ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ - БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа, асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд. Мардуми мо, мутаассифона, ҳанӯз аз моҳияту маънои аслии баргузории маросимҳо бехабар буда, аксари онҳо ҳангоми иҷрои расму оинҳои диниву миллӣ, масалан, маросимҳои марбут ба эҳтироми арвоҳи гузаштагон, хатнасур, ҷашни хонадоршавӣ ва монанди инҳо ба сарфи маблағҳои ҳангуфт роҳ медиҳанд.
Ҷашну маросими миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале тайи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, таҳти №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст. Минбаъд он дар таҳрири нав қабул гардид.
Қабули ин қонун дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тоза истиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак диҳад. Бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросимҳои миллию динӣ рў оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.
Ҷашну маросими мардумӣ дар инкишофи ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқат, якдигарфаҳмӣ, меҳмонпазириву рӯзгордорӣ, ғамхориву шавқат ба ҳамдигар аҳамияти зиёди маънавию тарбиявӣ доранд. Вале тавре нишондодҳо ва зиндагии имрӯзаи мо собит намуд, як зумра шаҳрвандон аз суннатҳои мардумиву миллӣ суиистифода намуда, онҳоро чун воситаи худнамоӣ, шуҳратпарастӣ, ба даст овардани обрӯ ва ҳатто мартабаву мақом истифода менамоянд.
Ҳамин тариқ, баҳри амалӣ гардидани принсипҳои давлати иҷтимоӣ ва таъмини шароити зиндагии арзанда, ба танзим даровардани ҷашну маросим омили муҳим маҳсуб меёбад. Ќабули қонуни мазкур дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар ҳаёти маънавӣ, иҷтимоиву иқтисодии мардум ва ҳимояи манфиатҳои онҳо такони ҷиддӣ бахшид, итминони комил дорем, ки қабул ва такмили чунин қонунҳои миллӣ барои зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум саҳмгузор аст ва амалишавии вазифаи иҷтимоии давлатро ҷоннок менамояд.
Тахмина МУСЛИХОВА,
мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng