(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон)

14-уми октябри соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи соҳибкорон бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар мулоқот намуданд . Дар ин мулоқот Сарвари давлат масъалаҳои марбут ба ислоҳоти муосир, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои наве, ки барои сармоягузорон фароҳам оварда мешаванд, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд.

Пешвои миллат аз таҷлили ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, саҳми соҳибкорону сармоягузорон, шахсони саховатпеша ва умуман мардуми шарифи Тоҷикистонро бисёр арзишманд номиданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ соҳибкорон дар бунёду навсозии зиёда аз 36 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла ҳазорҳо километр роҳ фаъолона иштирок намуданд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар зиёда аз 3300 корхонаву коргоҳи саноатӣ, беш аз 4300 иншооти соҳаи маориф, 2200 иншооти тандурустӣ, 2080 майдончаи варзиш ва 5100 иншооти хизматрасонӣ бунёду навсозӣ ва ба истифода дода шудааст. Бо саҳми онҳо 15 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ ва 734 пул бунёд гардидааст.

Президенти кишвар бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти кишвар миннатдории самимӣ баён намуданд. Ҳамчунин, ба сармоягузорони хориҷӣ барои эътимод ба Тоҷикистон ва ҳамкории судманд дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ сипос гуфтанд.

Дар идомаи мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали гузариш ба муносибатҳои бозорӣ моликияти хусусиро эътироф намуда, бахши хусусиро ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисодиёт эълон кардааст. Дар ин замина, ислоҳоти муосире, ки дар солҳои охир амалӣ гардидаанд, барои фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон равона шудаанд.

Яке аз иқдомҳои муҳими ислоҳотӣ, ки дар ин мулоқот эълон гардид, тамдиди мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна барои ду соли дигар - то 1 январи соли 2029 мебошад. Сарвари давлат гуфт, ин иқдом ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо роҳандозӣ мегардад.

Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монад. Ҳамзамон, барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1 январи соли 2027 санҷишҳо бояд танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмини асоснокиву шаффофият гузаронида шаванд. Сарвари давлат дастур дод, ки нисбат ба ҳар ҳолати дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ чораҳои қонунӣ андешида шуда, ҷавобгарии шахсони мансабдори гунаҳкор таъмин гардад.

Ҳадаф аз баргузории мулоқот, тавре Сарвари давлат ишора намуданд, фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад. Тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ аз мақсадҳои дигари мулоқот арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот масъалаи рушди имкониятҳои содиротии мамлакат ва мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорон ҷойгоҳи хосса дошт. Ин ҳадафҳо нишон медиҳанд, ки ислоҳоти муосир на танҳо барои ҷалби сармояи дохилӣ, балки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамгироии иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ равона шудаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз ҳадафҳои Ҳукумати кишвар баҳри дастгирии соҳибкорӣ таъкид доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, бояд шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт фароҳам оварда шавад. Ин нукта ба он ишора мекунад, ки ислоҳоти муосир ҳадафмандона ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва саноатӣ нигаронида шудаанд, ки дар навбати худ барои сармоягузорон имкониятҳои нави фоидаовар фароҳам меоранд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон нишон дод, ки ислоҳоти муосир дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ идома дошта, барои сармоягузорон имкониятҳои нави зерин фароҳам меоварад: аввал, тамдиди мораторий ба санҷишҳо то соли 2029, ки барои соҳибкорони хурду миёна устувории фаъолиятро таъмин мекунад. Дуюм, таъмини ҳимояи ҳуқуқии соҳибкорон ва пешгирии дахолати беасос аз ҷониби мақомоти давлатӣ. Сеюм, равона кардани ислоҳот ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ки барои сармоягузорон дар соҳаҳои саноат ва истеҳсолот имкониятҳои васеъ мефароҳам меорад. Чорум, мусоидат ба ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ. Ин иқдомҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими эътимоди сармоягузорон ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.

 

Нилгуна АБДУЛҲАҚОВА,

донишҷӯи ДДМИТ