РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихии кишвари мо ба шумор меравад. Ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳаммияти хосса дошта, барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ замина фароҳам меорад.
16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Баъдан, соли 2016, тибқи қонунгузории кишвар 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдорӣ мақоми муҳим дошта, фаъолияти ӯ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Таҷлили Рӯзи Президент имкон медиҳад, ки ба марҳалаҳои муҳими таърихи давлатдории кишвар назар афканем, арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро қадр намоем ва зарурати эҳтирому риояи қонунҳоро дарк кунем.
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар он шароити мураккаб барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими сохтори давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоиштаи мардум аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Таърихи муосири кишвар бо талошҳои пайваста барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарорсозии ҳаёти ҷомеа ва таъмини рушди устувори давлат пайванди ногусастанӣ дорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба таърихи кишвари худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва маънавии худро ҳифз кунем. Ҳамзамон, ин сана ҳар як шаҳрвандро ба эҳтироми қонун, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят менамояд. Зеро пешрафти ҷомеа аз ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон вобастагии зиёд дорад.
Вазифаи ҳар яки мост, ки пайваста дониш омӯзем, ҷаҳонбинии худро васеъ намоем, забони модарӣ ва фарҳанги миллиро гиромӣ дорем ва бо рафтори намунавию фаъолияти созанда дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорем. Ҷавонони донишманду ватандӯст метавонанд дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим бозанд.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими миллии кишвар буда, моро ба эҳтироми давлату миллат, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият, риояи қонунҳо ва ҳифзи сулҳу субот даъват менамояд. Ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ барои ободии Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош намоем.
М. ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng