ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Забон аз муҳимтарин падидаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии инсон буда, таърихи ташаккули он бо раванди рушди ҷомеа робитаи мустақим дорад. Дар доираи забон мафҳумҳо ва маъноҳое ташаккул меёбанд, ки барои дарки таърих, фарҳанг, ахлоқ ва муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа аҳамияти муҳим доранд. Аз ҳамин рӯ, забонро танҳо ҳамчун низоми иртиботӣ арзёбӣ кардан барои дарки тамоми моҳият ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа кофӣ нест.
Дар таҳқиқоти муосири ҳуввият масъалаи забон бо хотираи таърихӣ, фарҳанг, рамзҳои миллӣ ва таҷрибаи иҷтимоӣ алоқаманд дониста мешавад. Фредрик Барт дар таҳқиқоти маъруфи худ оид ба гурӯҳҳои этникӣ ба масъалаи марзҳои иҷтимоӣ ва равандҳои шинохти гурӯҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст. Ба андешаи Энтони Д. Смит, ҳуввияти миллӣ дар иртибот бо хотираи таърихӣ, рамзҳо, анъанаҳо ва мероси фарҳангии муштарак ташаккул меёбад. Забон дар ҳамаи ин равандҳо вазифаи муҳими интиқоли маъно, дониш ва таҷрибаи ҷамъиятиро ба уҳда дорад.
Бенедикт Андерсон дар таҳлили миллат ҳамчун «ҷомеаи тасаввуршуда» ба нақши забони хаттӣ ва густариши матбаа таваҷҷуҳи махсус намуда, паҳншавии матнҳоро яке аз омилҳои ташаккули фазои муштараки маънавӣ медонад. Ин андеша барои омӯзиши таърихи тоҷикон аҳамияти махсус дорад, зеро фарҳанги тоҷикӣ дар тӯли асрҳо бо суннати пурқуввати китобат, адабиёти хаттӣ ва интиқоли дониш тавассути матн рушд кардааст.
Забони тоҷикӣ дар чунин замина яке аз унсурҳои асосии ҳофизаи таърихию фарҳангии тоҷикон ба шумор меравад. Таърихи он бо рушди форсии нав дар Осиёи Марказӣ пайванди амиқ дорад. Ҷон Р. Перри таъкид мекунад, ки форсии нав аз асрҳои миёна дар Осиёи Марказӣ ба забони муҳими адабӣ табдил ёфта, дар давраи Сомониён мақоми баланд пайдо кард ва баъдан дар муҳитҳои гуногуни минтақа таҳаввулоти хоси худро аз сар гузаронидааст.
Дар ин раванд забон танҳо воситаи нигоҳдории калимаҳо набуд. Он ба муҳити офариниши адабиёт, илм, таърихнигорӣ, фалсафа ва андешаҳои ахлоқӣ табдил ёфт. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абӯалӣ ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигар донишмандону адибон дар шаклгирии фазои маънавии тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабони минтақа саҳми бузург гузоштанд. Ин мероси гаронбаҳо дар тӯли асрҳо тавассути забон аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, ба қисми муҳими хотираи фарҳангӣ табдил шудааст.
Аз ин лиҳоз, мавзӯи «забони тоҷикӣ ва ҳуввияти миллӣ» масъалаи фарогирест, ки таърих, забоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва фалсафаи иҷтимоиро ба ҳам мепайвандад. Ҳадафи мақолаи мазкур таҳлили нақши забони тоҷикӣ дар ташаккул, нигоҳдорӣ ва рушди ҳуввияти миллии тоҷикон, баррасии мақоми забони давлатӣ дар давраи истиқлолият ва муайян намудани мушкилоти асосии рушди он дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад.
Забон ҳамчун ҳофизаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Забонро метавон яке аз муҳимтарин шаклҳои ҳофизаи иҷтимоӣ номид. Ҳодисаҳои таърихӣ дар санадҳои расмӣ сабт мешаванд, вале қисми бузурги таҷрибаи инсонӣ дар шакли забонӣ зиндагӣ мекунад. Номҳои ҷойҳо, номҳои шахсӣ, истилоҳоти касбӣ, мақолҳо, зарбулмасалҳо, сурудҳо, ривоятҳо ва достонҳо маълумоти зиёдеро дар бораи ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва тарзи зиндагии ҷомеа нигоҳ медоранд.
Аз ин рӯ, таҳқиқи забон барои шинохти фарҳанги миллӣ аҳамияти манбаъшиносӣ низ дорад. Ҷомеае, ки мероси забонии худро меомӯзад, дар асл роҳи шинохти таърихи маънавӣ ва таҷрибаи иҷтимоии худро пайгирӣ мекунад.
Забони тоҷикӣ аз ин ҷиҳат дорои захираи хеле бой мебошад. Таърихи дарозмуддати истифодаи форсӣ дар Осиёи Марказӣ боиси ташаккули қабатҳои гуногуни луғавӣ ва услубии он гардидааст. Ҷон Р. Перри таъкид мекунад, ки забони тоҷикӣ ҳам унсурҳои архаикии фонетикӣ ва луғавиро нигоҳ доштааст ва ҳам дар муҳити иҷтимоии Осиёи Марказӣ навовариҳои грамматикӣ ва луғавӣ ба даст овардааст.
Дар ин маврид бояд байни забон ва лаҳҷа муносибати илмӣ ва мутавозин вуҷуд дошта бошад. Лаҳҷаҳо қисми табиии таърихи забон буда, дар онҳо унсурҳои зиёди фарҳанги маҳаллӣ ҳифз шудаанд. Забони адабӣ бошад, вазифаи умумимиллӣ ва расмиро иҷро мекунад. Муносибати дуруст ба ин ду сатҳи забонӣ ба рушди фарҳанги забонӣ мусоидат менамояд. Ҳадаф набояд аз байн бурдани гуногунии маҳаллӣ бошад; масъалаи муҳим ташаккули муҳити ягонаи адабӣ дар баробари эҳтиром ва ҳифзи мероси забонии маҳаллӣ мебошад.
Забони давлатӣ бояд воситаи муттаҳидсозии фазои умумии ҳуқуқӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Дар ин замина муҳим аст, ки омӯзиши забони тоҷикӣ ба баланд бардоштани сатҳи саводи умумӣ ва фарҳанги муошират пайваст гардад. Забони давлатӣ танҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ зиндагӣ намекунад; он дар гуфтори ҳаррӯза, китоб, матбуот, мактаб, донишгоҳ, театр, телевизион ва муҳити рақамӣ низ ташаккул меёбад.
Мақоми забони давлатӣ дар шароити истиқлолият аҳамияти бештар пайдо кардааст. Истифодаи он дар соҳаҳои маориф, илм, идоракунии давлатӣ, фарҳанг ва фаъолияти ҷамъиятӣ барои ташаккули фазои ягонаи забонӣ ва таҳкими ҳуввияти шаҳрвандӣ замина фароҳам меорад. Ҳамзамон, рушди забони давлатӣ бояд бо баланд бардоштани сифати истифодаи он пайваст бошад. Танҳо васеъ намудани доираи истифода кофӣ нест; риояи меъёрҳои адабӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва мутобиқ намудани забон ба талаботи илму технология низ зарур аст.
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давраи муосир ташкили захираҳои электронии забони тоҷикӣ мебошад. Корпуси миллии забони тоҷикӣ бояд матнҳои адабӣ, илмӣ, расмӣ, таълимӣ, рӯзномавӣ ва, ба қадри имкон, маводи гуфториро дар бар гирад. Чунин корпус барои таҳияи луғатҳои нав, омӯзиши грамматика, таҳлили тағйироти забонӣ, таҳияи барномаҳои тарҷума ва рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ аҳамияти бузург хоҳад дошт.
Рушди илм пайваста мафҳумҳо ва истилоҳоти нав ба вуҷуд меорад. Агар барои онҳо истилоҳоти дақиқ, фаҳмо ва мутобиқ ба сохтори забон таҳия нашавад, муҳаққиқон ва мутахассисон бештар аз шаклҳои забонҳои дигар истифода хоҳанд кард. Ин ҳолат метавонад тадриҷан фосилаи байни забони илмӣ ва забони умумиро зиёд намояд.
Аз ин рӯ, истилоҳсозӣ бояд ба фаъолияти системавии илмӣ табдил ёбад. Барои ҳар як соҳа - физика, химия, тиб, ҳуқуқ, иқтисод, технологияҳои иттилоотӣ, энергетика ва дигар самтҳо ҷалби гурӯҳҳои мутахассисон ва таҳияи истилоҳоти мувофиқ зарур аст. Истилоҳи илмӣ бояд то ҳадди имкон кӯтоҳ, дақиқ, маънодор ва барои истифодабарандаи тоҷикзабон фаҳмо бошад.
Мушкилоти дигар ба сифати муҳтавои интернетии тоҷикӣ вобаста аст. Агар муҳтавои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ба забони тоҷикӣ дар интернет кам бошад, хонанда барои гирифтани иттилоот бештар ба забонҳои дигар муроҷиат мекунад. Аз ин рӯ, истеҳсоли мақолаҳои илмӣ, китобҳои электронӣ, дарсҳои видеоӣ, энсиклопедияҳо, луғатҳо, пойгоҳҳои иттилоотӣ ва курсҳои рақамӣ ба забони тоҷикӣ бояд яке аз самтҳои муҳими рушди забон гардад.
Ҷаҳонишавӣ барои забони тоҷикӣ ҳам таҳдид ва ҳам имконият ба вуҷуд меорад. Таҳдид дар кам шудани доираи истифодаи забон дар баъзе муҳитҳои иттилоотӣ ва илмӣ, норасоии захираҳои рақамӣ ва рақобат бо забонҳое ифода меёбад, ки инфрасохтори пурқуввати технологӣ доранд.
Дар баробари ин, технологияҳои рақамӣ имкониятҳои бесобиқа барои паҳн намудани забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ фароҳам овардаанд. Осори адабии тоҷиконро метавон ба забонҳои дигар тарҷума кард, муҳаққиқони хориҷӣ метавонанд ба манбаъҳои тоҷикӣ дастрасӣ пайдо намоянд ва ҷавонони тоҷик метавонанд муҳтавои фарҳангиву илмии худро ба аудиторияи байналмилалӣ пешниҳод кунанд.
Аз ин нуқтаи назар, интернет танҳо муҳити таҳдид нест, балки фазои нави густариши забон низ мебошад. Масъалаи асосӣ дар он аст, ки ҷомеа то кадом андоза метавонад аз ин имкониятҳо самаранок истифода барад.
Забони тоҷикӣ яке аз сутунҳои асосии ҳуввияти миллии тоҷикон буда, дар тӯли садсолаҳо ҳамчун воситаи нигоҳдорӣ ва интиқоли хотираи таърихӣ, фарҳанг, дониш ва арзишҳои маънавӣ хизмат кардааст. Пойдории он дар шароити тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки забон на танҳо воситаи муошират, балки яке аз муҳимтарин ниҳодҳои фарҳангии ҷомеа мебошад.
Дар шароити истиқлолият ҳифз ва рушди забони давлатӣ бояд на танҳо ба васеъ намудани доираи истифода, балки ба баланд бардоштани сифати он низ равона гардад. Рушди забони илмӣ, истилоҳсозӣ, таҳияи захираҳои электронии забон, афзоиши муҳтавои босифати тоҷикӣ дар интернет ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ аз самтҳои муҳими ин раванд мебошанд.
Ҳифзи ҳуввияти миллӣ маънои ҷудо шудан аз ҷаҳони муосирро надорад. Баръакс, ҳуввияти устувор ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар муносибатҳои байналмилалӣ бо такя ба забон, фарҳанг ва хотираи таърихии худ фаъолона иштирок намояд. Аз ин рӯ, рушди забони тоҷикӣ бояд ҳамзамон ҳамчун ҳадафи фарҳангӣ, вазифаи илмӣ ва самти муҳими сиёсати иҷтимоӣ арзёбӣ гардад.
Забоне, ки мероси гузаштагонро нигоҳ медорад, дар ташаккули худшиносии имрӯз нақш мегузорад ва барои баёни андешаҳои насли оянда имконият фароҳам меорад, забони зиндаи ҷомеа аст. Ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ, дар ниҳоят, ҳифз ва рушди худи ҳуввияти миллии тоҷиклион мебошад.
Бунафша АХМЕДОВА,
ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng