ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР БАЙНИ ЗАНОНУ ҶАВОНОН
Дар ҷаҳони муосир ҳифзи сулҳу субот, таъмини амнияти ҷомеа ва пешгирии зуҳуроти хатарноки замон аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти инсоният ба шумор меравад. Дар шароите, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи таъсиррасонӣ ба афкору ҷаҳонбинии одамон табдил ёфтаанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули маърифати интиқодӣ ва омӯзиши роҳҳои шинохти таблиғоти ифротгароёна аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Терроризм ва ифротгароӣ ба амнияти давлатҳо, ҳаёти осоишта, арзишҳои инсонӣ ва ояндаи насли ҷавон таъсири манфӣ мерасонад. Махсусан, ҷалб ва истифодаи мақсадҳои нопокашон тавассути занону ҷавонон нигаронии ҷиддиро ба миён овардааст, ки тақвияти корҳои маърифатию тарбиявӣ ва пешгирикунандаро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи занону ҷавонон аз таъсири ақидаҳои тундгаро ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст вазифаи муҳимми оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Баъзе гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз вазъи иҷтимоӣ, мушкилоти равонӣ, эҳсосоти инсонӣ ва эътимоди шахсӣ кӯшиш менамоянд, ки занону ҷавононро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб кунанд. Дар чунин ҳолатҳо аз таблиғоти ифротгароёна, маълумоти бардурӯғ, ваъдаҳои фиребанда ва суиистифода аз эътиқоду боварҳои шахсон истифода бурда мешавад.
Ҷалби занону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ метавонад сабабҳои гуногун дошта бошад. Мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, надоштани маълумоти кофӣ, таъсири муҳити носолим, фишори равонӣ ва истифодаи бемақсади шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд осебпазирии баъзе шахсонро зиёд намоянд.
Бояд таъкид кард, ки занону ҷавонон дар чунин ҳолатҳо метавонанд ба фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб шаванд, қурбонии фиреб, таҳдид, маҷбуркунӣ ва истисмор гарданд. Аз ин лиҳоз, масъалаи мазкур бояд бо назардошти ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарии иҷтимоӣ ва зарурати ҳифзи занону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирад. Пешгирии ин раванд ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони осебпазирро дар бар мегирад.
Дар пешгирии терроризм ва ифротгароӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Шахсони дорои ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури интиқодӣ метавонанд иттилооти шубҳанокро дуруст арзёбӣ намуда, аз таъсири таблиғоти фиребанда эмин монанд. Барои ин зарур аст, ки ҷавонон пеш аз бовар кардан ба маълумоти интернетӣ манбаи онро санҷанд, ба паёмҳои шубҳаноки шахсони ношинос эҳтиёткорона муносибат намоянд ва маълумоти шахсӣ ё маблағро ба шахсони номаълум нафиристанд. Ҳангоми ошкор шудани кӯшиши ҷалб ба фаъолияти ғайриқонунӣ бояд ба шахсони боэътимод ё мақомоти дахлдор муроҷиат карда шавад.
Дар маҷмуъ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо андешидани чораҳои амниятӣ маҳдуд намешавад, пеш аз ҳама, аз баланд бардоштани маърифат, таҳкими худшиносӣ ва ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ оғоз меёбад. Ҳифзи занону ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ, фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди таҳсилу кор ва тақвияти ҳамкории оила, донишгоҳ ва ҷомеа заминаи муҳими пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мебошанд.
Бинобар ин, ҳар яки мо, пеш аз ҳама, қадри сулҳу оромӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва зиндагии осоиштаи худро дониста, шукргузори он бошем, ки дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем, имконияти таҳсилу кор дорем ва дар Ватани азизи худ барои ояндаи нек талош менамоем. Зеро сулҳу амният неъматҳои бебаҳоанд, ки арзиши онҳоро танҳо дар муқоиса бо рӯзҳои душвору пурошӯб метавон амиқтар дарк кард.
Фирефтаи таблиғоти иғвоангез нагардем, ба ҳар гуна даъватҳои шубҳанок кӯр-кӯрона бовар накунем ва ҳамеша манфиатҳои миллӣ, амнияти ҷомеа ва ояндаи фарзандони худро дар мадди аввал гузорем. Зеро Ватан хонаи умеди, сулҳ кафили зиндагии осоишта, ва ваҳдати миллӣ асоси ояндаи дурахшони ҳар як кишвар аст.
Савринисо ДАВЛАТОВА
Тоҷ
Рус
Eng