ХУДДОРИИ ҶАВОНОН АЗ ФИРЕБИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ
Дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо иштироки сардорони курсҳои якум, дуюм ва сеюм ҷаласаи сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Худдории ҷавонон аз фиреби гурӯҳҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ» доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон, истифодаи оқилона ва бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин пешгирии таъсири манфии гурӯҳҳои ифротӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Декани факултет София Темурбекова иброз намуд, ки ҷавонон бояд ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ зиракии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро нишон дода, ба ҳар гуна иттилооти шубҳанок ва даъватҳои гурӯҳҳои ифротӣ бовар накунанд. Ҳамзамон, зарурати риояи фарҳанги истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва интернет таъкид гардид.
Эдвайзер оид ба тарбия Азизулло Абдуғанизода оид ба роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки ҳар як ҷавон бояд манбаъҳои боэътимоди иттилоотиро интихоб карда, пеш аз қабул ё паҳн намудани маълумот дурустӣ ва эътимоднокии онро санҷад.
Дар ҷараёни ҷаласа сардори ҷавонони факултет Беҳрӯз Насридинов, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 1-4001020201 оид ба нақши ҷавонони фаъол дар пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ андешаронӣ намуд. Номбурда афзуд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз таъсири иттилооти бардурӯғу даъватҳои ифротӣ худро ҳифз намуда, дар байни ҳамсолони худ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба сардорони курсҳо тавсия дода шуд, ки корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро дар байни донишҷӯён мунтазам ба роҳ монда, онҳоро ба истифодаи оқилона, масъулиятнок ва бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ ҳидоят намоянд.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иттилоотии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ аз омилҳои муҳими пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ ва таъмини амнияти ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng