодӣ бошад, маркази давлати Тоҳириён - шаҳри Нишопурро забт намуда, ба ҳукмронии хонадони Тоҳириён дар Хуросон (821-873) нуқта гузошт.

Дар замони ҳукмронии Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ (860-879) давлати Саффориён ба империяи мустақил табдил ёфта, аз тобеияти хилофати Аббосӣ баромад. Аммо пас аз марги Яъқуб ибни Лайс, дар замони ҳукмронии бародаронаш Амр ибни Лайс (879-900) ва Алӣ ибни Лайс (900-910), давлат дубора тобеи хилофати Аббосӣ гардид. Соли 910 мелодӣ бошад, лашкари Сомониён Сиистонро забт намуда, мустақилияти хонадони Саффориёнро барҳам дод ва ин мулкро тобеи давлати худ гардонид.

Маҳз дар замони ҳукмронии Яъқуб ибни Лайс (860-879) шоирон дар васфи ӯ мисраъҳои шеъриро ба забони арабӣ эҷод намуда, ӯро васф мекарданд. Яъқуб эътироз намуда, мегуфт, ки аз шунидани ин мисраъҳои шеърӣ чӣ суд, вақте ки ӯ забони онҳоро намефаҳмад. Пас аз ин фармон дод, ки шеърҳо дар васфи ӯ танҳо ба забони форсӣ суруда шаванд. Ӯ забони мардуми Хуросонро забони дарбор қарор дод. Дар он замон мардуми Хуросон бо забони форсӣ, яъне тоҷикӣ, гуфтугӯ мекарданд.

Хонадони Сомониён танҳо соли 875 мелодӣ аз хилофати Аббосӣ фармонро ба тариқи мактуб дар бораи идораи тамоми мулки Мовароуннаҳр гирифтанд. Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки заминаҳо барои пайдоиши ин забон ҳанӯз хеле пештар гузошта шуда буданд. Дар замонҳои пеш ин забон забони давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт. Агар ин забонро пеш аз ҳуҷуми арабҳо дар сатҳи давлатӣ қабул ё эътироф намекарданд, ҳеҷ гоҳ он дар байни мардуми Эрони сосонӣ, Хуросон ва шимоли Тахористон паҳн намешуд.

Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ рӯ биёрем, мебинем, ки ҳар як забон барои пайдоишу инкишофёбии худ чандин марҳиларо аз сар мегузаронад. Аз ҷумла, забони форсӣ-тоҷикӣ низ дар раванди пайдоиши худ се марҳиларо аз сар гузаронидааст.

Масалан, саҳми қабилаҳои порсӣ (форсӣ), ки бо ҳамроҳии қабилаҳои модҳо тақрибан дар миёнаҳои асрҳои XIII-XII пеш аз мелод, ё солҳои 1300-1200 пеш аз мелод, аз Ориёнои Шарқӣ (Осиёи Миёна) ба ҳудуди Эрони кунунӣ ҳиҷрат карданд, дар ин раванд назаррас буд. Маҳз лаҳҷаи гуфтори қабилаҳои порсӣ заминаи асосиро барои пайдоиши забони форсию тоҷикии кунунӣ фароҳам овард.

Мавқеи ин забон дар замони ҳукмронии давлати Ҳахоманишиён ниҳоят баланд шуда, ба сатҳи забони асосии империяи ҷаҳонии Ҳахоманишиён (550-330 пеш аз мелод) табдил ёфт. Империяи Ҳахоманишиён дар асоси алифбои оромӣ (арамию набатӣ) алифбои худро сохтанд, ки бо номи алифбои авестоӣ машҳур буда, дорои 54-56 ҳарф буд. Забони дар ин давра вуҷуддошта бо номи забони порсии қадим машҳур аст.

Аммо саҳми калонро дар пайдоиши забони форсӣ-тоҷикӣ маҳз забони порсии миёна гузоштааст. Оғози забони порсии миёна ба замони ҳукмронии сулолаи Ашкониён (247 пеш аз мелод - 227 мелодӣ) рост меояд.

Пеш аз ҳама, бояд қайд кунем, ки ашкониён дар аввал қавмҳои чорводори шарқии ориёӣ буда, дар даштҳои беканори Хуросон зиндагӣ мекарданд. Гузаштагони ашкониён бо номи даҳиҳо машҳур буданд, ки ба қабилаҳои ашки ва апасаки ҷудо мешуданд.

Пас аз заиф шудани империяи Селевкиён (312-60-50 пеш аз мелод), ҳокими юнонии вилояти Порт (Парфия) Андрагор дар соли 256 пеш аз мелод истиқлолияти мулки худро эълон мекунад. Соли 247 пеш аз мелод қабилаҳои ашконӣ бо сардории бародарон Арсак (Аршак) ва Тирдод аз хешони наздики худ - апасакҳо - ҷудо шуда, ба ҷониби вилоятҳои Порту Гиркания ҳуҷум карда, ин вилоятҳоро забт намуданд ва ҳокимияти юнониёнро дар ин ҷо барҳам дода, давлати худро таъсис доданд.

Дар ҳудуди ин давлат се забони расмӣ - парфиягӣ, порсӣ ва юнонӣ - фаъолият мекард. Таъсири забони юнонӣ дар давлати Ашкониён ниҳоят баланд буд ва зиёда аз ду аср ба сифати яке аз забонҳои давлатӣ фаъолият мекард.

Маҳз раванди ташаккулёбии забони ҳозираи форсӣ-тоҷикии кунунӣ аз ҳамин давра шурӯъ мешавад. Забони парфиягӣ аз соли 247 пеш аз мелод, яъне асри III пеш аз мелод, ҳамчун забони давлатии Ашкониён эълон гардида, то соли 227 мелодӣ, яъне асри III мелодӣ, фаъолият намуд.

Забони парфиягӣ ба оилаи забонҳои минтақаҳои шимолу ғарбии Эрон дохил мешуд. Дар замони муосир забони парфиягӣ ба қатори забонҳои мурда, яъне азбайнрафта, дохил мешавад. Хешовандони наздики ин забони азбайнрафта забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, лурӣ, бахтиёрӣ, тотӣ, мозандаронӣ, курмандҷӣ, курдӣ ва балуҷӣ мебошанд.

Дар замони ҳукмронии Сосониён (224-651) забони парфиягӣ ба ду лаҳҷа - парфиягии ашконӣ ва парфиягии сосонӣ - ҷудо мешавад. Давлати Сосониён ҳам аз ҷониби ашрофзодагони порсӣ (форсӣ) ва ҳам ашконӣ идора карда мешуд. Маҳз дар замони ҳукмронии Сосониён омезишёбии забонҳои парфиягӣ, порсӣ (форсӣ) ва бохтарӣ зиёд шуд.

Ин забон бо номи забони порсии (форсии) миёна машҳур буда, дар тӯли нӯҳ аср (900 сол) забони расмии давлати Ашкониён, ашкониёни Арманистон ва Сосониён буд. Барои ҳамин номҳои аксарияти шоҳони сосонӣ форсию тоҷикӣ буданд.

Аммо ҳуҷуми арабҳои истилогар ба ин сарзаминҳо мавқеи инкишофёбии ин забонро суст карда, онро аз дохили дарбор берун намуд ва ҷойи ин забонро забони арабӣ гирифт.

Танҳо дар замони ҳукмронии сулолаҳои тоҷикӣ, аз ҷумла афшинҳои Истаравшан, Бармакиён, Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён, ин забон дубора, дар миёнаи асрҳои VIII-IX, дар сатҳи давлатӣ пазируфта шуда, бо номи забони форсии нав машҳур гардид. Дар замони ҳукмронии сулолаи турку тоҷикии Ғазнавиён (963-1186) ин забон дар ҳудудҳои ҳозираи Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш паҳн шуд.

Мутаассифона, дар забони форсӣ-тоҷикии нав миқдори зиёди калимаҳои арабӣ мавҷуд аст. Дар забони адабии тоҷикӣ, тибқи луғат, 50 фоизи калимаҳо арабӣ буда, дар забони муоширати форсӣ-тоҷикӣ 25 фоизи калимаҳои арабӣ истифода бурда мешаванд. Ба ғайр аз калимаҳои арабӣ, дар забони тоҷикӣ аз 1 то 3 фоиз калимаҳои туркӣ, 3 фоиз калимаҳои русӣ ва 1 фоиз калимаҳои юнонӣ истифода бурда мешаванд. Дар забони форсии худи мардуми Эрон бошад, аз 3 то 5 фоиз калимаҳои фаронсавӣ истифода бурда мешаванд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки забони форсӣ-тоҷикӣ танҳо дар миёнаи асрҳои IX-X мелодӣ пайдо нашудааст, балки таърихи дуру дарози ташаккулёбии худро дорад ва ба се давраи таърихӣ - форсии қадим, миёна ва нав - ҷудо мешавад.

Мо, тоҷикон, бояд аз ин забони қадимаи аҷдодии худ ифтихор кунем.

 

Ф. АХМЕДОВ,

муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ