ТОҶИКИСТОН БА ҶАВОНОНИ ХУД БОВАР ДОРАД!
«Ба Ватан ва Пешвои миллат содиқонаву софдилона хизмат мекунам!» - ин нидои ифтихормандонаест, ки ҳангоми дарёфти рутбаҳои навбатӣ, мукофотҳои давлатӣ ва ба иҷрокунии рисолати муқаддас пардохтани хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садо медиҳад. Нидое, ки аз муҳаббат ба Модар-Ватан, аз меҳри поки шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ маншаъ мегирад.
Мо ҳамчун миллати куҳанбунёд, дорои таърихи ғанӣ ва фарҳанги бузург дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дорем. Ин дастовард, пеш аз ҳама, ба талошҳо ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст, ки бо заҳматҳои пайгиронаашон симои кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Ҳар яки мо шаҳрвандони ин сарзамини обод бояд барои ҳифз ва таҳкими ин дастовардҳо саҳмгузор бошем, ба озодӣ ва сулҳи пойдор арҷ гузорем ва аз номи тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъулият ҳимоят намоем.
Хизмат ба Ватан танҳо як вазифаи давлатӣ нест, ин шараф, ин муҳаббат, ин нанг ва номус аст. Ҳар ҷавоне, ки бо дилу ният хизмат мекунад, номи худро дар сафҳаи тиллоии таърих сабт менамояд. Ватандорӣ бошад, ҳимояи марз, пуштибонӣ аз сулҳ, эҳтиром ба Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва муқаддасоти давлати тоҷик аст.
Дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонони даврони истиқлол сухан ронданд. Зеро ҷавонон ҳастанд, ки имрӯз дар таҳсил, хизмати ҳарбӣ, илму дониш, ихтироъкорӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ нақши муҳим мебозанд.
Ҷавонони Тоҷикистон собит месозанд, ки ба ҳар масъулият омодаанд ва метавонанд вазифаҳоро бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Ин эътимоди Сарвари давлат моро водор месозад, ки дар омӯзиш, рафтор ва фарҳанг намуна бошем, бо дониш, ирода ва ахлоқи солим симои ватандори асили тоҷикро муаррифӣ намоем.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, балки як мактаби бузурги тарбия, мактаби интизом, мактаби садоқат, мактаби ҷасорат ва мактаби ватандӯстӣ мебошад. Дар ин ҷо ҷавонон қувваи ҷисмонӣ ва нерӯи фикрии худро такмил медиҳанд, маърифати сиёсӣ ва ҳисси масъулиятро дар сатҳи баланд мегузоранд. Имрӯз Ватани мо маҳз бо хизматчиёни далеру ҷасур, бо ҷавонони хирадманду огоҳ ва бо шаҳрвандони содиқи худ пеш меравад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтанд, имрӯз ба як сохтори муассираи низомӣ табдил шудаанд. Ин ниҳод марзу буми кишварро муҳофизат мекунад, сулҳу суботро таъмин менамояд ва аз дастовардҳои истиқлолият ҳимоят мекунад.
Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Фарзандонро бояд тавре ба воя расонем, ки боиси ифтихор бошанд.» Маҳз оилаи солиму масъулиятшинос фарзанди солим ба ҷомеа месупорад, фарзандеро, ки марзу буми кишварро ҳимоят мекунад, ба ин миллат ифтихор меорад.
Хуллас, хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардӣ, нишонаи номус ва рамзи садоқат аст. Имрӯз, ки Артиши Миллии мо кафили амнияти давлат аст, ҳар ҷавон бояд бо сари баланд, бо виҷдони пок ва бо эҳтиром ба Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ барои ҳифзи кишвар камар бандад.
Нигина ҚАРАХОНОВА,
муаллими калони кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng