НАҚШ ВА МОҲИЯТИ ТАРИФИ ГУМРУКӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
12-уми октябри соли равон дар толори конфронсии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Дурахши илм” дар мавзуи «Тарифи гумрукӣ - нақш ва моҳияти он дар рушди иқтисодиёти миллӣ» доир гардид.
Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода иброз дошт, ки мавзуи навбатии маҳфили мазкур дар заминаи баланд бардоштани маърифати илмӣ ва касбии донишҷӯён, густариши ҷаҳонбинии иқтисодӣ ва таҳкими донишҳои назариявию амалии онҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аҳаммияти махсус дошта, барои таҳқиқи масъалаҳои мубрами рушди иқтисодиёти миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Қутбиддин Муқимзода дар идома зикр намуд, ки бо мақсади тақвияти фаъолияти илмӣ ва густариши корҳои таҳқиқотии донишҷӯён низомномаи маҳфили илмии донишҷӯёни донишгоҳ таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба шурои олимони донишгоҳ пешниҳод карда мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки рамзи ин маҳфил низ таҳия карда шавад.
Сипас, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Мастура Буризода оид ба аҳаммияти мавзуи маҳфил суханронӣ карда, иброз намуд, ки тарифи гумрукӣ яке аз воситаҳои муҳими танзими савдои хориҷӣ ва механизмҳои таъсиррасон ба рушди иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Омӯзиши ин мавзуъ барои баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтахассус дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар идомаи маҳфил маърузаи донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-960101 - фаъолияти гумрукӣ Сиёвуш Раҷабов шунида шуд.
Маърузачӣ зимни баромади худ иброз дошт, ки сиёсати гумрукӣ дар шароити муосир ҷузъи муҳими сиёсати иқтисодии давлат ва механизми таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташаккули низоми мустақили гумрукӣ ба миён омад. Дар баробари таҳкими истиқлоли давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ, низоми гумрукии кишвар низ рушд карда, заминаҳои моддию техникӣ ва ҳуқуқии он такмил ёфтанд. Сиёсати гумрукӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати иқтисодии хориҷии давлат барои рушди муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои дигар замина фароҳам меорад.
Номбурда ба нақши низоми гумрукӣ дар таъмини даромади буҷети давлатӣ, дастгирии соҳибкорон ва фароҳам овардани имтиёзҳои гумрукӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, афзуд низоми гумрукӣ дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳаммияти махсус дошта, ҳамчун яке аз дарвозаҳои асосии иқтисодии кишвар хизмат мекунад.
Сипас, Сиёвуш Раҷабов ба шарҳи мафҳум, моҳият ва вазифаҳои асосии тарифҳои гумрукӣ пардохта, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ тарифҳо яке аз воситаҳои муҳими танзими иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Тарифҳои гумрукӣ ба арзиши молҳои воридотию содиротӣ, рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, ташаккули нархҳо ва ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ таъсир мерасонанд.
Дар бахши муҳокима ва саволу ҷавоб донишҷӯён доир ба масъалаҳои пардохтҳои гумрукӣ ва нақши онҳо дар таъмини амнияти иқтисодӣ, намудҳои боҷҳои гумрукӣ, имтиёзҳои гумрукӣ, танзими савдои хориҷӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар қисмати музокира мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ Хуршед Давлатов ва муаллими калони кафедраи бехатарии иқтисодӣ Хуршед Чиллаев баромад карда, оид ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро баён намуданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng