12-уми октябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибзода ва мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Субҳоналӣ Мирзоев ҳамоиши устодону донишҷӯён дар мавзуи «Коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдид ба ҷомеаи муосир ва роҳҳои пешгирии он» доир гардид.

Нахуст, эдвайзер оид ба тарбия Самариддини Шоҳназар суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии баргузории чунин вохӯриҳо пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, бахусус дар байни ҷавонону донишҷӯён ва бартараф намудани омилҳои ба пайдоишу густариши онҳо мусоидаткунанда мебошад.

Сипас, сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибзода оид ба истифодаи мақсаднок ва дурусти телефонҳои мобилӣ ва интернет, огоҳӣ аз хатарҳои муосир ва дурӣ ҷустан аз шабакаҳои интернетии дорои хусусияти экстремистию террористӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, сардори раёсат масъалаҳои муҳими пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, мубориза бо нашъамандӣ ва истеъмоли маводи мухаддир, пешгирии зӯроварӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, риояи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои судманд баён кард.

Дар идома, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Субҳоналӣ Мирзоев таъкид намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои решакан намудани амалҳои коррупсионӣ муборизаи дастҷамъона мебарад. Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани коррупсия дар кишвар тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҷомеа ҳарчи бештар дарк менамояд, ки амалҳои коррупсионӣ ба рушди устувор ва пешрафти кишвар монеа эҷод мекунанд.

Зикр гардид, ки экстремизм ва терроризм низ ба амнияту суботи ҳар як ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок ҳар як шахс, бахусус ҷавонон, бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд. Дар ин самт ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа аз оилаву муассисаҳои таълимӣ то ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим дорад. Танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавӣ метавон ҷомеаи амну пешрафтаро бунёд кард.

Ҳамзамон, дар дигар утоқҳои таълимӣ низ устодон бо донишҷӯён оид ба масъалаҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм суҳбату машваратҳо баргузор намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки устодону донишҷӯёни ДДМИТ дар ин самт бетараф набуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ тадбирҳои муҳим ва заруриро амалӣ менамоянд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА