Омодасозии мутахассисони рақобатпазир, рушди дипломатияи иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ

Суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдиев бо декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Фахриддин Убайдов дар ҳошияи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ

Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон заминаи мустақилияти иқтисодӣ, густариши робитаҳои хориҷӣ ва воридшавии фаъолтар ба низоми муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро фароҳам овард. Дар ин раванд талабот ба мутахассисоне, ки қонуниятҳои иқтисоди ҷаҳониро медонанд, бозорҳои байналмилалиро таҳлил мекунанд ва метавонанд имкониятҳои иқтисодии кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд, пайваста меафзояд.

Дар шароити рақобати шадиди бозорҳои ҷаҳонӣ омодасозии чунин кадрҳо танҳо бо омӯзиши назарияи иқтисодӣ маҳдуд намешавад. Забондонӣ, тафаккури таҳлилӣ, саводнокии рақамӣ, таҷрибаи амалӣ ва дарки манфиатҳои миллию иқтисодии кишвар аз ҷумлаи салоҳиятҳои муҳимми мутахассиси муосир мебошанд.

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин самт кадрҳои соҳаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, молияи байналмилалӣ, тиҷорати хориҷӣ, фаъолияти гумрукӣ, сармоягузорӣ ва менеҷментро омода мекунад. Суҳбати мо бо декани мазкур, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Фахриддин Убайдов дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ ва донишгоҳӣ роҷеъ ба имкониятҳои таълимӣ, дастовардҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди факултет сурат гирифт, ки муҳтавои онро манзури қазовати хонандагони нуктасанҷ мегардад.

- Муҳтарам Фахриддин Сайфиддинович, дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии вазъи геоиқтисодӣ факултет кадом ҳадафҳоро дар омодасозии мутахассисони соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ пайгирӣ мекунад?

- Пеш аз ҳама, омӯзгорону кормандон, донишҷӯён ва хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ самимона табрик мегӯям. Истиқлол барои рушди муносибатҳои мустақилонаи иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овард. Ҳамзамон, ин раванд зарурати омодасозии мутахассисонеро ба миён гузошт, ки тавонанд равандҳои иқтисодии ҷаҳониро дуруст арзёбӣ карда, манфиатҳои иқтисодии кишварро ҳимоя ва пешбарӣ намоянд.

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо қарори Шӯрои олимони собиқ Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 26 июни соли 2012, таҳти №56/И, таъсис ёфта, дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2012–2013 ба фаъолият оғоз намуд. Таъсиси он ба зарурати омодасозии кадрҳои тахассусӣ барои соҳаҳои муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ, фаъолияти гумрукӣ ва муносибатҳои молиявию қарзии байналмилалӣ вобаста буд.

Имрӯз ҳадафи асосии мо омода намудани мутахассисони дорои донишҳои устувори назариявӣ, малакаҳои амалии касбӣ ва ҷаҳонбинии муосир мебошад. Барои ин фаъолияти факултет дар самтҳои таълим, илм, тарбия ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва нақшаҳои рушди донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ба андешаи ман, хатмкунанда бояд мутахассиси қобили таҳлили вазъи бозор, арзёбии имкониятҳои сармоягузорӣ, муайян кардани самтҳои тиҷорати хориҷӣ ва қабули қарорҳои асоснок бошад. Маҳз чунин омодагӣ метавонад рақобатпазирии ӯро дар бозори меҳнат таъмин намояд.

- Дар шароити рақобати шадиди бозори меҳнати байналмилалӣ, кадом салоҳиятҳои калидӣ дар барномаҳои таълимии факултет афзалият доранд ва онҳо то чи андоза ба талаботи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқанд?

- Дар шароити рақобати шадиди бозори меҳнати байналмилалӣ, факултет ба рушди салоҳиятҳое афзалият медиҳад, ки, на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалии мутобиқ ба иқтисоди рақамии ҷаҳониро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, тибқи созишномаҳо бо институтҳои байналмилалӣ ва донишгоҳоҳои хориҷи мунтазам дар факултет даъвати профессорони хориҷӣ ба нақша гирифташуда ҳамасола лексияҳои кушоди онҳо дар факултет гузаронида мешавад, ки донишҷӯён ба таҷрибаи таҳсили дигар донишгоҳо шинос гардида, кор бо системаҳои рақамӣ, саводнокии рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро аз худ меннамоянд. Илова бар ин, рушди малакаҳои (soft skills), аз қабили тафаккури интиқодӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, кори гурӯҳӣ, роҳбарӣ, идоракунии лоиҳаҳо ҳали кейс-методҳо ва малакаҳои муошират низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.

Барномаҳои таълимии факултет то андозае ба талаботи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд, зеро дар онҳо фанҳои марбут ба иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисоди рақамӣ, таҳлили маълумот ва соҳибкории инноватсионӣ ҷой дода шудаанд. Аммо барои баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон мо мунтазам ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ, ширкатҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ боз ҳам густариш медиҳем, таҷрибаомӯзӣ ва омӯзиши амалии донишҷӯёнро дар асоси мубодилаи донишчуён тақвият дода  мундариҷаи барномаҳоро мунтазам бо дарназардошти тамоюлҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ навсозӣ менамоем. Дар маҷмӯъ, омезиши донишҳои касбӣ, малакаҳои рақамӣ, забондонӣ ва малакаҳои муошират метавонад хатмкунандагони факултетро ба мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ табдил диҳад.

- Дар замони ҷаҳонишавии босуръат ва тағирёбии геоиқтисодӣ, факултети  муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чӣ гуна модели омодасозии мутахасисонро интихоб кардааст, то хатмкунандагон тавонанд манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳимоя ва пешбарӣ намоянд?

-   Ҳайати профессорию кормандони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва тағйирёбии геоиқтисодӣ модели муосири омодасозии мутахассисонро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, нақшаҳои таълимӣ ва талаботи низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда дар асоси сандҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи мариф ва нақшаи переспективии ДДМИТ фаъолияти коририро дар самтҳои таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст; Дар доираи ин модел ба донишҷӯён донишҳои амиқи иқтисоди байналмилалӣ, дипломатияи иқтисодӣ, тиҷорати хориҷӣ, молия, гумрук, логистика, бехатарии иқтисодӣ, инвеститсияи байналмилалӣ, менеҷмент дар соҳаи саёҳӣ, муносибатҳои молиявӣ қарзӣ байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ омӯзонида мешаванд. Ҳамзамон, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ ва русӣ, диққати махсус дода шуда дар факултет гуруҳои англисӣ ва русӣ аз курси як то курси чор таҳсил менамоянд, ки устодони таҷрибадор аз қабили доктор, профессорон ва устодони унвондоро ҷалб гардида, то хатмкунандагон тавонанд дар сатҳи байналмилалӣ фаъолияти касбии худро анҷом диҳанд ва мувафақ низ гардидаем.  Модели таълим инчунин ба рушди тафаккури таҳлилӣ, қобилияти қабули қарорҳои стратегӣ дар сатҳи байналмилалӣ муарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳо омузиши иқтисодиёти ҷаҳон, дипломатия ва истифодаи барномаҳои иттилоотӣ равона гардидааст. Донишҷӯён тавассути таҷрибаомӯзӣ дар вазорату идораҳо, бонкҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хусусӣ малакаҳои амалии худро такмил медиҳанд; Ҳадафи асосии чунин модел омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат, ватандӯст ва дорои ҷаҳонбинии муосир мебошад, ки тавонанд манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳимоя ва пешбарӣ намуда робитаҳои иқтисодии хориҷиро густариш диҳанд, ва барои рушди иқтисоди миллӣ дар ҳама самтҳои иқтисодӣ-иҷтимои саҳмгузор бошанд.

- Бо назардошти афзалятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла саноатикунонии босуръат  ва рушди содирот, нақши факултет дар таёр кардани кадрҳои рақобатпазир барои дипломатияи иқтисодӣ ва тиҷорати хориҷӣ то чи андоза муассир аст?

- Донистани забонҳои хориҷӣ барои мутахассиси муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бартарии иловагӣ нест, балки яке аз талаботи муҳими фаъолияти касбӣ мебошад. Бе забондонӣ истифодаи мустақим аз сарчашмаҳои илмӣ ва иттилоотии хориҷӣ, муошират бо шарикони тиҷоратӣ ва иштирок дар равандҳои байналмилалии иқтисодӣ маҳдуд мегардад.

Дар факултет ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Аз ҷумла, гурӯҳҳои таълимӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, ба таълими донишҷӯён машғуланд. Ҳамзамон, донишҷӯён тавассути барномаҳои мубодилаи академӣ бо таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ шинос мешаванд. Ҳар сол аз 11 то 17 нафар донишҷӯи факултет дар чунин барномаҳо иштирок намуда, дар донишгоҳҳои шарики Федератсияи Русия, Чин, Қазоқистон, Беларус ва дигар кишварҳо таҳсили худро такмил медиҳанд. Ин имкониятҳо барои рушди забондонӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шиносоӣ бо усулҳои муосири таълим мусоидат мекунанд. Аммо истифодаи самараноки онҳо аз омодагии худи донишҷӯён низ вобаста аст. Мо онҳоро ба омӯзиши пайвастаи забонҳо, мутолиаи адабиёти тахассусӣ ва истифодаи васеи манбаъҳои электронии илмӣ ташвиқ менамоем.

- Дар шароити рақобати байналмилалӣ кадом салоҳиятҳо барои хатмкунандагон муҳимтаранд ва чӣ гуна метавон онҳоро бо талаботи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ кард?

- Имрӯз бозори меҳнат аз мутахассисон танҳо донистани назарияро талаб намекунад. Қобилияти таҳлил, кор бо маълумот, истифодаи технологияҳои рақамӣ, ҳалли масъалаҳои мураккаб, фаъолияти гурӯҳӣ ва муоширати касбӣ низ аҳаммияти калон доранд. Аз ин рӯ, дар раванди таълим ба рушди тафаккури интиқодӣ, малакаҳои таҳлилӣ, истифодаи барномаҳои иттилоотӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Ҳамчунин, омӯзиши иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорати байналмилалӣ, молияи байналмилалӣ, логистика, маркетинг ва менеҷмент барои ташаккули ҷаҳонбинии касбии донишҷӯён замина фароҳам меорад.

Дар баробари ин, малакаҳои муошират, роҳбарӣ, идоракунии лоиҳаҳо ва ҳалли масъалаҳои амалӣ аҳаммияти рӯзафзун доранд. Мутахассис бояд тавонад дар муҳити гуногуни касбӣ кор кунад, далелҳоро таҳлил намояд ва барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ пешниҳодҳои асоснок манзур созад. Албатта, мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат раванди доимист. Аз ин рӯ, мо зарурати густариши ҳамкорӣ бо корфармоён, ширкатҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявиро муҳим мешуморем. Чунин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки мазмуни таълим ба талаботи воқеии иқтисод наздиктар гардад.

- Робитаи илм бо амалия яке аз масъалаҳои калидии таҳсилоти олӣ мебошад. Факултет то чи ҳад тавонистааст ин равандро тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ имкониятҳои худро роҳандозӣ намояд, то ба мазмуну сифати таҳсилот таъсир бирасонад?

- Таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо муҳити воқеии фаъолияти касбӣ шинос карда, имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал санҷад. Барои мутахассисони соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ин раванд метавонад фаъолияти бонкҳо, сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои гумрукӣ ва ширкатҳои хусусиро фаро гирад. Дар ин замина, ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Амонатбонк», бонкҳои тиҷоратӣ, дигар ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳамчунин, робита бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Маркази таълимии Конфутсий ва сохторҳои ҳамкориҳои фарҳангиву маърифатии хориҷӣ барои тавсеаи имкониятҳои таълимӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ин ҳамкориҳо метавонанд барои иштироки донишҷӯён дар семинару тренингҳо, омӯзиши таҷрибаи касбӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва татбиқи ташаббусҳои илмӣ замина гузоранд. Ҷалби мутахассисони амалкунанда ба раванди таълим низ барои пайвастани донишҳои назариявӣ бо талаботи воқеии соҳа мусоидат менамояд. Ба назарам, таҷрибаомӯзӣ набояд танҳо талаботи расмии барномаи таълимӣ бошад. Он бояд бо вазифаҳои мушаххас, роҳбарии мутахассисони соҳибтаҷриба ва арзёбии натиҷаҳои кори донишҷӯ алоқаманд гардад. Танҳо дар чунин сурат донишҷӯ метавонад ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ омодагии воқеӣ пайдо кунад.

- Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар ташаккули мутахассиси соҳибандеша чӣ нақш дорад ва факултет кадом самтҳои таҳқиқотиро афзалиятнок мешуморад?

- Фаъолияти илмӣ яке аз заминаҳои асосии рушди тафаккури таҳлилӣ ва такмили донишҳои касбии донишҷӯён мебошад. Он ба омӯзиши амиқи равандҳои иқтисодӣ, муайян намудани мушкилоти мавҷуда ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо мусоидат мекунад. Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи мавзуи умумии «Самтҳои асосӣ ва ҳамгироии иқтисодиёти Тоҷикистон дар хоҷагии ҷаҳонӣ» ба роҳ монда шудаанд. Ин мавзӯъ масъалаҳои рушди муносибатҳои молиявию қарзии байналмилалӣ, дурнамои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асосҳои методии танзими давлатии иқтисодро фаро мегирад. Дар сохтори факултет Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, зермаҳфили «Зеҳн» ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён, аз ҷумла «Бизнеси байналмилалӣ» ва «Молиячиёни ҷавони байналмилалӣ» фаъолият мекунанд. Ин маҳфилҳо барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами иқтисодӣ, таҳияи маърӯзаҳо ва ташаккули малакаҳои таҳқиқотии ҷавонон мусоидат менамоянд. Бояд донишҷӯён аз давраи таҳсил ба омӯзиши мустақилона, таҳлили маълумоти иқтисодӣ ва истифодаи усулҳои илмии арзёбии равандҳои бозорӣ одат кунанд. Зеро иқтисоди муосир ба мутахассисоне ниёз дорад, ки на танҳо донишҳои мавҷударо аз худ намоянд, балки тавонанд масъалаҳои навро мустақилона таҳқиқ карда, хулосаҳои асоснок пешниҳод созанд.

- Бо назардошти ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рушди содирот ва ҷалби сармояи хориҷӣ, саҳми факултетро дар омодасозии кадрҳо барои дипломатияи иқтисодӣ ва тиҷорати байналмилалӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон бе мутахассисони дорои донишҳои муосири иқтисодӣ, забондонӣ ва қобилияти кор дар муҳити байналмилалӣ душвор аст. Барои рушди содирот, масалан, на танҳо истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, балки омӯзиши бозорҳои хориҷӣ, дарки талаботи истеъмолкунандагон, донистани қоидаҳои тиҷорати байналмилалӣ ва пайдо кардани шарикони боэътимод низ зарур мебошад. Дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ бошад, мутахассис бояд имкониятҳои иқтисодии кишварро дуруст муаррифӣ карда, лоиҳаҳои сармоягузориро таҳлил намояд ва бо шарикони хориҷӣ гуфтушуниди касбӣ анҷом диҳад. Ин вазифаҳо донишҳои иқтисодӣ, малакаҳои забонӣ ва дарки муносибатҳои байналмилалиро дар якҷоягӣ талаб мекунанд. Ихтисосҳои факултет барои омодасозии кадрҳо дар ин самтҳо заминаи муносиб фароҳам меоранд. Биноан, талош мекунем, ки донишҷӯён бо равандҳои воқеии иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ шинос шуда, имкониятҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро таҳлил карда тавонанд. Зеро ҳадафи ниҳоӣ омода намудани мутахассисонест, ки дар сохторҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолияти босамар дошта бошанд. Чунин кадрҳо метавонанд дар муаррифии имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон, тавсеаи содирот, ҷалби сармоя ва таҳкими робитаҳои судманди хориҷӣ саҳм гузоранд.

- Дар шароити рақобати шадиди бозори меҳнати байналмилалӣ, кадом салоҳиятҳои калидӣ дар барномаҳои таълимии факултет афзалият доранд ва онҳо то чи андоза ба талаботи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқанд?

- Дар шароити рақобати шадиди бозори меҳнати байналмилалӣ, факултет ба рушди салоҳиятҳое афзалият медиҳад, ки, на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалии мутобиқ ба иқтисоди рақамии ҷаҳониро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, тибқи созишномаҳо бо институтҳои байналмилалӣ ва донишгоҳоҳои хориҷи мунтазам дар факултет даъвати профессорони хориҷӣ ба нақша гирифташуда ҳамасола лексияҳои кушоди онҳо дар факултет гузаронида мешавад, ки донишҷӯён ба таҷрибаи таҳсили дигар донишгоҳо шинос гардида, кор бо системаҳои рақамӣ, саводнокии рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро аз худ меннамоянд. Илова бар ин, рушди малакаҳои (soft skills), аз қабили тафаккури интиқодӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳо, кори гурӯҳӣ, роҳбарӣ, идоракунии лоиҳаҳо ҳали кейс-методҳо ва малакаҳои муошират низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.

Барномаҳои таълимии факултет то андозае ба талаботи воқеии иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ мебошанд, зеро дар онҳо фанҳои марбут ба иқтисодиёти ҷаҳон, иқтисоди рақамӣ, таҳлили маълумот ва соҳибкории инноватсионӣ ҷой дода шудаанд. Аммо барои баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон мо мунтазам ҳамкориҳоро бо бахши хусусӣ, ширкатҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ боз ҳам густариш медиҳем, таҷрибаомӯзӣ ва омӯзиши амалии донишҷӯёнро дар асоси мубодилаи донишчуён тақвият дода  мундариҷаи барномаҳоро мунтазам бо дарназардошти тамоюлҳои нави иқтисоди ҷаҳонӣ навсозӣ менамоем. Дар маҷмӯъ, омезиши донишҳои касбӣ, малакаҳои рақамӣ, забондонӣ ва малакаҳои муошират метавонад хатмкунандагони факултетро ба мутахассисони рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ табдил диҳад.

- Дар фарҷоми суҳбат ба донишҷӯён ва хатмкунандагон дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ва донишгоҳӣ чӣ паём доред?

- Ба донишҷӯён гуфтаниам, ки солҳои таҳсилро танҳо давраи гирифтани диплом надонанд. Ин фурсатест, ки бояд аз он барои андӯхтани дониш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва ташаккули қобилияти мустақилона андешидан самаранок истифода бурд. Чунки мутахассиси оянда бояд ба тағйироти иқтисоди ҷаҳонӣ омода бошад, аз омӯзиш бознаистад ва барои такмили донишу маҳорати худ пайваста кӯшиш намояд. Дар баробари ин, ватандӯстӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба қонун ва дарки манфиатҳои ҷомеа бояд роҳнамои фаъолияти ҳар як ҷавон бошанд.

Ба омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ таманно дорам, ки дар иҷрои рисолати пурмасъулияти худ ҳамеша муваффақ бошанд ва барои тарбияи насли донишманду соҳибкасб саҳми арзанда гузоранд. Ба хатмкунандагон орзу мекунам, ки донишҳои андӯхтаи худро ба манфиати ҷомеа истифода бурда, дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд.

P/S:

Суҳбат бо декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ нишон медиҳад, ки омодасозии мутахассисони соҳаи иқтисоди ҷаҳонӣ аз маҷмуи омилҳо вобаста аст: сифати таълим, иқтидори илмии омӯзгорон, забондонӣ, малакаҳои рақамӣ, таҷрибаи амалӣ ва ҳамкории муассири донишгоҳ бо бозори меҳнат.

Дар шароите ки иқтисоди ҷаҳонӣ пайваста тағйир меёбад, Тоҷикистон ба кадрҳое ниёз дорад, ки имкониятҳои иқтисодии кишварро воқеъбинона арзёбӣ намуда, барои рушди содирот, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои судманди байналмилалӣ саҳм гузоранд.

Иқтисоди рақобатпазирро танҳо захираҳои табиӣ ё имкониятҳои бозорӣ намесозанд. Ба он пеш аз ҳама мутахассисони донишманд, ташаббускор ва дорои тафаккури стратегӣ такони воқеӣ мебахшанд. Аз ин рӯ, натиҷаи фаъолияти муассисаи таҳсилоти олӣ на танҳо шумораи донишҷӯён ва ихтисосҳо, балки сатҳи омодагии касбии хатмкунандагон ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа мебошад. Зеро истиқлол имконият фароҳам меорад, дониш роҳ мекушояд ва кадрҳои соҳибкасб ояндаи иқтисодии миллатро месозанд.

 

Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ