МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, 15 октябри соли равон дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм ва экстремизм» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултет Наврӯз Умарзода, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, профессор Ҷамрод Бобозода, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявӣ Соҳибназар Файзалиев ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур ибрози назар карданд.
Нахуст, декани факултет Наврӯз Умарзода оид ба аҳаммияти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти ҷомеа суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба омӯзиши пайвастаи донишҳои муосир, риояи талаботи қонунгузорӣ ва эҳтирому ҳифзи арзишҳои миллӣ даъват кард.
Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, профессор Ҷамрод Бобозода дар бораи оқибатҳои ҳуқуқии терроризм ва экстремизм, зарурати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулияти шаҳрвандон дар пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб андешаронӣ намуд. Ҳамзамон, ӯ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Дар идомаи чорабинӣ эдвайзер оид ба корҳои тарбиявӣ Соҳибназар Файзалиев масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳушёрӣ нисбат ба таъсири ақидаву равияҳои ифротиро мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда донишҷӯёнро ба риояи интизоми донишгоҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ даъват намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки пешгирии терроризм ва экстремизм, ҳифзи сулҳу субот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавони ватандӯсту худогоҳ аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор мераванд. Ҳамчунин, зарурати зиракии сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва истифодаи оқилонаи фазои иттилоотӣ ҳамчун омилҳои муҳими пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ таъкид карда шуд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng