ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР
Дар ибтидои асри 21 инсоният бо хатари ҷидие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта онҳое, ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест.
Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот дорад. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додаст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсиву мазҳибие будан, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мехостан мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар он давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири асри 19 ва 20 амалҳои террористи бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардида буд. Бо инкишофи техника ва техналогияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиоварашон ба амлиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11- сентябри соли 2001 дар ИМА анҷом дода шуд бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошанд. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23-26 октябри 2009 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Маскав ба ҳалокат расиданд. Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд бар зидди ҳар гуна хатару таҳдидҳо омода бошем. Ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Нагузорем, ҳар бадхоҳе қадам ба ин сарзамини биҳиштосо гузорад ва ба осудагиву сулҳу суботи Ватани азизамон халал ворид созад. Ҳамеша кушиш намоем, ки ҳамаи ин арзишҳои миллии хешро ҳифз намуда баҳри ободиву осоиштагии ин сарзамини биҳиштосо, ки номаш Тоҷикстон аст камари ҳимат бандем.
Экстремизм як шакли рафтори зиддиҷамъиятӣ мебошад, ки ба зӯроварӣ, вайрон кардани қонуният, вайрон кардани сохти давлатӣ ва тамомияти ҳудудӣ равона шудааст. Экстремизм аксар вақт бо терроризм алоқаманд аст, аммо фарқиятҳои худро дорад. Фарқи асосии байни экстремизм ва терроризм дар он аст, ки экстремистҳо, ба фарқ аз террористон, мустақиман ба зӯроварӣ даст намезананд, балки дар сатҳи идеология ва ситоиши ғояҳои экстремистӣ кор мекунанд. Монандии терроризм ва экстремизм дар табиати зиддиҷамъиятӣ ва зӯроварии онҳост. Ҳарду падида ба меъерҳо ва арзишҳои ҷомеа мухолифанд. Аммо, бояд қайд кард, ки экстремизм метавонад дар шаклҳои гуногун, аз сиесӣ ва динӣ то миллӣ ва этникӣ зоҳир шавад.
Мо бояд шукргузори аз сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукмат карда ба ҳар амалҳои номатлуби террористиву эстремистии замони муосир мухолиф бошем.
Раҳималӣ АЛИШЕР,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng