17-уми октябри соли равон дар назди кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Бизнеси байналхалқӣ» доир гардид. Маҳфил таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Зарина Давлатшоева доир шуд.

Дар оғози маҳфил мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, доктори фалсафа (PhD) Садриддин Шарипов ҳозиринро бо рӯзномаи маҳфили илмии донишҷӯён шинос кард ва онро расман ифтитоҳ намуд.

Сипас, раиси маҳфил Зарина Давлатшоева оид ба мубрамияти мавзуи баррасишаванда ва таъсири хавфҳои геополитикӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.

Мафҳуми стратегия ҳамчун нақшаи дарозмуддат ва ҳадафманд барои расидан ба мақсадҳои муайян шарҳ дода шуд. Қайд гардид, ки стратегия ба масъалаҳои асосии муайян намудани самти ҳаракат, роҳҳои расидан ба ҳадаф ва захираҳои зарурӣ ҷавоб медиҳад. Он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, варзиш, маориф ва ҳаёти шахсӣ истифода мешавад. Стратегия аз нақшаи одӣ бо фарогирии ҳадафҳои бузург ва давраи дарозмуддати амалисозӣ фарқ мекунад.

Ҳамчунин, мафҳуми хавфҳои геополитикӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки хавфҳои мазкур метавонанд дар натиҷаи низоъҳои байналмилалӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва тағйироти сиёсӣ миёни кишварҳо ба вуҷуд омада, боиси зарари иқтисодӣ гарданд.

Донишҷӯён Гулшан Раҳимова ва Мавҷигул Саъдуллоева дар идомаи маҳфил оид ба омилҳои асосии пайдоиши хавфҳои геополитикӣ ва таъсири онҳо ба фаъолияти ширкатҳо, бонкҳо, сармоягузорон ва хонаводаҳо маъруза намуданд.

Қайд гардид, ки хусусияти хоси хавфҳои геополитикӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо асосан аз қарорҳои сиёсӣ ва амалҳои давлатҳо вобаста буда, метавонанд ногаҳон ба вуҷуд оянд ва ҳамзамон ба иқтисодиёти якчанд кишвар таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳарчанд ширкатҳо наметавонанд чунин хавфҳоро пурра идора намоянд, онҳо метавонанд тавассути банақшагирии стратегӣ ва андешидани чораҳои пешгирикунанда таъсири манфии онҳоро коҳиш диҳанд.

Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ Зарина Давлатшоева зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати маърӯзаҳои донишҷӯёнро таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ҷалби донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ба фаъолияти маҳфил бештар ба роҳ монда шавад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия