Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дастгирии давлатии занону бонувон яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии кишвар ин шахсияти барҷаста пайваста барои ҷоннок гардонидан ва таҳкими мақоми занону бонувони тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додаанд.

Бо дастгириҳои зиёд ва талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони кишвар имрӯз имконият доранд, ки бо риояи ҳуқуқу озодиҳои худ зиндагии осоишта дошта, илмомӯзӣ намоянд ва дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, хизмати давлатӣ, ҳуқуқ, соҳаи ҳарбӣ, саноат, меъморӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият кунанд. Албатта, ҳамаи ин аз дастгириҳои абармарди сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Дар доираи дастгирии занону бонувон тайи даҳсолаҳои охир пайдарпай барномаҳо ва ташаббусҳои зиёд қабул гардидаанд, ки барои мунтазам васеъ намудани имкониятҳои занону бонувон равона шудаанд. Заминаи асосии ҳуқуқӣ ва идеологиро барои дастгирии занону бонувон, баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа ва қабули барномаҳою ташаббусҳои минбаъда Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки 3 декабри соли 1999 қабул гардидааст, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалисозии онҳо», ки 1 марти соли 2005 таҳти № 89 қабул шудааст, ташкил медиҳанд.

Барномаҳо ва ташаббусҳои дигаре, ки дар ҷоннок гардонидани мақоми занону бонувон нақши муҳим мебозанд, инҳо мебошанд: «Барномаи рушди соҳибкории занон» (солҳои 2021, 2023, 2025), «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷойгиркунии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» барои солҳои 2023-2030 (солҳои 2006, 2017, 2023), «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2021–2030 (солҳои 2011, 2021), маҷмӯи тадбирҳои «Стратегияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (соли 2023), инчунин лоиҳаи байналмилалии донорӣ оид ба пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва дастгирии ташаббусҳои занон дар Тоҷикистон, ки марҳила ба марҳила амалӣ гардида, марҳилаи фаъол бо тавсеаи ҷуғрофия ва баргузории семинарҳои нав дар солҳои 2024-2026 идома дорад (солҳои 2018-2026).

Албатта, ҳамаи барномаҳо ва ташаббусҳои зикргардида ҳадафу мақсадҳои хоси худро доранд ва дар солҳои охир ҳар кадоми онҳо вазифаҳои худро иҷро намуда истодаанд. Инро нишондиҳандаҳои иштироки фаъолонаи занону бонувон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла маориф  73%, санъат  47%, низоми бонкӣ  41%, илм ва инноватсия  37%, хизмати давлатӣ  25% ва соҳибкорӣ  30% инъикос менамоянд.

«Мо ояндаи давлату ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур карда наметавонем».

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳз дар партави дастгириҳо ва талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занону бонувон дар ҳаёти кишвар рӯз аз рӯз ҷоннок гардида истодааст. Аз ин рӯ, занону бонувони тоҷик бо азму иродаи қавӣ, дар партави дастгириҳо, пуштибонӣ ва ғамхориҳои абармарди дурандеши сиёсат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу талошҳои худро дар роҳи ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизу маҳбуби худ равона менамоянд.

Сиёсат ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷоннок гардонидани мақоми зани тоҷик саҳифаи навро дар таърихи ҳаёти занону бонувони кишвар боз намуда, онҳоро аз доираи танҳо рӯзгордорӣ берун оварда, ба неруи созанда, пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи навин табдил додааст. Зеро дастгириҳои пайваста барои онҳо имкониятҳои гуногунро фароҳам овардаанд, аз ҷумла дастрасии васеъ ба таҳсил тавассути аз байн бурдани қолабҳои кӯҳна, таъмини мустақилияти молиявӣ ва рушди соҳибкории занон, баланд гардидани мақоми сиёсӣ ва иштироки занону бонувон дар идоракунӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо дар оила ва ҷомеа.

Аз ин рӯ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мақоми зани тоҷик дар шароити муосир аз дили бузург, адолатпарварӣ, хайрхоҳӣ ва нигоҳи дурандешонаи ин марди сиёсатмадор сарчашма мегирад. Барои зани тоҷик ин ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба андозаи беканории коинот васеъ ва ҳамчун ганҷи гаронбаҳо пурқимат мебошанд.

 

Шаҳноза АБДУЛЛОЕВА,

муаллими калони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ