НАҚШИ МОНДАГОРИ ОМӮЗГОР
Рисолати касбии устод ва муаллим ҳангоми таълиму тарбия ҳамчун фарзанди хеш ҳисобидану ҷиддан кор кардан бо толибилм ва нисбат ба ояндаи неки ӯ дилсӯзу ғамхор будан аст. Ва шогирдон ҳам дар навбати худ бояд ба қадри заҳмату машаққати устодон расанд ва ба заҳмати устод арҷ гузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор доимо таваҷҷуҳи амиқ зоҳир менамоянд, зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Самаранок ба роҳ мондани кори таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзонанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии одамон аст. Тавре ки мухандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзонанд ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбидиву нуксонҳоро бартараф мекунанд. Омӯзгор касест, ки хамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Оре, пешаи омӯзгорӣ кори пуршараф аст. Дар ҳама давру замон рисолати бузурги таълиму тарбияи насли наврас, инчунин масъулияти пешоҳангӣ, раҳнамоӣ ва ҳидоятгарӣ бар дӯши омӯзгорон ва устодони соҳибтаҷриба буд. Маҳз бо ҳидояти омӯзгорону устодон ҳамаи мо соҳиби донишу маърифат, фаросати маънавӣ ва маданияти шаҳрвандӣ гашта, моҳияти ҳаёту масъулияти ватану ватандориро шинохтаем. Аз ин хотир, ҳамеша ба муаллим эҳтироми зиёд дорем, бо муҳаббату самимият номи устодони имрӯзаву собиқаро гиромӣ медорем ва аз таҷрибаи бузурги онҳо дар зиндагии худ самаранок истифода мекунем.
Аслан, мардуми шарафманди тоҷик аз қадим нисбат ба омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд ва ин рисолати бузурги худро то имрӯз ҳамчун як нишонаи муқаддастарин чун гавҳараки чашм нигоҳ доштаанд. Ин ҳам бошад аз самимияту боварӣ ва эътиқоди мардуми фарҳангсолори миллати тоҷик дарак медиҳад. Онҳо хуб дарк карданд, ки бе устод кореро ба сомон расондан нашояд ва маҳз ҳамин буд, ки доимо аз устод маслиҳатҳо мегирифтанд то корашон пурсамар гардад. Дар ин масъала яке аз шоирони бузурги миллати тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ хуб мегӯяд, ки басо шуниданист:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Аз ин гуфтаҳо ба хубӣ бармеояд, ки дар воқеъ маҳз омӯзгор аст, ки имрӯзҳо ҷаҳони маънавии мо аҳли башар равшан аст ва бе раҳнамоиву тавсеаи омӯзгори бохирад мо ба ҷое расида наметавонем, бе тавсеаи омӯзгор кори мо хому нопурра ва заифу лоғар аст. Пас беҳуда нагуфтаанд, ки:
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Ва дар ҷои дигар низ хуб зикр намудаанд, ки:
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Имрӯз, ки инкишофи босуръат ҳама соҳаҳоро фаро гирифтааст, аз мо тақозо дорад, ки шогирдони сазовори мусаллаҳ бо донишҳои технологӣ ва мувофиқ бо меъёрҳои байналмилалии таҳсилот омода созем, то аз донишҳои замонавӣ бархурдор гарданд. Яъне ҳар қадар, ки шогирд донишҳои замонавиро аз бар кунад, ин ҳам ба фоидаи муаллим ва ҳам бар фоидаи давлату миллат мебошад.
Ривояте ҳаст, ки Абӯалӣ Ибни Сино ба яке аз шогирдонаш, ки рӯзе сабақи додаашро аз бар накарда буд, танҳо ин суханро бо оби дида гуфт: “Дареғо, ки якшаба умри ҷавонии худро барбод додаӣ”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки омӯзгор доимо дар фикри таълиму тарбияи шогирд мекӯшад ва заҳмат мекашад, то шогирдаш дар оянда касе шавад, ки давлату миллат аз ӯ ифтихор кунад.
Як нуқтаи дигарро қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар шахсе, ки номи пуршарафи омӯзгорро дорад, бояд дониши хуб дошта бошад. Дониши касбии омӯзгор муҳимтарин самти фаъолияти ӯ ба шумор меравад. Аз тарафи муаллим ҳаматарафа донистани асосҳои назарию амалии ҳамон фанне, ки дарс медиҳад, инчунин дар баробари ин огоҳ будани омӯзгор аз илмҳои дигар, махсусан фанҳое, ки бо якдигар аз нигоҳи мазмун ҳамгиро ва ё алоқаманданд зарур аст. Сарвату боигарии омӯзгор дониши ӯст ва ин илму донишро бояд ӯ аз касе дареғ надорад. Аз ҷониби дигар маҳорати педагогиро, ки баъзан санъати педагогӣ ва ё як ҷо маҳорати санъати педагогӣ низ мегӯянд, на ҳар омӯзгор соҳиб аст. Ба воситаи ҳаракатҳои баҷо, истифодаи забони ширину гуворо, мимика, табассум, имою ишора, талаффузи равон, садои шево барои ҷалб намудани хонандагон ба дарс, бедор намудани шавқу ҳавас, фаъолияти эҷодию маърифатҷӯии ҳар як хонанда ё донишҷӯ кори саҳлу осон нест. Муаллим ҳақ надорад, ки рӯякӣ ҳарф занад ва фикру ақидаи шогирдро аз доираи дарс берун барад. Ӯ бояд ширинбаён ва ширинзабон бошад.
Хулласи калом, мо ифтихорманд аз онем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешаи омӯзгориро “муқаддастарин касби рӯи олам” шуморида, дар рушду шукуфоии имрӯзу фардои кишвар нақши омӯзгоронро муҳим арзёбӣ менамоянд, ки дар воқеъ дуруст аст. Зеро беҳтарин муаллимон на танҳо бо китоб, бо қалбашон низ омӯзиш медиҳанд.
Собир ШОКИРОВ,
мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании ДДМИТ
Ашур ЗАФАРОВ,
ассистенти ҳамин кафедра
Тоҷ
Рус
Eng