Дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар байни ҷавонон дарси тарбиявию маърифатӣ дар мавзуи «Роҳҳои муосири пешгирии терроризм ва экстремизм ва коҳиши таъсири онҳо дар байни ҷавонон» доир гардид.

Дар дарс Фозилов Раҷабмурод Шодиевич, устоди кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ вобаста ба масъалаҳои мубрами замони муосир, аз ҷумла пешгирии терроризм ва экстремизм, нақши ҷавонон дар ҳифзи суботи ҷомеа ва зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии насли ҷавон андешаҳои худро баён намуд.

Гуфта шуд, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки ҷаҳони муосир ба шумор рафта, метавонанд ба амнияти ҷомеа, оромии шаҳрвандон, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ расонанд. Дар ин замина, пешгирии чунин зуҳурот масъулияти муштараки оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Қайд карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат бояд бо донишҳои муосир, ҷаҳонбинии солим, тафаккури интиқодӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ мусаллаҳ бошанд. Маҳз баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи ахлоқӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин истифодаи дурусти имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд дар пешгирии таъсири ақидаҳои ифротӣ нақши муҳим бозанд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия