ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИТТИФОҚИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни истиқоматкунандаи хобгоҳи №2-и донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯён бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, аз ҷумла қироати шеърҳо, иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва намоиши ҳунарҳои эҷодӣ, хотири иштирокчиёнро шод намуданд. Барномаи фарҳангӣ мавзӯъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, дӯстиву рафоқат ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро фаро гирифта, маҳорати эҷодӣ ва истеъдоди донишҷӯёнро инъикос намуд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён аз таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ёдовар шуда, нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ карданд.
Чорабинии фарҳангӣ дар фазои идона ва дӯстона баргузор гардида, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, рушди истеъдодҳои эҷодии донишҷӯён ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни онҳо мусоидат намуд.
Ҷалолиддин МИРЗОЕВ,
сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng