ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИД
Дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида истодааст, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-250103 - иқтисоди ҷаҳонӣ, гурӯҳи англисӣ Мамадюсупова Марзия Маҳмадсаидовна дар номинатсияи «Сайёҳии байналмилалӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён бо иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои хориҷӣ доир гардида, ба дарёфт ва дастгирии донишҷӯёни болаёқат, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии академӣ равона шудааст.
Ин дастоварди назаррас натиҷаи заҳмату талош, донишандӯзӣ ва омодагии касбии Марзия Маҳмадсаидовна буда, аз сатҳи баланди дониш, масъулиятшиносӣ ва саъю кӯшиши ӯ дар роҳи омӯзишу такмили ихтисос шаҳодат медиҳад. Муваффақияти ӯ барои дигар донишҷӯён намунаи ибрат ва ангезаи тоза ҷиҳати ноил гардидан ба дастовардҳои нави илмию таълимӣ мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва кулли устодону кормандони донишкада Марзия Маҳмадюсуповаро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба ӯ дар роҳи донишандӯзӣ, фаъолияти илмӣ ва касбӣ комёбиҳои нав, дастовардҳои назаррас ва фатҳи қуллаҳои баланди муваффақиятро таманно менамоянд.
Тоҷ
Рус
Eng