ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОН АЗ ДОНИШГОҲИ ИҚТИСОДИИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
14-уми октябри соли равон ҳайати намояндагони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо сардории Скурихина Екатерина Викторовна, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Тарасенко Елена Фёдоровна, директори Маркази байналмилалии дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба ДДМИТ ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Мирсаидзода Саидакмал Аврор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъсиси курсҳо ва барномаҳои муштарак дар ин самт муҳокима гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба рушди барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ, инчунин сафарҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, тарафҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба раванди таълим, ва иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2014 бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург ҳамкориҳои судманди таълимӣ, илмӣ ва академиро ба роҳ мондааст.
То ба ин вақт дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба 15 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар барномаҳои мубодилаи академӣ иштирок намудаанд. Соли 2024 байни ду донишгоҳ оид ба татбиқи барномаи таълимӣ дар самти логистика созишнома ба имзо расида, дар доираи он 7 нафар донишҷӯи донишгоҳ ширкат варзиданд.
Ҳамкориҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, рушди тадқиқоти илмӣ, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва таҳкими робитаҳои байналмилалии ҳар ду донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зимни мулоқот дарҷ гардид, ки дар тули зиёда аз даҳ соли ҳамкорӣ байни ду донишгоҳ заминаи устувор ва боэътимод баҳри рушди минбаъдаи шарикӣ ҳосил шудааст. Муносибатҳои дуҷониба на танҳо аз ҷиҳати миқдор, балки аз лиҳози сифат низ рушду такомул ёфта истодаанд Ҳадаф аз ин талошу ташаббусҳо он аст, ки ҳар як созишнома ва тавофуқ бо татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ ифода ёбад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар навбати худ омода аст, ки дар татбиқи ташаббусҳои нав фаъолона иштирок намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба шароити заруриро фароҳам оварад.
Дар охир меҳмонон аз озмоишгоҳҳо, утоқҳои таълимӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳ дида намуда, бо шарту шароитҳо аз наздик шинос шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng